Зеҳн

Оё Қуръон сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нест? Агар не, инро чӣ гуна мешавад исбот кард?

ЗЕ
Зеҳн15 октябри 2026 · 20 дақиқа хондан

Дар робита ба ин мавзӯъ он қадар зиёд гуфта ва навиштаанд, ки ҷойи шубҳа намондааст. Дар ин фурсати кӯтоҳ якчанд нуктаи муҳимро ёдрас мекунам.

Даъвои он ки Қуръони Каримро Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва ё нафари дигар эҷод кардааст, мавзӯест, ки аз сӯйи баъзе мулҳидони ҳарзагӯ ва баъзе мусташриқони «қуръондон» зуд-зуд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ин васила кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки зеҳни одамони ноогоҳ тиратар гардад. Ба гумони банда, мушрикони дирӯзу имрӯз дар ин бора андеша накарда, аз рӯйи ғараз сухан мегуфтанд ва мегӯянд. Зеро ҳар касе Қуръонро каме аз рӯйи инсоф таҳқиқ кунад, итминон ҳосил мекунад, ки он ба ҳадде муалло аст, ки эҷоди башар буда наметавонад.

Ҳоло бошад таҳлили амиқи ин мавзӯи ҷиддиро ба осори олимони саршинос ҳавола карда, танҳо чанд нуктаро баррасӣ мекунам:

  1. Услуби Қуръон аз услуби ҳадис он қадар фарқ дорад, ки арабҳо тарзи суханронии Паёмбарро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба гуфтугӯ ва муҳовараҳои худ монанд мекарданд, вале дар муқобили услуби Қуръон ба ҳайрат омада, лол мемонданд.

  2. Вақте ҳадисҳоро мехонем, пеши назари мо симои шахсе намудор мешавад, ки андеша карда, сухан мегӯяд ва аз Худо тарс дорад. Ҳол он ки дар шеваи Қуръон шуҷоат, ифодаи бовиқор ва як лаҳни тавоноӣ эҳсос мешавад. Ғайри қобили дарку имкон аст, ки гуфтори як нафар аз ду услуби куллан дигаргун иборат бошад.

  3. Оё як шахси уммӣ (ҷону дил фидои он уммӣ!), ки мактабу мадраса нахондааст, чӣ гуна метавонад як барномаи беиллати фардӣ, оилавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро тартиб диҳад? Дар ҳоле ки ин барнома тӯли асрҳо аз ҷониби чандин қавм ва миллатҳои дӯсту душман амалӣ мегардад ва то кунун покии худро нигоҳ доштааст.

  4. Қуръон масоили ҳастиву ҳаёт ва вобаста ба он мавзӯъҳои ибодат, ҳуқуқ, иқтисод ва ғайраро он қадар баҷо ва аз рӯйи таносуб баррасӣ намудааст, ки онҳое, ки инро нодида мегиранд ва Қуръонро ба инсон нисбат медиҳанд, мубаллиғи онро башар намеҳисобанд. Зеро иҷрои ҳар яке аз масъалаҳои боло вақти зиёдро талаб дорад ва ҳатто доҳиёни бузург наметавонанд аз уҳдаи ҳалли чунин масъалаҳои вазнин бароянд. Китоберо бо ин маънии баланд, ки чандин мутафаккир аз эҷоди ҳатто як матлаби он оҷизанд, ба уммии мактабу мадраса нохонда мансуб донистан фарзияи беасосе беш нест.

5. Қуръон муъҷиза аст. Бо далели он ки Қуръон аз ҳодисоти гузаштаву оянда хабар медиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад каломи башар бошад. Имрӯз тавассути кашфиёти нав ба нав тарзи зиндагонии мардумони қадим, оқибати неку бади онҳо, ки рӯшан мегардад, бо фармудаҳои чаҳордаҳасраи Қуръони Карим ҳарф ба ҳарф мутобиқат дорад. Инак, паёмбарон Солеҳ, Лут, Мӯсо ва дигарон! Инак, қавмҳои онон ва инак, макони сукунати онҳо, ки ҳар яке дарси ибратанд!

Ҳар қадар хабарҳои Қуръон доир ба замони гузашта қотеъона ва воқеӣ бошанд, ҳамон андоза хабарҳои он доир ба оянда муҳим ва худ муъҷизаанд. Масалан, воқеаи фатҳи Макка ва ба он ҷо бехавф даромадани мусулмононро чандин сол пеш аз вуқӯъ ин оят хабар дода буд: «Агар Худо бихоҳад, албатта, эмин шуда ва мӯи сари худро тарошида ва кӯтоҳ карда, биме надошта, ба Масҷид-ул-ҳаром дохил хоҳед шуд. Ӯ он чиро донист, ки шумо намедонистед ва пеш аз ин фатҳи наздикеро муяссар кардааст» (Сураи Фатҳ, 48/27).

Ва ҳамчунин Қуръон дақиқан хабар медиҳад, ки ислом бар ҳамаи таълимоти ботил пирӯз хоҳад шуд: «Ӯ он [Худой] аст, ки пайғамбари Худро ба ҳидоят ва дини рост фиристод, то онро бар ҳамаи динҳо ғолиб кунад. Ва Худо [ҳамчун] Гувоҳ бас аст» (Сураи Фатҳ, 48/28).

Ҳамчунин Қуръон мағлубияти давлати Сосониёнро хабар дода буд, агарчи он рӯзҳо сосониҳо бар румиён зафар ёфта буданд ва дар айни замон хушнудии мусулмононро аз пирӯзӣ дар ҷанги Бадр бо ояти зерин мужда расонида буд: «Румиён мағлуб шуданд. Дар наздиктарин замин. Ва онҳо баъд аз мағлуб шудан боз ғолиб хоҳанд омад. Дар чанд сол. Фармон пеш аз ин Худойрост; ва он рӯз муъминон шодмон мешаванд» (Сураи Рум, 30/2-4). Ва чун вақти он фаро расид, тавре шуд, ки Қуръон хабар дода буд.

Ҳамин тавр, дар ҳоле ки аз амаки худи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) сар карда, то халқу давлатҳои гуногун ба Ӯ душманӣ мекарданд, ояти дигар дар бораи амнияти ҳаёти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нақл мекард: «Эй Паёмбар, он чиро аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, пайғоми Худоро нарасонида бошӣ. Худо туро аз мардум ҳифз мекунад. Ба дурустӣ, ки Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад» (Сураи Моида, 5/67). Ва ҳамин тавр воқеъ шуд.

Қуръон бо лаҳни муъҷизабори худ баён намуда буд, ки инкишофи улуми мухталиф «офоқ» ва «анфус», яъне тасаввурот дар бораи моҳияти инсон ва маконро шарҳ хоҳад дод ва кашфиёту таҳқиқоти илмӣ инсонро ба имон овардан водор хоҳад кард: «...оёти қудрати Худоро дар офоқ ва дар вуҷуди худашон ба онҳо нишон хоҳем дод, то барояшон ошкор шавад, ки Ӯ ҳақ аст. Оё он бас нест, ки Парвардигори ту бар ҳар чиз Гувоҳ аст?» (Сураи Фуссилат, 41/53). Воқеан мо имрӯз босуръат ба айни ҳамин роҳ равонем.

Худованд бо манзури душманони Қуръон мефармояд: «Бигӯ: Агар одамиёну ҷинниён бар он ҷамъ шаванд, ки монанди ин Қуръон биёранд, ҳаргиз монанди он наоранд — агарчи баъзеашон баъзеро мададдиҳанда бошанд» (Сураи Исро, 17/88). Воқеан аз замони нозил шудани Қуръон то ҳол ба истиснои чанд саргардонии беҳуда, касе ташаббус накардааст ва карда ҳам наметавонад, ки ба мисли ин китоб чизе биёрад ва ин худ далели дурустии хабарҳои Қуръон аст ва муъҷиза будани онро нишон медиҳад.

Дар солҳои аввали нузули Қуръони Карим мусулмонон камшумор ва заифу камиқтидор буданд ва доир ба оянда фикре надоштанд. Онҳо намедонистанд, ки ин дин манбаи нерӯе аст, ки ба давлат ва ҳокимиятҳои дунё таъсир мерасонад ва ба ҳама таълимоти мавҷуда пирӯз мешавад. Ояти карима ба онҳо ин ҳадафҳои олиро нишон дод ва муждаи ҳукмрони дунё шуданро расонид: «Худо ба онҳое, ки имон оварданд ва амалҳои шоиста карданд, ваъда додааст, ки албатта, онҳоро дар замин ҷонишин созад, чунон ки касонеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишин сохта буд; ва албатта, динашонро, ки барояшон писандида аст, барои онҳо устувор кунад; ва албатта, баъд аз тарсашон эминиро барои онҳо бадал кунад» (Сураи Нур, 24/55).

Ҳамин тавр оятҳои зиёде дар робита ба ҳаёти мусулмонон ва ояндаи онҳо, ғалабаву мағлубият ва рушду ақибмонияшон мавҷуд аст, ки ин ҷо имкони зикри ҳамаи онро надорем.

Бахши аъзами оятҳои Қуръон, ки дар хусуси оянда хабар медиҳанд, ба дастовардҳои улуми мухталиф ишорат кардаанд. Баёноти кӯтоҳу муъҷази Қуръон дар мавриди дастовардҳои илмӣ ба ҳадде олӣ ва дастнорас аст, ки онҳоро нодида гирифтан ва ё каломи башар донистан ғайри қобили имкон аст.

Чун дар мавриди садҳо оёте, ки бо сароҳату бо аломат ба муъҷизот ишорат мекунанд, асарҳои зиёде навишта шудаанд, тафсилоти масъаларо ба он асарҳо ҳавола карда, ишорат ва далолати чанде аз оятҳоро ба сифати мисол мавриди баррасӣ қарор медиҳам:

Дар мавриди офариниши коинот

Ҳақиқати бузург доир ба офариниши олам дар ин оят зикр гардидааст: «Оё кофирон надиданд, ки осмонҳову замин баста буданд, пас, онҳоро во кардем; ва ҳар чизи зиндаро аз об пайдо кардем? Оё имон намеоранд?» (Сураи Анбиё, 21/30). Ин қонуни устувортарин дар мавриди нахустин офариниш аст, ҳарчанд ҷузъиёти ин мавзӯъ ба таври гуногун мутолиа мешавад. Бо вуҷуди он ки дар оят сухан дар бораи ба вуҷуд омадани ҷисмҳои осмонӣ аз анбӯҳи газҳо меравад ё тақсимшавию шаклгирии системаи офтоб ва ё парешоншавии абрҳо, натиҷа тағйир намеёбад. Мавзӯи оят ва услуби он манбаи таҳқиқотҳои илмӣ гаштааст. Дар қиёс бо тамоми назарияҳо ва фарзияҳое, ки куҳна шудаанд, ояти мазкур аҳамияташро гум накарда, то ба имрӯз расидааст ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.

Дар мавриди илми нуҷум

Дар Қуръони Карим оятҳое, ки асоси илми нуҷумро ташкил медиҳанд, ба ҳадде зиёданд, ки ҷамъоварӣ ва таҳлили ҳамаи онҳо чандин ҷилд китоб мешавад. Мо бо ишораи чанде аз онҳо иктифо мекунем: «Худо Ҳамон аст, ки осмонҳоро аз ғайри сутунҳое, ки онро бинед, бардошт; баъд аз он бар Арш мустақар шуд ва офтобу моҳро ром кард; ҳар яке ба муҳлати муайян сайр мекунанд» (Сураи Раъд, 13/2).

Ояти мазкур на танҳо дар бораи барафрохта шудани осмонҳо, густариш ва бузургшавии онҳо нақл мекунад, балки аз мавҷудияти низому ҳамоҳангӣ (бе ҳеҷ сутуни намоён) ҳам ёдовар мешавад. Воқеан мо ҳеҷ гуна такягоҳе намебинем, ки гунбади осмонро пойбарҷо нигоҳ дорад ва афтидан нагузорад, аммо ба ҳар сурат «сутун»-е ҳаст. Зеро қонуну қоида ё усуле (хоҳ чашмрас бошад, хоҳ ниҳон) зарур аст, ки ба сифати такягоҳ низоми мавҷударо аз вайроншавӣ ва бархӯрд боздорад.

Ҳамин тавр Қуръон моро ба андеша кардан дар мавриди вуҷуд доштани қонуни нерӯҳои марказҷӯ ва марказгурез миёни маданиятҳо водор мекунад, ки ба қонуни ҷозибаи Нютон ва назарияи Эйнштейн вобастагӣ надорад.

Бахусус, мулоҳизаи Қуръон дар мавриди сайри Офтобу Моҳ хеле ҷолиб аст ва месазад, ки онро амиқтар баррасӣ кунем. Оят аз сураи «Раҳмон»:

«Офтобу моҳ ба ҳисобе муқаррар дар ҳаракатанд» (Сураи Раҳмон, 55/5), оят аз сураи «Анбиё»: «Ӯст касе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид» (Сураи Анбиё, 21/33) ва оятҳо аз сураи «Ёсин»: «Ва офтоб ба сӯи қароргоҳи худ равон аст...», «...ва ҳама бар фалаке шиноваранд» (Сураи Ёсин, 36/38—40) — ба таври возеҳ баён мекунанд, ки Офтобу Моҳ ва сайёраҳои дигар бар асоси як низом офарида шудаанд, дар ҳамоҳангӣ ҳаракат доранд ва тобеи як ҳақиқати муайяни риёзӣ мебошанд.

Оят аз сураи «Зумар»: «...шабро ба рӯз мепечонад ва рӯзро ба шаб мепечонад...» шарҳ медиҳад, ки шаб ва рӯз ҳамдигарро таъқиб мекунанд ва торикиву рӯшноӣ атрофи кураи Заминро печонидаанд, мисле ки салла сарро мепечонад. Ояти дигар аз сураи «Нозиъот»: «Ва баъд аз он заминро ҳамвор кард» ба авҷи рисолати паёмбарӣ ишорат мекунад.

«Ва осмонро ба нерӯ барафрохтем ва ҳаққо, ки мо тавоноем» (Сураи Зориёт, 51/47). Муҳим нест, ки манзур аз «барафрохтан» тавсеаёбӣ аст, тавре Эйнштейн мефаҳмид ё назарияи Эдвин Ҳаббл — дуршавии анбӯҳи ситораҳо аз галактикае, ки системаи офтобиро дар бар мегирад. Муҳим он аст, ки Қуръон пештар аз илм моҳияти масъаларо нишон додааст ва аз зирва роҳи олимонро рӯшан кардааст.

Дар мавриди метеорология

Дар Қуръони Карим ҷо-ҷо мавзӯи селу бодҳо, абрҳои ғализу тира, барқнокшавии ҳаво, ба амал омадани раъду барқ, гоҳе ба хотири ёдоварии неъматҳои илоҳӣ, гоҳе ба хотири ҳушдор додан зикр ёфтааст. Масалан: «Оё надидаӣ, ки Худо абрҳоеро ба оҳистагӣ меронад, он гоҳ онҳоро ба ҳам мепайвандад ва абре анбӯҳ падид меоварад ва боронро бинӣ, ки аз ҳилоли он берун меояд. Ва аз осмон, аз он кӯҳҳо, ки дар он ҷост, жола мефиристад ва ҳар киро хоҳад, ба он мезанад ва аз ҳар кӣ мехоҳад, бозаш медорад...» (Сураи Нур, 24/43). Қуръон мисли ҳамеша бо тасвири саҳнаи боришоти борон таваҷҷуҳро ба сӯйи он дасти қудрат ҷалб мекунад, ки дар пасманзари ҳамаи ин ҳодисоти ҳайратовар меистад, дасти қудрате, ки осмонро тавассути абру борону раъду барқ ба валвала меандозад. Оят даъват ба амал меоварад, ки инсонҳо ҳастии он қудратро ҳамеша дар ёд доранд. Ҳамзамон Қуръон ба вуҷуд омадани борону жоларо он қадар олӣ шарҳ медиҳад, ки ҳар кас аз тартиби ба амал омадани асли ҳодиса огоҳ шуда, ба ҳайрат меояд, зеро шарҳи Қуръон ба тарзи фаҳмиши имрӯза мухолифат надорад. Қуръон бо маънидод кардани ҷузъиёте чун ҷазби ду зарраи зарядноки ба ҳам муқобил, ҳамдигарро тела додани ду зарраи зарядноки ҳамҷинс, абрҳои зарядноки якхеларо ба ҳам задани бод, раванди электризатсия, ки дар натиҷаи аз замин бархостани анбӯҳи қувваи мусбат ва пайвастани онҳо бо зарядҳои барқии фазо ба вуҷуд меояд, кор намегирад. Қуръон асли воқеа, паҳлӯи муҳими ҳодисаро тафсир намуда, эзоҳи ҷузъиёти масъаларо ба уҳдаи инсонҳо мегузорад.

Ояте аз сураи «Ҳиҷр» дигар паҳлӯи мавзӯъро баррасӣ мекунад: «Ва бодҳои бордоркунанда (-и абр)-ро фиристодем ва аз осмон обе фуруд овардем, пас шуморо аз он об нӯшонидем; ва шумо ҷамъкунандаи он нестед» (Сураи Ҳиҷр, 15/22). Ин оят диққати моро ба нақши бод дар гардолуд кардани растаниҳо ва ташаккули абрҳо ҷалб менамояд. Ҳол он ки дар замони нозилшавии Қуръон одамон на аз ҳодисаи бордоршавии растаниву абрҳо хабар доштанд, на аз иҷрои ин вазифаи муҳим аз сӯйи борон.

Дар мавриди илми физика

Модда ҳамчун унсури аслии ҳастӣ ва шаклҳои мавҷудияти он аз мавзӯъҳоест, ки дар Қуръон шарҳ ёфтааст. Масалан, ин оят аз сураи «Зориёт»: «Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридем, бошад, ки ибрат гиред» (Сураи Зориёт, 51/49) тавзеҳ медиҳад, ки ҳама чиз ҷуфт офарида шудааст. Қуръон ба нуктае ишорат кардааст, ки қонуни муҳими оламшумул мебошад.

Сураи «Шуаро» бо ояти «Оё заминро наменигаранд, ки чӣ қадар дар он аз ҳар навъи некӯ рӯёнидем?» (Сураи Шуаро, 26/7) моро водор мекунад, ки ба садҳо ҳазор ҷуфте, ки ҳамасола дар пеши назари мо ҳашру нашр мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир намоем ва неъматҳои Худоро ба ёд оварем. Ояти дигар аз сураи «Ёсин» бо тарзи ифодаи ҷолибтар ва ҷомеътар хабар медиҳад, ки дар баробари ҷуфтҳои ба мо маълум ҳамчунин ҷуфтҳое ҳастанд, ки мо дар мавриди онҳо маълумоте надорем: «Пок аст Худое, ки тамоми ҷуфтҳоро офарид: аз он чи замин мерӯёнад ва аз нафсҳояшон ва аз он чи намедонанд» (Сураи Ёсин, 36/36).

Худованд бо номбар кардани неъматҳои Худ моро ба фикр кардан водор мекунад, ки наботот ҳам мисли марду зан ҷуфти худро доранд ва ҳамчунин атомҳо аз ҷуфти электрону ядро иборатанд. Ӯ таваҷҷуҳи моро ба зиддияти модда ва антимодда ҷалб карда, огоҳ мекунад, ки тамоми мавҷудот; ҷондору беҷон, бузургу кӯчак, заминиву осмонӣ, дорои хусусияти гуногун, ба ҷуз худи Ӯ, ҳама ҷуфт ҳастанд.

Ба ҷуз оятҳои дар боло зикршуда ҳамчунин фармудаҳои зиёди илоҳӣ ҳастанд, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ муъҷизаанд ва ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки Қуръон каломи Худо ва Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фиристодаи Ӯст.

Аслан бисёри масъалаҳо аз пайдоиши ҳаёт дар рӯйи Замин сар карда, то бордоршавӣ ва афзоиши растаниҳо, аз пайдоиши тӯдаи ҳайвонот то қонунҳои асрорангези ҳаёту афзоиши онҳо, аз дунёи пурасрори занбӯри асал ва мӯрча то кайфияти парвози парандаҳо, аз раванди ҳосилшавии шири ҳайвон то марҳилаҳои рушди ҷанин дар батни модар дар Қуръон ба он андоза муъҷаз ва ҳакимона баррасӣ шудаанд, ки одамони ҳар давру замон ба ин масъалаҳо мутаваҷҷеҳ шуда, онҳоро доиман тоза, ҷавон ва мувофиқ ба нишондодҳои ниҳоии илм дарёфтаанд.

Акнун эҷоди китоберо, ки фармудаҳои он бо натиҷаи таҳқиқоти чандинасраи ҳазорон олимон мувофиқат мекунад ва хулосаи дастовардҳои илмиро бо услуби ҳакимона тавзеҳ медиҳад, на танҳо ба шахсияте, ки чордаҳ аср пеш зистааст, нисбат додан мумкин нест, балки садҳо олимони муосир, ҳазорҳо нобиғагони соҳа наметавонанд ба эҷоди чунин асар муваффақ гарданд. Бахусус, агар ин китоб мисли Қуръон муҳтавои ғанӣ, ифодаи хуш, услуби олӣ ва шеваи илоҳӣ дошта бошад.

Ҳоло бошад дубора ба мухотаби худ рӯй оварда, мепурсем: Дар замони ҷоҳилият, ки на мактаб вуҷуд дошт ва на китобу мадраса, шахси уммие раванди пайдоиши ширро дар тани ҷондор аз кӣ омӯхт?

Хосияти бордоркунандагӣ ва аҳамият доштани бод барои растаниву абрҳо ва ҷараёни ба миён омадани борону жоларо чӣ гуна донист? Кӣ ба ӯ таълим дод, ки кураи Замин тухмшакл аст? Дар кадом расадхона ва бо кадом телескопи азим муайян кард, ки коинот тавсеа меёбад? Дар кадом озмоишгоҳ қабатҳои атмосфераро муайян кард ва донист, ки дар вақти боло баромадан теъдоди оксиген дар таркиби ҳаво коҳиш меёбад? Аз тариқи кадом дастгоҳи рентгенӣ марҳилаҳои ташаккули ҷанинро дар батни модар ташхис кард? Баъдан чӣ гуна тавонист ҳамаи ин маълумотро бо услуби мутахассисе, ки аз ҷузъиёти тамоми масъалаҳо бохабар аст, бо ифодаи бетардиду бефутур ва бо эътимоди том ба мусоҳибон таълим диҳад?

Қуръони Карим бо шарҳ додани вазоиф, масъулият ва салоҳияти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ӯ на танҳо роҳ нишон медиҳад, балки ҷо-ҷо ӯро ба таври муносиб сарзанишу маломат мекунад. Масалан, боре Худованд ӯро барои иҷозат додани мунофиқон дар вақте ки набояд иҷозат медод, накӯҳиш карда, мефармояд: «Худо туро авф кунад, чаро рухсат додӣ? (Манъи рухсат) то он (вақт буд), ки ростгӯён ҳувайдо шаванд ва дурӯғгӯёнро бидонӣ» (Сураи Тавба, 9/43). Ва низ Худованд ӯро барои ҳукме, ки дар ҳаққи асирони Бадр татбиқ карда буд, ба ин маънӣ сарзаниш намуд: «Пайғамбарро сазовор нест, ки ба дасти вай асирон бошанд, то он ки дар замин куштори бисёр ба вуҷуд орад. Шумо моли дунёро мехоҳед ва Худо (хайри) охиратро мехоҳад. Ва Худо Ғолиби Боҳикмат аст» (Сураи Анфол, 8/67); «Агар ҳукми Худо пешгирифта намебуд, ба шумо — дар он чи гирифтед — азоби бузург мерасид» (Сураи Анфол, 8/68). Як дафъа Худованд ӯро барои «Ман ин корро пагоҳ иҷро мекунам» гуфтан танбеҳ дод, зеро ӯ инро ба хости Худо ҳавола нокарда буд: «Магар он ки (гӯӣ): «Худо хоҳад». Ва вақте ки фаромӯш кунӣ, Парвардигори худро ёд кун ва бигӯ: «Умед аст, ки Парвардигорам маро ба роҳи рости наздиктар аз ин ҳидоят кунад» (Сураи Каҳф, 18/24). Дар ҷойи дигар Худованд бо шеваи итобкунанда ба ӯ хабар медиҳад, ки танҳо аз Худо бояд тарс дошта бошад: «... ва аз мардум метарсидӣ ва Худо ба он, ки битарсӣ, Сазовортар аст» (Сураи Аҳзоб, 33/37). Боре дар баробари рафтори занонаш дар мавриди кадом як масъала Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) савганд ёд кард, ки дигар оби асал нахоҳад хӯрд ва ба хотири ин сахт танбеҳ шунид: «Эй Пайғамбар, чаро он чизеро ҳаром мекунӣ, ки Худо барои ту ҳалол гардонидааст, (ва бо ин кор) хушнудии занони худро металабӣ? Ва Худо Омурзгори Меҳрубон аст» (Сураи Таҳрим, 66/1).

Ҳамчунин дар чанде аз оятҳои дигар, аз як тараф вазифа, масъулият ва салоҳияти Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) муайян гардидаанд, аз тарафи дигар дар ҳолати каме бошад ҳам риоя нагардидани меъёрҳои муайяншуда, дар вақти аз доираи масъулияту салоҳият каме берун шудан, ӯ итобу танбеҳ шунидааст ва гоҳе сахт огоҳонида шудааст.

Акнун оё мумкин аст, ки як нафар китобе таълиф кунад ва дар китоб ҷо-ҷо оятҳое гузорад, ки худашро танбеҳу сарзаниш ва огоҳ мекарда бошад? Ҳошо!.. Он китоб — китоби Худо ва он Зоти шариф — мубаллиғи бошарафи Худованд аст.

Қуръони Карим дар балоғат ҳам муъҷиза аст ва ҳеҷ китобе дар суханварӣ ба он монанду баробар нест. Аз ин рӯ он эҷоди башар буда наметавонад.

Дар замоне ки Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо рисолати паёмбарӣ муваззаф гардид, шоирон, устодони сухан ва адибони зиёде вуҷуд доштанд, ки қавмҳоро бо сухан тасхир карда буданд ва қисми зиёди онҳо мухолифи Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буданд. Онҳо чанд муддат бо ҳам созиш карданд, ки чӣ гуна коре анҷом диҳанд, то Қуръонро ба қолабе андозанд, ба чизе монанд кунанд ва коре карда, илоҷи мушкилро ёбанд. Ҳатто баъзан онҳо бо олимони насрониву яҳудӣ вохӯриҳо анҷом дода, дар ин мавзӯъ машварат мекарданд. Онҳо омода буданд, ки барои хомӯш кардани сарчашмаи Қуръон аз баҳри ҳама чиз гузаранд. Бо вуҷуди ҳама монеаҳо ва садгузориҳои аз ақл берун Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо устуворӣ роҳашро давом дод. Ӯ дар муқобили куфру инкор ва сарпечиҳо танҳо мувофиқи фармудаҳои Қуръон амал мекард ва бо вуҷуди афзунии сафи душманон дар муборизаҳо зафар меёфт.

Воқеан он рӯзҳо вақте уламои яҳудиву насронӣ ҳамроҳи суханварони варзида ба ҳам омада, ба атроф валвала меандохтанд, Қуръон бо тарзи ифодаи олӣ, лаҳни сеҳрнок ва услуби мафтункунандаи худ ба дили мухотабонаш роҳ ёфта, бо садояш аршу фаршро тасхир намуд. Қуръон мисли муборизе рақибони худро тарс медод ва ба майдони мубориза мехонд. Оятҳои зиёде ҳамин маъноро ифода мекунанд: «Ва агар аз он чи бар бандаи Худ фуруд овардем, дар шубҳа ҳастед ва агар ростгӯ ҳастед, пас, сурае монанди он биёред ва ба ҷуз Худо мададгорони худро бихонед!» (Сураи Бақара, 2/23); «Бигӯ: «Агар одамиёну ҷинниён бар он ҷамъ шаванд, ки монанди ин Қуръон биёранд, ҳаргиз монанди он наоранд — агарчи баъзеашон баъзеро мададдиҳанда бошанд» (Сураи Исро, 17/88); «Оё мегӯянд: «Қуръонро барбастааст?» Бигӯ: «Агар ростгӯ ҳастед, пас, даҳ сураи барбофта монанди инро биёред ва ба ҷуз Худо ҳар киро тавонед, бихонед!» (Сураи Ҳуд, 11/13). Аммо ба истиснои чанд беҳудагӯ, ба майдонталабии Қуръон ҷавоб надодани касе худ далели он аст, ки он эҷоди башарӣ нест. Зеро таърих гувоҳ аст, ки душманони Қуръон дар ҳоле ки ба Қуръон ва мубаллиғи он тамоми бадиҳоро раво медиданд, боре кӯшиш накардаанд, ки асаре монанди Қуръон эҷод кунанд. Агар ба ин тавон медоштанд, бо ин роҳ Қуръонро хомӯш мекарданд ва ба роҳи хатарноки ҳарб майл намекарданд.

Дар воқеъ, он ки устодони сухан арзишмандтарин дороии худ; шарафу ҳайсият ва ҳатто ирзу номусашонро ба таҳлука андохта, роҳи муҳорибаро пеш гирифтанд, рӯшан нишон медиҳад, ки монанди Қуръон асаре офаридан номумкин аст. Агар назирашро офаридан мумкин мебуд, онҳо роҳи мунозираро бар муҳориба тарҷеҳ мекарданд ва ояндаи худро қатъан ба таҳлука намеандохтанд.

Ҳамзамон дар тӯли асрҳо баръакси шарҳи ғаразноки якчанд мушрик ва мусташриқони бадният сафи бешумори олимон, муҳаққиқон ва мутафаккирон дар баробари мазмуни ғанӣ ва таъсири сухани Қуръон ба ҳайрат омада, онро қадрдонӣ кардаанд.

Чарлз Милл ба ғановати услуби Қуръон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, менависад, ки он назир надорад ва муҳтавои онро тарҷума кардан осон нест. Виктор Имбердес қайд мекунад, ки мазмуни бойи Қуръон метавонад сарчашмаи ҳамаи асосҳои ҳуқуқ бошад. «Қуръон на танҳо дар дин, балки дар адабиёт ҳам инқилоб ба амал овард», — мегӯяд Эрнест Ренан. Густав Лебон иброз медорад, ки ислом тавҳиди холис ва софро таблиғ мекунад, зеро аз Қуръон сарчашма мегирад. Ҳовард эътиқод дорад, ки Қуръон каломи Худованд буда, ба Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ваҳй шудааст. «Ҳазрати Муҳамад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) паёмбари охирини Худо ва ислом охирин дини илоҳӣ аст», — менависад Г. Ҳолман. «Қуръон аввалин муъҷизаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст ва аз нигоҳи зебоии адабӣ муаммоест, ки ба он даст ёфтан номумкин аст» (Эмил Дюркгейм). Артур Беллегри андешаашро чунин баён мекунад: «Қуръоне, ки Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) таблиғ мекунад, асари Зоти Худо аст». Жан Пол Ро мегӯяд: «Бузургтарин муъҷизаи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Қуръон аст, ки тавассути фаришта нозил гардидааст». Морис Бусей: «Қуръон муъҷизаест, ки аз танқид боло меистад. Гузашта аз ин Қуръон барои мунаққидони адабиёт як манбаи абадӣ, барои забоншиносон хазинаи алфоз ва барои шоирон сарчашмаи илҳом мебошад». Мануэл Кинг гуфтааст: «Қуръон маҷмӯи амру фармонҳоест, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар муддати пайғамбарияш аз Худо гирифтааст». Родвэлл мегӯяд: «Вақте кас Қуръон мехонад, вуҷудашро ҳайрат фаро мегирад».

Мо аз гуфтаҳои ин олимон ва мутафаккирон танҳо якҷумлаӣ овардем. Албатта, садҳо мутафаккирон ва муҳаққиқоне ҳастанд, ки ин гуфтаҳоро тасдиқ кардаанд ва пеши Қуръон бо нишони эҳтиром сар фуруд овардаанд.

Дар баробари осори ҳазорҳо мутахассисон ва соҳибқаламон дар мавриди Қуръон сухан гуфтан кори мо набуд, аммо бо умеди он ки пеш аз ҳама Соҳиби Қуръон ва баъдан арбоби сухан моро мебахшанд, ҷуръат кардем, ки дар хизмати онҳо ширкат кунем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2