Зеҳн

Рисолат

ЗЕ
Зеҳн12 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Баъзе нафарон даъво доранд, ки рисолати пайғамбарии Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) танҳо хоси он замон ва барои арабҳо буд. Ин масъаларо чӣ гуна шарҳ медиҳед?

Ҳеҷ як васиқа ё ҳатто ишорате дар хусуси он ки рисолати Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) танҳо хоси он замон бошад, вуҷуд надорад ва ҳамчунин ҳеҷ як далеле дар мавриди он ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) сирф барои арабҳо фиристода шудааст, ёфт нагардидааст. Баръакс, далоили мавҷуда собит мекунанд, ки Ӯ дар тӯли умри хеш тамоми ғайрату кӯшишро ба он равона сохта буд, ки ислом дар ҳама тараф густариш ёбад.

Искандари Мақдунӣ ба хотири ҳокими дунё шудан ва Сезар барои таҳкими Риму римиён меҷангиданд. Наполеон бошад дар пайи фатҳи салтанати ҷаҳон ва таъсиси як давлати томи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ медод. Аммо сарвари коинот, ҷавҳари ҳастӣ, Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба пайравони худ дастур дод, ки ҷаҳонро ба хотири кушодани роҳи саодати дунявию ухравӣ, ба ҳадафи аслӣ расонидани инсон, ки ашрафи махлуқот буда, ба пастӣ рӯ овардааст ва ба хотири баргардонидани ҳайсияти аз даст рафтаи инсон фатҳ кунанд. Ӯ барои амалӣ намудани ин мақсадҳо ҳамчун паёмбари Худо фиристода шуда буд ва дар тӯли ҳаёт барои иҷрои фармудаҳои Худованд бо дасти муборак чор гӯшаи дунёро ишорат намуд ва то ҷое, ки муяссар гардид, паёми илоҳиро ба ҳар кас расонд.

Ҳоло биёед баъзе далелҳоеро, ки барои ҳамаи инсоният ҳамчун паёмбар фиристода шудани Ӯро собит менамоянд, аз назар гузаронем:

1. Ҳанӯз вақте Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар Макка қарор доштанд, як гурӯҳ мусулмононро ба Ҳабашистон фиристоданд ва тавассути он муршидони нахустин ҳабашиёни зиёде фурсат пайдо намуданд, ки дар мавриди ислом маълумот гиранд. Ҳарчанд ин саёҳат барои мусулмононе, ки ба Ҳабашистон паёми илоҳиро оварда буданд, зоҳиран ҳиҷрат маҳсуб мешуд, аммо ба василаи саъю кӯшиши онҳо Наҷҷошӣ, ҳокими Ҳабашистон ва атрофиёни ӯ исломро пазируфтанд, ки ин далели нахустини барои тамоми дунё фиристода шудани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мебошад.

2. Дар асри саодат шахсиятҳои намоёне аз қабили Билоли Ҳабашӣ, Суҳайби Румӣ ва Салмони Форсӣ, ки аз қавму миллатҳои гуногун буданд, дар сафи аввалин мусулмонон қарор доштанд. Агарчи онҳо араб набуданд, пояҳои баландтар аз баъзе арабҳоро соҳиб буданд, ки ин худ маънии дини оламшумул будани исломро дорад.

3. Дар аснои ҳиҷрат ба Мадинаи Мунаввара, яъне ҳанӯз чандин сол пеш аз фатҳи Ироқ Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба Суроқа ибни Молик, ки барои таъқиби Ӯ вазифадор шуда буд, хабар дод, ки бозубанди ҳокими Форс Хусрав ибни Ҳурмуздро ба дасти худ хоҳад баст. Ин маънии онро дошт, ки паёми илоҳӣ ба мулки Форс расонида хоҳад шуд ва ин зарурат дошт. Чанде баъд башорати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) таҳаққуқ ёфт ва сарзамини Форс сартосар фатҳ гардида, ба дасти мусулмонон гузашт ва Суроқа бозубанди Хусравро ба дасташ андохт.

4. Вақте Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар хонаи ҳамсари Убода ибни Сомит, Умму Ҳарам бинти Милҳон истироҳат мекард, ба хоб рафт ва хоб дид. Пас аз бедор шудан, бо чеҳраи хандон фармуд: «Ман уммати худро дар хоб дидам, ки онҳо мисли шоҳони болои тахт дар баҳр саёҳат мекарданд».

Чуноне ки дар масъалаи қаблӣ гуфта шуд, дар ин ҷо ҳам Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ишорат мекарданд, ки паёми илоҳӣ ба кишварҳои он сӯйи баҳр бурда шавад ва ин муждаи муборак дар замони саҳоба амалӣ шуд.

5. Боре Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ёрони худ гуфт: «Пас аз ман Миср фатҳ мегардад. Дар ҳаққи мардуми Миср хайрхоҳ бошед ва бо онҳо муомилаи нарм кунед, зеро онҳо пайвандони шумоянд ва шумо масъулияти онҳоро ба уҳда доред». Ҳамин тавр Ӯ хабар дода буд, ки ҳанӯз дар замони саҳоба нури ислом ба Миср хоҳад расид. Ӯ ҳамчунин мехост пайванди хешие, ки тавассути модари муъминон Мория ба вуҷуд омада буд, нигоҳ дошта шавад.

6. Қабл аз набарди Хандақ Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба даст олоти корӣ гирифта, бо саҳобагон дар кандани хандақҳо дар атрофи Мадина бевосита ширкат карда буд. Дар ин асно Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хабар доданд, ки Ҳирот фатҳ мегардад, сутунҳои қасри Кисро меафтанд ва Шом ба дасти мусулмонон мегузарад.

Акнун оё мумкин аст, бо вуҷуди ин қадар далелҳо даъво кунем, ки Ӯ танҳо паёмбари арабҳо ва рисолати паёмбарии Ӯ танҳо хоси он замон буд? Ё магар Ҳирот, давлати Сосониён ва Шом ҷузъи нимҷазираи Арабистон ва сокинонашон араб буданд?..

Гузашта аз ин ояту ҳадисҳои зиёде ҳастанд, ки далели умумияти рисолат ва оламшумулии даъвои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мебошанд. Чанде аз онҳоро ба сифати мисол зикр мекунем:

1. Дар ҳадиси шарифе Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармоянд: «Ҳар пайғамбар танҳо ба халқи худ ҳамчун пайғамбар фиристода шудааст. Ман барои тамоми башарият фиристода шудам» (дар ҷои дигар омадааст: «ба сиёҳу сафед фиристода шудам»). Ҳадиси дигаре, ки Табарӣ овардааст, ҳадиси мазкурро таъйид мекунад: «Ман барои ҳамагон ҳамчун раҳмат ва ҳамчун паёмбар фиристода шудам. Рисолати маро ба охир расонед. Худованд ба шумо марҳамат кунад!»

2. Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба фиристодаи Хусрав, ки ба ҳузури Ӯ омада буд, гуфт: «Ҳокимияти дини ман густариш меёбад ва дур нест, ки ба тахти Хусрав бирасад». Ҳамин тавр Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) огоҳ карда буд, ки рисолати Ӯ тамоми оламро, бо шумули Ирону Турон мунаввар мекунад.

3. Чанд садсола қабл аз фатҳи Осиёи Хурд ва Истанбул Ӯ хабар дода буд, ки рӯзе лашкари фотеҳон ба остонаи Аврупо хоҳад расид. Ҳамин тавр Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фатҳи мубинро ташвиқ намуд ва сарбозони фотеҳу сарлашкари шарафмандро истиқбол карда, фармуда буд: «Қунстантиния ҳатман фатҳ хоҳад гашт. Он лашкар чӣ лашкари боҳашамат ва он сарлашкар чӣ сарлашкари ғолиб аст!» Ин суханони Ӯ аз он далолат мекард, ки паёми ҳақ ба чор гӯшаи олам хоҳад расид.

Каломи илоҳӣ дар ин мавзӯъ он қадар возеҳ аст, ки ба тафсиру таъвил ниёз надорад. Масалан:

1. Дар сураи «Сод» гуфта мешавад: «Ва ин (Қуръон) ҷуз панде барои оламиён (чизе) нест» (Сураи Сод, 38/87). Оят ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) хабар медиҳад, ки рисолати Ӯ аз огоҳ кардани тамоми башарият иборат аст.

2. Дар сураи «Ёсин» возеҳтар гуфта мешавад, ки Қуръон ба Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ваҳй шудааст, «то ҳар касеро, ки зинда[- дил] бошад, битарсонад ва сухани [ҳақ] бар кофирон собит шавад» (Сураи Ёсин, 36/70). Яъне Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) барои ҳамаи зиндагон; барои инсонҳо ва ҷинҳо фиристода шудааст ва ба Ӯ муқобил баромадан куфру носипосӣ мебошад.

3. Оят аз сураи «Сабаъ»: «Мо туро нафиристодем, магар барои ҳамаи мардум — муждадиҳанда ва тарсонанда, валекин аксари мардум намедонанд»

(Сураи Сабаъ, 34/28).

4. Ва оят аз сураи «Аъроф»: «Бигӯ: «Эй мардум! Ба дурустӣ ки ман пайғамбари Худо ба сӯйи ҳамаи шумо якҷо ҳастам»» (Сураи Аъроф, 7/158). Ҳар ду ояти боло ба таври равшан шарҳ медиҳанд, ки Ӯ барои тамоми инсоният пайғамбар аст ва аз ҷониби Худованд ба оламиён фиристода шудааст. Ва дар ҳамин ҳол андешаи беасоси онҳоеро, ки мехоҳанд рисолати пайғамбарии Ӯро дар доираи замону макон маҳдуд кунанд ва онҳоеро, ки танҳо мутааллиқи замони худ будани Ӯро даъво мекунанд, фаҳмидан мушкил аст.

Гузашта аз ин Қуръони Карим рисолати хоси паёмбаронеро, ки танҳо ба мардумони худ фиристода шуда буданд, таъкид намуда, тафовути миёни онҳо ва Паёмбари моро дақиқ шарҳ додааст. Масалан, дар мавриди Ҳазрати Нӯҳ (а) дар сураи «Аъроф» гуфта шудааст: «Ба дурустӣ ки Нӯҳро ба сӯйи қавми ӯ фиристодем. Пас, гуфт: «Эй қавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба ҷуз Вай ҳеҷ худое нест!» (Сураи Аъроф, 7/59). Ҳамчунин дар бораи Ҳуд (а) мефармояд: «Ва ба сӯйи қавми Од бародарашон Ҳудро (фиристодем). Гуфт: «Эй қавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба ҷуз Вай ҳеҷ худое нест!»

(Сураи Аъроф, 7/65). Ва айни суханҳо дар ҳаққи Солеҳ (а) гуфта мешавад: «Ва ба сӯи қавми Самуд бародарашон Солеҳро (фиристодем). Гуфт: «Эй қавми ман, Худоро ибодат кунед, шуморо ба ҷуз Вай ҳеҷ худое нест!» (Сураи Аъроф, 7/73).

Дар ояти ҳаштодуми ҳамин сура дар хусуси Ҳазрати Лут ва дар ояти ҳаштоду панҷум дар мавриди Ҳазрати Шуайб ба ин монанд гуфта мешавад. Қуръони Карим ҳар боре ки дар бораи пайғамбарон қисса мекунад, ба қавму миллати худ фиристода шудани онҳоро таъкид месозад, то маълум шавад, ки Паёмбари башарият кист ва кӣ нест. Возеҳ нишон дода мешавад, ки кадом паёмбар барои иршоди як қавму қабила ва кадоме барои тамоми инсоният ҳамчун паёмбар маъмур гардидааст.

Аслан хабари рисолати паёмбарии Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳанӯз аз рӯзҳои оғози рисолати Ӯ ба чор тарафи олам паҳн гардид ва хуш пазируфта шуд. Паёмҳои Ӯ дар қаламрави хеле васеъ, аз Марокаш то Мовароуннаҳр мардумро мутаассир намуд ва арзиши ҳаётӣ пайдо кард. Қонунҳои илоҳӣ, ки аз ҷониби Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) вазъ гардиданд, тӯли асрҳо дар чандин давлатҳои исломӣ мавриди татбиқ қарор гирифтанд. Асосҳои ҳаёте, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба онҳо таълим медод, дар ҳама ҳолат бо ҳаёти онҳо алоқаманд буд, аз маҳсули фикри онҳо болотар меистод, барои онҳо роҳнамо маҳсуб мегардид, онҳоро ба андеша ва таҳқиқ водор менамуд ва бо вуҷуди фишору тахриб ва таҷовузи душманон асосҳои пешниҳод намудаи Ӯ то ҳол дар ҳама ҷо нав, тоза ва зарурӣ мебошанд. Олимон ва мутафаккирони замони мо ҳам ақида доранд, ки танҳо тавассути таълимоти исломӣ тавофуқ ва тафоҳуми башариро барқарор кардан мумкин аст. Ва ин бар оламшумулии рисолати пайғамбарии Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) далолат мекунад.

Тавре дар осори мӯътабари аҳодис ва кутуби сияр гуфта мешавад, Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба хотири эъломи рисолати худ ба императори Византия Ҳеракл, ҳокими Миср Муқавқис, шоҳи Форс Хусрав ва Наҷҷошии Ҳабашистон номаҳо фиристод ва онҳоро ба қабули дини ҳақ даъват намуд. Аз ҷониби бахши аъзами инсоният ба хушӣ қабул гардидани паёмаш исботи он аст, ки Ӯ барои тамоми башарият ҳамчун паёмбар фиристода шудааст. Ва ҳар кӯшиши шубҳа ангехтан дар ин мавзӯъ аз кинаву ғараздорӣ маншаъ мегирад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2