Зеҳн

Панду андарзҳои Мавлавӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Дона чун андар замин пинҳон шавад, Сирри ӯ сарсабзии бӯстон шавад.

Кори поконро қиёс аз худ магир, Гарчи монад дар навиштан шер шир.

Кори мардон рӯшаниву гармӣ аст, Кори дулон ҳилаву бешармӣ аст.

Чун ғараз омад. ҳунар пӯшида шуд, Сад ҳиҷоб аз дил ба сӯйи дида шуд.

Чун диҳад қозӣ ба дил ришва қарор, Кай шиносад золим аз мазлуми зор?

Ҳар ки ӯ бедортар, пурдардтар, Ҳар ки ӯ, огоҳтар, рухзардтар.

Кӯйи навмедӣ марав, умедҳост, Сӯи торикӣ марав, хуршедҳост.

Ҳар ки ӯ бинҳод нохуш суннате, Сӯйи ӯ нафрин равад ҳар соате.

Модари бутҳо бути нафси шумост, З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.

Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл, Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст ҷаҳл.

Ашк хоҳӣ, раҳм кун ҳам ашкбор, Раҳм хоҳӣ, бар заифон раҳм ор.

Шукри қудрат қудратат афзун кунад, Ҷабри неъмат аз кафат берун кунад.

Гар таваккал мекунӣ, дар кор кун, Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ, Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ.

Ҳотами мулки Сулаймон аст илм, Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад, Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.

Сахт дармонад амири сустриш, Чун на пас бинад на пеш аз аҳмақиш.

Лафзҳову номҳо чун домҳост, Лафзи ширин реги оби умри мост.

Чун қалам аз об буд, дафтар зи об, Ҳар чи бинвисӣ, фано гардад шитоб.

Нури нури чашм худ нури дил аст, Нури чашм аз нури дилҳо ҳосил аст.

Мурғи бевақтӣ, сарат бояд бурид, Узри аҳмақро намешояд шунид.

Узри аҳмақ бадтар аз ҷурмаш бувад, Узри нодон заҳри ҳар дониш бувад.

Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст, Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Пас забони маҳрамӣ худ дигар аст, Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ҳар ки нуқси хешро диду шинохт, Андар истикмоли худ даҳаспа тохт.

Ақл бо ақли дигар дуто шавад. Нур афзун гашту раҳ пайдо шавад.

Ёр чашми туст, ай марди шикор, Аз хасу хошок ӯро пок дор.

Хоб бедорист, чун бодониш аст, Войи бедоре, ки бо нодон нишаст.

Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр, Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?

Дар ҷаҳон ҳар чиз чизе ҷазб кард, Гарм гармиро кашиду сард сард.

Дар замини мардумон хона макун, Кори худ кун, кори бегона накун.

Гарчи ҳикматро ба такрор оварӣ, Чун ту ноаҳлӣ, шавад аз ту барӣ.

То нашуд таҳқиқ , аз ёр он мабур, Аз садаф магсил, нагашт он қатра дур.

Гар тарозуро тамаъ будӣ ба мол, Рост кай гуфтӣ, тарозу васфи ҳол.? Гуфт: Пайғамбар «Худош имон надод, Ҳаркиро сабре набошад дар ниҳод». Гуфт: Пайғамбар, ки Яздони маҷид, Аз паи ҳар дард дармон офарид.

ва агар бувад кашфаш, марав дар санглох ва агар ду шох астат, машав ту чоршох.

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ Ҳеч аҳлият беҳ аз хӯйи накӯ.

Булҳаким номаш шуду Бӯҷаҳл шуд, Ай басо аҳл аз ҳасад ноаҳл шуд.

Ҳар киро хӯйи накӯ бошад, бираст, Ҳар касе, к-ӯ шишадил бошад, шикаст.

Ҳар касе, к-ӯ айби худ дидӣ зи хеш, Кай будӣ фориғ вай аз ислоҳи хеш?

Сурати зоҳир фано гардад, бидон, Олами маънӣ бимонад ҷовидон.

Гар ҳамехоҳӣ ту дафъи шарри нор, Оби раҳмат бар дили оташ гумор.

Кирм дар бехи дарахти тан фитод, Боядаш барканду дар оташ ниҳод.

То намурдаст ин чароғи богуҳар, Ҳин, фатилаш созу равған зудтар…

Лаб бибанду каффи пурзар баркушо, Бухли тан бигзору пеш овар сахо.

Чун қалам дар дасти ғаддоре бувад, Бегумон, Мансур бар доре бувад.

Дӯст ҳамчун зар, бало чун оташ аст, Зарри холис дар дили оташ х (в) аш аст.

Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад ва аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.

Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад ва аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.

Аз муҳаббат мурда зинда мешавад ва аз муҳаббат шоҳ банда мешавад.

Оқибатбин ақл аст аз хосият, Нафс бошад, к-ӯ набинад оқибат.

Хок зан дар дидаи хасбини хеш, Дидаи ҳис душмани ақл асту хеш.

Миллати ишқ аз ҳама динҳо ҷудост, Ошиқонро мазҳабу миллат Худост.

Чун гарониҳо асоси роҳат аст, Талхҳо ҳам пешвои неъмат аст.

Гуфт: Пайғамбар: «Адоват аз хирад, Беҳтар аз меҳре, ки аз ҷоҳил расад».

Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад, Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.

Пунбаи васвос берун кун зи гӯш, То ба гӯшат ояд аз гардун хурӯш.

Ақл қувват гирад аз аҳли дигар, Найшакар комил шавад аз най шакар.

Хӯй, к-он бо шир рафт андар вуҷуд, Кай тавон онро зи мардум во кушуд.

Бар умеди рост кажро мехаранд, Заҳр дар қанде равад, он гаҳ х (в)аранд.

Гарм бош, ай сард, то гармӣ расад, Бо дуруштӣ соз, то нармӣ расад.

Ту чи донӣ завқи сабр, ай шишадил? Хоса сабр аз баҳри он нақши чигил.

Мори шаҳватро бикуш дар ибтидо ва арна инак гашт морат аждаҳо.

Гӯшро бандат тамаъ аз истимоъ, Чашмро бандад ғараз аз иттилоъ.

Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад, Ақлро бенуру беравнақ кунад.

Қавли Пайғамбар шунав, ай муҷтабо! «Гӯри ақл омад ватан дар русто».

Ин ҷаҳон ҳамчун дарахт аст, ай киром! Мо бар ӯ чун меваҳои нимхом.

Ҷузв аз кул қатъ шуд, бекор шуд, Узв аз тан қатъ шуд, мурдор шуд.

Ҳар киро дил пок шуд аз эътидол, Он дуъояш меравад то Зулҷалол.

З-аҳмақон бигрез, чун Исо гурехт, Сӯҳбати аҳмақ басе хунҳо, ки рехт.

Қиммати ҳар кола медонӣ, ки чист? Қиммати худро надонӣ аҳмақист.

Шукри ҷони неъмату неъмат чу пӯст, З-он ки шукр орад туро то кӯи дӯст.

Баъди навмедӣ басе умедҳост, Аз паси зулмат басе хуршедҳост.

Марги ҳар як, ай писар, ҳамранги ӯст, Пеши душман душману бар дӯст дӯст.

Ҷӯяке кӯчак , ки доим меравад, На наҷас гардад, на ганда мешавад.

Модар ар гӯяд туро: «Марги ту бод!» Марги он хӯ хоҳаду марги фасод.

Он гурӯҳе, к - аз адаб бигрехтанд, Оби мардӣ ва - оби мардон рехтанд.

Ҳеч бонги каф задан н-ояд бадар, Аз яке дасти ту бе дасти дигар.

Халқи обиро бувад дарё чу боғ, Халқи хокиро бувад он маргу доғ.

Мангар аз чашми худат он хубро, Бин ба чашми толибон матлубро.

Гар набудӣ майлу уммеди самар, Кай шинондӣ боғбон бехи шаҷар?

Гов агар воқиф зи қассобон будӣ, Кай пайи эшон бад-он дӯкон шудӣ?

Илму молу мансабу ҷоҳу қирон Фитна омад дар кафи бадгавҳарон.

Молу мансаб нокасе, к-орад ба даст, Толиби расвоии хеш ӯ шудаст.

Аҳмақон сарвар шудастанду зи бим, Оқилон сарҳо кашида дар гилем .

Рав касе ҷӯ, ки туро ӯ ҳаст дӯст, Дӯст баҳри дӯст, лошак хайрҷӯст.

Ҳар ки бошад ҳамнишини дӯстон, Ҳаст дар гулхан миёни дӯстон.

Чунки кардӣ душманӣ, парҳез кун, Машварат бо ёри меҳрангез кун.

Асли лашкар бегумон сарвар бувад, Қавми бесарвар тани бесар бувад.

Хомушӣ баҳр асту гуфтан ҳамчу ҷӯ, Баҳр меҷӯяд туро, ҷӯро маҷӯ.

Кай шавад бустону кишту баргу бар, То нагардад назми ӯ зеру забар?

Ҳам суол аз илм хезад ҳам ҷавоб, Ҳамчунон ки хору гул аз хоку об.

Нафс Фиръавнест, ҳон, шераш макун, То наёрад ёд аз он куфри куҳун. То нагиряд абр, кай хандад чаман? То нагиряд тифл, кай нӯшад лабан?

Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард, Коми дунё мардро бадном кард.

Мурғи ғофил мехурад дона зи дом, Ҳамчу андар доми дунё ин авом.

Ҳар гурусна оқибат қуте биёфт , Офтоби давлате бар вай битофт.

Чун дарахт аст одамиву бех аҳд, Бехро тимор мебояд ба ҷаҳд.

Ҳар киро бошад мизоҷу табъи суст, Ӯ нахоҳад ҳеч касро тандуруст.

Шаб гурезад, чунки нур ояд зи дур, Пас чи донад зулмати шаб ҳоли нур?

Феъли оташро намедонӣ ту бард, Гирди оташ бо чунин дониш магард.

Ҳар ки ранҷе дид, ганҷе шуд падид, Ҳар ки ҷидде кард, дар ҷадде расид.

Ҳадди худ бишносу бар боло мапар, То наяфтӣ дар нишеби шӯру шар.

Аз қаноат ҳеч кас беҷон нашуд, Аз ҳарисӣ ҳеч кас султон нашуд.

Меъдаро хӯ кун бад-он райҳону гул, То биёбӣ ҳикмату қути Расул (с).

Меъдаи тан сӯи каҳдон мекашад, Меъдаи дил сӯи райҳон мекашад.

Мири охур дигару хар дигар аст, На ҳар он ки андар охур шуд, хар аст.

Ҳирс кӯру аҳмақу нодон кунад, Маргро бар аҳмақон осон кунад.

Чун набошад нури дил, дил нест он, Чун набошад рӯҳ, ҷуз гил нест он.

Чун найӣ ранҷур, сарро бар мабанд, Ихтиёрат ҳаст, бар сиблат маханд.

Ишқ бар мурда набошад пойдор, Ишқро бар ҳайи ҷонафзой дор.

Муъмин он бошад, ки андар ҷазру мад, Кофир аз имони он ҳасрат хурад.

Ганҷу гавҳар кай миёни хонаҳост? Ганҷҳо пайваста дар вайронаҳост.

Ҳар киро гулшан бувад базму ватан, Кай хурад ӯ бода андар гулхан?

Шохи гул ҳар ҷо, ки рӯяд ҳам гул аст, Хумми мул ҳар ҷо, ки ҷӯшад, ҳам мул аст.

Худ ҷаҳони ҷон саросар огаҳист, Ҳар ки беҷон аст, аз дониш тиҳист.

Мулку молу атласи ин марҳала, Ҳаст бар ҷони сабукрав силсила.

Ҷонвар фарбеҳ шавад, лек аз алаф, Одамӣ фарбеҳ зи изз асту шараф.

Пеш аз он ки шаб шавад, ҷома биҷӯ, Рӯзро зоеъ макун дар гуфтугӯ.

Оқибат ҷӯянда ёбанда бувад, Ки фараҷ аз сабр зоянда бувад.

Ҷисмҳо чун кӯзаҳои бастасар, То ки дар ҳар кӯза чӣ буд? Он нигар.

Ҷоҳил ар бо ту намояд ҳамдилӣ, Оқибат заҳмат занад аз ҷоҳилӣ.

Ин масал андар замона ҷонӣ аст, Ҷони нодонон ба ранҷ арзонӣ аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2