Зеҳн

Олами Афсонаҳо

Афсонаҳо ва шеърҳо ба кӯдакон некӣ, дӯстӣ, ҳурмати калонсолон ва ростгӯиро меомӯзонанд.

2 аъзоаз 11 августи 2026
Олами Афсонаҳо·Математик·2 соат пешНашрия

Рӯбоҳ ва паланг

Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш гирифт. Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду ба гиря cap кард. Паланг ҳайрон шуда, пурсид: - Эй рӯбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ? - Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қадар нотарсу чобуку чолок буданд, ки аз чариҳо чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳ мепариданд, аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсӯс, ки дидани корномаҳои ин хел далерон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст. Паланг ин гапро шунида, бо ғypyp cap бардошту дар пеши рӯбоҳ чусту чолокии худро намоиш доданӣ шуда, aз ҷарӣ ҷаҳид. Ҷаҳиду ба қаъри ҷарӣ рафта зад. Рӯбоҳ ба таги ҷарӣ нигоҳ карда, писханд зaдa гуфт: - Ман медонистам, ки шумо дигару падаратон дигар. Ҳар фарзанд падараш барин намешавад.

ҒАЛАБАИ СИТОРА

Бобо дар полиз алафҳои бегонаро решакан мекард. Ситораву Мунис ба ӯ ёрӣ медоданд. Вақти кандани бутта шишапорае парида ба чашми Ситора расид. Чашми Ситора осеб дид. Ситораро ба назди духтури чашм бурданд. Духтур чашмашро ҷарроҳӣ кард. Марҳам гузошту бо дока баст. Маслиҳат дод, ки докаи чашмашро даҳ рӯз накушояд. Ситора мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд, зеро дар барномаи наврӯзӣ ӯ бояд шеър қироат мекард. Ҳама роҳи ҳалли масъаларо меҷустанд. Илоҷе ёфтан даркор буд, ки Ситора ором шавад. Дасташро ба докаи чашмаш нарасонад. Падараш хирсаки калон харида овард. Ситора ба хирсак нигоҳ накард. Модараш барои ӯ куртаи нав дӯхт. Аммо Ситора дилтангӣ мекард. Мехост, ки докаро аз чашмаш канда партояд. Мунис тӯбашро ба Ситора дод. Ситора онро қабул накард. Китоби расмдори зебоеро низ ба наздаш гузошт. Тамошои китоб ҳам ба ӯ хуш наомад. Хоҳари калонӣ Лутфия ҷӯроб бофта, ба ӯ ҳадя карда гуфт: – Азизам, Ситораҷон, дилат боз чӣ мехоҳад? Ҳар чӣ бигӯйӣ, иҷро мекунам. Ситора хоҳиш кард, ки докаи чашмашро кушода партоянд… Хоҳаракаш Шоҳона зочаашро ба ӯ дод. Ду пуфак ҳам овард: – Сурхашро мегирӣ, ё кабудашро? – гуфт ва афзуд: – Агар хоҳӣ, ҳар дуяшро бигир. Ситора қаҳр карда, ба ҳуҷраи дигар рафт. Аҳли оила дар ҳолати ногувор монданд. Ҳамсинфаш Дилбар ба хабаргирии ӯ омад. Модари Ситора бо алам воқеаро нақл кард: – Агар Ситора докаро аз чашмаш кушояд, табобаташ душвор мешавад. – Холаҷон, шумо ташвиш нашавед, ман илоҷашро меёбам, – гуфт Дилбар. Вай ба назди Ситора даромад. – Дугонаҷон, хушхабар овардам. Хонандагони синфамон саҳначаи «Алибобо ва чиҳил роҳзан»-ро омода карда истодаанд. Мо мехоҳем, ки дар нақши роҳзани якчашма ту бозӣ кунӣ. Ситора хурсанд шуд. Ӯ ҳар рӯз нақши роҳзани якчашмаро машқ мекард. Ситора нақши мардонаи роҳзани якчашмаро хуб иҷро кард. Тамошогарон ва ҳакамон ба ҳунари ӯ баҳои баланд доданд. Вай дигар дарди чашмашро ҳис намекард. Рӯзи дигар докаро аз чашмаш гирифтанд. Ӯ шифо ёфта буд.

ЧӢ ТАВР МАСРУР «Р» ГУФТАНРО ЁД ГИРИФТ

Масрур ном писарбачае «р» гуфта наметавонист. Ба ӯ мегуфтанд: – Канӣ, Масрур, «Мор» гӯй! Ӯ «мол» мегуфт. – Номат чист? – Номам «Маслул», – мегуфт ӯ. – «Тортанак» гӯй! – Толтанак. Яке аз рӯзҳо Масрур дар болои бом рӯболо дароз кашида, оҳиста-оҳиста гиря мекард. Дар ҳамин вақт як зоғи ало парида омада, ба шохи дарахти чормағзи рӯйи ҳавлӣ нишаст ва «қарр-қарр» кардан гирифт. Масрур ҳарчанд ки бодиққат ба зоғ тақлид мекард, аммо дуруст талаффуз карда наметавонист. Зоғ ҳарфи «р»-ро бо ҳар мақом: «қарр-қарр», «ррр, ррра, ррра» мегуфт. Масрур «қалл-қалл», ллла, ллла» мегуфт. Вай забонашро бо тамоми қувва ба ҳаракат медаровард, ҳатто забонаш монда шуда, лабонаш варам карданд. Ногаҳон ӯ овози «Р»-ро чунон нағз талаффуз кард, ки худаш надониста монд. – «Қаррр!» Масрур боз як бор «қаррр» гуфт. Нағз баромад. Пайи ҳам чанд бори дигар такрор кард. Бисёр хуб. Масрур хеле завқ кард, такроркунон аз болои бом фаромад. Ӯ «р-р-р» гӯён тозон ба пеши бачаҳо рафт ва шодон гуфт: – Ман «р-р-р» гуфтанро ёд гирифтам! Канӣ, – гуфтанд бачаҳо, ба мо ягон чизро номбар кун. Масрур дер фикр карда наистода гуфт: Арра, сара, Соро, рама. Бачаҳо дар ҳайрат монданд.

ДУ ХИРСАК БЕША РАФТАНД

Буданд, набуданд, ду хирсак буданд. Як пагоҳӣ онҳо барои занбӯруғ ба беша рафтанд. Ҳар ду аз хона баромада, аз остона фаромаданд. Ногоҳ яке гуфт: – Ваҳ! Мо фаромӯш кардем! – Чиро фаромӯш кардем? – Мо сабад надорем! Занбӯруғро дар чӣ мечинем? Хирсакҳо ақиб гашта, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ сабад гирифтанд. Баъд аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйбораке гузаштанд. Ногоҳ яке гуфт: – Ваҳ! Мо фаромӯш кардем! – Чиро фаромӯш кардем? – Мо чатр надорем! Борон борад, дар куҷо паноҳ мебарем? Хирсакҳо ақиб гашта, аз ҷӯйборак парида, аз остона баромада, ба хона даромада, яктоӣ чатр гирифтанд. Баъд боз аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйборак парида, аз пулча гузаштанд! Ногоҳ яке гуфт: Ваҳ! Мо фаромӯш кардем! – Чиро фаромӯш кардем? – Мо ба модарамон «хайр» нагуфтем! Модарамон куҷо рафтани моро надонад, хавотир мешавад! Хирсакҳо ақиб гашта, аз пул, ҷӯйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромада, ба модарашон хайр гуфтанд. Баъд боз аз хона баромада, аз остона фаромада, аз ҷӯйбораку пулча гузашта, ба беша расиданд! Хирсакҳо ду сабадча занбӯруғ чида, аз беша баромада, аз пулчаю ҷӯйборак гузашта, ба остона баромада, ба хона даромаданд. Модарашон сабадчаҳоро гирифта, хирсакҳоро таъриф кунон занбӯруғҳоро бирён кард. Баъд ҳар се дар сари дастархон нишастанд ва бо иштиҳо занбӯруғбирён хӯрданд.

ДУНЁИ РАНГОРАНГИ ЗЕРИ ОБ

Ҳайвонҳо на танҳо дар хушкӣ, балки дар об ҳам зиндагӣ мекунанд. Кит, тимсоҳ, делфин, наҳанг аз ҷумлаи онҳоянд. Баъзе аз навъи сангпушту морҳо ҳам сокинони муҳити обӣ ҳастанд. Хирси сафед, тюлен, морж низ дар об ғӯта мезананд ва ба хушкӣ мебароянд. Дар об моҳиҳо зиёдтар мавҷуданд. Онҳоро ҳатто дар ҳавзу ҷӯйборҳои шаҳру деҳот дидан мумкин аст. Дар кӯлу обанбор ҳам дидан мумкин аст. Аз ҳама бештар дар баҳру уқёнусҳо мушоҳида мешаванд. Моҳиҳо ном, шакл ва навъҳои гуногун доранд. Ошноӣ бо ҳаёти рангини моҳиён хеле аҷибу завқовар аст. Моҳиҳо намуди зиёд доранд. Шаклу намуди баъзеашон ҳайратангез аст. Онҳоро соатҳо нигоҳ кунӣ ҳам, аз тамошояшон сер намешавӣ. Ин моҳии кӯчак гуппу ном дорад. Гуппуҳо моҳиҳои ором ва беозоранд. Онҳо ҷангу ситезаро хуш надоранд. Гуппу ҳудуди як сантиметр ва зиёдтар аз он дарозӣ дорад. Моҳии норинҷӣ яке аз зеботарин моҳиҳои уқёнус аст. Вақте хатарро эҳсос мекунад, дар канори шохаҳои марҷон пинҳон мешавад. Фариштамоҳӣ яке аз навъи моҳиҳои зебо ва хушранг мебошад. Баданаш ҳамчун тангаи нуқра дар зери об медурахшад. Рахҳои зарду сиёҳ ва сафед ба бадани вай зебоии дигар мебахшанд. Парвонамоҳӣ ҳам моҳии зебо, аммо бисёр камёб аст. Аз рӯйи чашмҳои он як хатти тасмашакли сиёҳ мегузарад, ки онро ба кабк монанд кардааст. Думи доирашакли он монанди парҳои товус аст. Аспакмоҳӣ мавҷуди бисёр аҷиб аст. Сари ин моҳича ба сари асп монанд аст. Вай шохи гиёҳеро бо думи худ дошта, ба рақс медарояд. Рақси ӯ хеле аҷиб аст. Баъзе моҳиҳо парвоз мекунанд. Онҳо бол доранд. Вақте ба рӯйи об мебароянд, парвоз мекунанд. Парвозашон кӯтоҳ аст. Мисли парандаҳо фосилаи зиёдро парвоз карда наметавонанд.

ШУТУР Ё ШУТУРМУРҒ?

Мо дар бораи мурғе гап мезанем, ки ба шутурбача бисёр монанд аст. Гардани дарозу камоншаклаш ӯро ба шутурбачаи ҳақиқӣ монанд кардааст. Барои ҳамин ҳам вайро шутурмурғ меноманд. Вай дар миёни парандаҳо аз ҳама калон аст. Қади баъзе шутурмурғҳо аз қади одамон ҳам баландтар мешавад. Баландии қади шутур аз рӯйи замин то болои сараш тахминан аз 2 метр зиёд аст. Шутур ва шутурмурғҳо пойҳои дарозу ғафс ва боқувват доранд. Ҳар ду дар дашту биёбон зиндагӣ мекунанд. Мижгонҳои дарозу ба ҳам монанд доранд. Сохти чашмонашонро дида, гумон мекунед, ки аз як оила бошанд. Аммо шутур чор пой дорад. Шутурмурғ ду пойи дароз дорад. Пойи дароз ба шутурмурғ барои чӣ лозим аст? Барои дар як соат 70 километр давидан пойҳои дароз ва пурқувват лозим аст. Ҳар қадами шутурмурғ сеюним-чор метр аст. Шумо даҳ қадам зада, баъд ба як қадами шутурмурғ расида метавонед. Шутур бача таваллуд мекунад. Шутурмурғ тухм мегузорад. Шутур пар надорад, шутурмурғ пар дорад. Шутур нӯл надорад, шутурмурғ дорад. Шутурмурғ аз бисёр ҷиҳат ба мурғ монанд аст. Мисли мурғ тухм мегузорад ва чӯҷа мебарорад. Ҳам чӯҷаи мурғ ва ҳам чӯҷаи шутурмурғ вақти аз тухм баромадан роҳ мегарданд. Мустақилона ғизо мехӯранд. Шутурмурғ аз чанд ҷиҳат ба шутур ва аз чанд ҷиҳати дигар ба мурғ монанд аст. Гӯё ҳам шутур асту ҳам мурғ. Барои ҳамин ба он шутурмурғ ном гузоштаанд. Шутурмурғҳо ҳам рустанӣ мехӯранду ҳам ҳашарот. Онҳо алафҳои гуногун ва тухму меваи рустаниҳоро истеъмол мекунанд. Аз ҳашарот малах, гамбӯсак, кирмҳоро мехӯранд. Калтакалосу муш ҳам хӯроки онҳост. Барои осон шудани ҳазми хӯрок сангчаҳои майдаро низ фурӯ мебаранд. Сангчаҳо дар сангдони шутурмурғ барои майда кардани хӯрок ёрӣ мерасонанд.

ЧАРО БАБРИ БАРФӢ МЕГӮЯНД?

Бабри барфӣ ё паланги барфӣ ба оилаи гурбашаклҳо дохил шуда, номи илмиаш «пантера» мебошад. Ин ҷонвари кӯҳии ваҳширо дар Тоҷикистон баъзеҳо шерпаланг ё озодапаланг ҳам мегӯянд. Ин ҳайвон бисёр чолоку зирак буда, дар баландтарин кӯҳҳо танҳо гаштугузор мекунад, вай ҳеч гоҳ ба одам ҳуҷум намекунад. Дар Тоҷикистон бабри барфӣ дар қаторкӯҳҳои минтақаҳои Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шохдара, Аличур, Зарафшон, Ҳисор ва Вахш зиндагӣ мекунад. Ҷисми бабри барфӣ он қадар калон нест. Бадани он 112 – 140 см дарозӣ дошта, вазнаш аз 40 то 100 кг-ро ташкил медиҳад. Сабаби бабри барфӣ ном гирифтанаш дар он аст, ки хунукиҳо ва барфу яхро дӯст медорад ва дар фасли зимистон дар баландиҳо зиндагӣ мекунад. Бабри барфӣ ҳайвони даранда буда, асосан ҳайвонҳои калони кӯҳӣ, аз қабили архар ва морхӯр шикор мекунад. Вай сайди худро бо чолокӣ таъқиб карда медорад. Агар ҳайвони калон ёфт нашавад, бабри барфӣ, инчунин ҳайвонҳои хурдтар, аз ҷумла мушҳо, харгӯшҳо ва парандагонро низ шикор мекунад. Бабри барфӣ ҳайвони хеле нодир аст. Шумо медонистед, ки бабри барфиро танҳо дар 12 кишвари ҷаҳон дидан мумкин аст. Дар кишвари мо, Тоҷикистон, тақрибан 300 бабри барфӣ зиндагӣ мекунад. Аз ин рӯ, ин ҳайвон махсус муҳофизат карда мешавад. Номи бабри барфӣ ба Китоби Сурхи Тоҷикистон, ки дар он ҳайвонҳо ва набототи камёб навишта мешаванд, дохил карда шудааст.

ДУМ БА ҲАЙВОНОТ БАРОИ ЧӢ ЛОЗИМ АСТ?

Саг ё гурбаро бе дум тасаввур кардан мушкил аст. Ба ҳайвонот дум барои чӣ лозим аст? Баъзе ҳайвонот думро барои рондани пашаҳо истифода мебаранд. Говҳо, аспҳо дар фасли тобистон паша, хомӯшак ва магасҳоро бо думашон меронанд. Аммо сагҳо бо думашон … «гап мезананд». Вақте ки саг соҳибашро пешвоз мегирад, вай думашро меликонад, яъне шодӣ мекунад. Агар думи саг камтар боло бардошта шуда бошад ва онро аз як тараф ба тарафи дигар ликонад, дониста бошед, ки вай мегӯяд: «Ман туро кордор нестам, ту низ ба ман кордор нашав, агар кордор шавӣ, аҳволат бад мешавад». Агар думи саг ба поён хам шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки саг ба соҳибаш итоат мекунад ё аз ягон чиз метарсад. Гург ва рӯбоҳ думашонро ҳамчун кӯрпа истифода мебаранд. Дар фасли зимистон онҳо дар барф чуқурие мекананд, дар он хоб рафта, бо думашон биниашонро мепӯшонанд, то хунук нахӯранд. Ба гургу рӯбоҳ дум ҳамчун чанбарак низ хизмат мекунад ва ҳангоми давидан барои ба зудӣ ба як тараф гаштан ёрӣ мерасонад. Санҷоб низ ба ҳамин мақсад думашро ҳангоми аз як дарахт ба дарахти дигар ҷаҳидан истифода мебарад. Шумо медонистед, ки дум ба маймунҳо барои дарёфти ғизо ёрӣ мерасонад? Онҳо бо думашон ба шохаи дарахт часпида, сарашонро хам мекунанд ва бо дастонашон меваҳоро чида мехӯранд.

ПАРВОНАИ АТЛАСБОФ

Дар табиат парвонаҳои зиёд мавҷуданд: сурху сафед, зарду сиёҳ, кабуду сабз, якрангу рангоранг. Ин парвонаро шинохтед? Ин парвонаи пилла аст. Вай аз торҳои абрешим дар атрофи худаш ғӯзаи пилла мебофад. Парвона баҳор тухмҳои хурди назарногир мегузорад. Аз тухми парвона кирмакҳо пайдо мешаванд. Кирмакҳоро дар пиллахона парвариш мекунанд. Онҳо танҳо барги дарахти тут мехӯранд. Кирмакҳо шабу рӯз мехӯранду мехӯранд. Кирмакҳо калон мешаванд. Баъди 25 – 30 рӯз пилла метананд. Одамон пилларо бо даст ҷамъоварӣ мекунанд. Пиллаҳои ҷамъовардаро ба корхонаи пилларесӣ месупоранд. Дар корхона ғӯзаи бофтаи кирми пилларо мекушоянд. Медонед, чӣ мешавад? Он ба нахи хеле дарози абрешимӣ табдил меёбад. Нахҳоро дар коргоҳ даста- даста ҷудо мекунанд. Нахҳоро бо рахҳои гуногун ранг мекунанд. Аз риштаҳои рангин бо дастгоҳи бофандагӣ атлас мебофанд. Аз атлас либос медӯзанд. Либоси атласро, одатан, дар рӯзҳои иду хурсандӣ, хусусан дар ҷашни Наврӯз мепӯшанд.

НОДИР ВА НОДИРА

Модар ба Нодир гуфт: – Ба ҳаммом даромада, оббозӣ кун, писарҷонам. Нодир ҳанӯз ба ҳаммом надаромада гуфт: – Вой! Ҳаммом хунук аст. – Шустани дасту рӯй ва дандонҳоятро низ фаромӯш накун, шунида шуд овози модар. Нодир дилу нодилон ба ҳаммом даромад. Дар собундон як собуни хушбӯй гузошта шуда буд. Аммо Нодир онро гирифту ба кисаи хилъати падараш, ки он ҷо овезон буд, гузошту гуфт: – Собун нест! Баъд хокаи дандоншӯйиро бо дандоншӯяк гирифту ба зери ванна пинҳон кард ва гуфт: На дандоншӯяк ҳасту на хокаи дандоншӯйӣ. Нодир оҳистаяк аввал аз ҳаммом, баъд аз хона баромад. Дар майдончаи кӯдакона бо Саиду Алӣ давутоз кард. Бо бачаҳо ба чанд намуди арғунчак нишаст. Баъд Нодир назди як харак омад. Нодира, духтараки ҳамсоя, дар харак нишаста буд. Нодира ба Нодир гуфт: – Чаро мӯйҳоят жӯлида? Чанд ҷойи рӯят пури ранг. Куртаву шимат пури хок. Ту чиркинхуҷа! Ман бо ту бозӣ намекунам. – Нодир сархам ба хона баргашт. Ба оина нигоҳ кард. Дар ҳақиқат, аз оина ба вай чиркинхуҷа нигоҳ мекард. Вай ба ҳаммом даромад. Собунро аз кисаи хилъати падараш гирифт. Хокаи дандоншӯӣ ва дандоншӯякро аз зери ванна баровард. Ҳам оббозӣ кард ва ҳам дандонҳояшро шуст. Баъд ба оина нигоҳ кард. Аз оина ба вай як писари тозаву озода нигоҳ мекард. Вай хурсандона гуфт: – Наход ин ман бошам? Баъд илова намуд: – Акнун Нодира маро ҳаргиз чиркинхуҷа намегӯяд…

БАРОИ ЧӢ ДАСТ МЕШӮЯНД?

Шумо ҳар саҳар аз хоб хеста, дасту рӯй мешӯед. Аз мактаб биёед, модар мепурсад: – Дасту рӯятро шустӣ? Пас аз бозӣ боз мепурсад: – Дасту рӯятро шустӣ? Шумо мегӯед: – Саҳар дасту рӯямро шустам. Бас нест? Охир, дастонам чиркин не-ку? – Чаро дасту рӯйро зуд-зуд бояд шуст? Падару модар, омӯзгорон, хоҳару бародарон шуморо зуд - зуд ба шустани дасту рӯй водор мекунанд. Барои чӣ онҳо мехоҳанд, ки шумо зуд-зуд дасту рӯйро бишӯед? Агар дасту рӯйро нашӯед, чӣ рух медиҳад? Микробҳо ба дасту рӯйи одам часпида меистанд. Агар одам дасту рӯяшро нашӯяд, ифлосӣ ва микроб ба дохили баданаш ворид шуда, ӯро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад… микроб – заррачаҳое мебошанд, ки ҳангоми ба бадан ворид шудан одамро бемор мекунанд. Микробҳо чунон хурданд, ки бо чашм онҳоро дидан ғайриимкон аст. Микробҳо чӣ гуна вориди бадани одам мешаванд? Микробҳо метавонанд бо роҳҳои гуногун ба бадани одам дароянд. Масалан, ҳангоми хӯрдани сабзавоту меваҷоти ношуста, ҳангоми даст расондан ба хок, дару девор, хоридани узвҳо, ҳоҷатхона рафтан, бозӣ кардан ё даст расондан ба ҳайвонот. Бозичаҳо ё одами дастонаш ношуста низ метавонанд микроб дошта бошанд. Аз микроб кадом бемориҳо пайдо мешаванд? Аз микроб бемориҳои дарди шикам, шикамравӣ, кирми рӯдаю меъда, дарди гулӯ, хоришак ва дигар бемориҳо пайдо мешаванд. Ин бемориҳо бадани одамро заиф, ҷисмашро лоғар ва беҳолу бемадор мекунанд… Кай дастҳоро шустан лозим аст? Пас аз хоб ва баъд аз хоб. Пеш ва пас аз хӯрок хӯрдан. Пас аз бозӣ ва сайру саёҳат. Баъди нигоҳубин, бозӣ ё сила кардани ҳайвонот. Дастҳоро чӣ гуна беҳтар шустан мумкин аст? Саросема нашуда, пурра панҷаро бо ангуштон, кафи даст, пушти каф ва банди даст шустан лозим аст. Медонед, ки одамон одатан се бор дасти худро мешӯянд? Ин одат барои хубтар тоза шудани даст аст. Дастҳоро бо собун бояд шуст, чунки собун пӯсти одамро аз микробҳо пок мекунад.

НАМАК

Падару модари Париноз тамоми рӯз дар коранд, аммо бибиҷонаш доимо дар хона. Ӯ субҳгоҳон Паринозро «булбули хушхони бибӣ, лолаи хандони бибӣ» гӯён бо навозиш бедор мекунад. Барои Париноз санбӯсаву кулчақанд мепазад, кокулчаҳояшро бофта, ба мактаб мегуселонад. Аз ҳама муҳиммаш, дар иҷрои вазифаи хонагӣ ба Париноз ёрӣ мерасонад. Як рӯзаки баҳорон, як рӯзаки беборон Париноз аз мактаб омада, ғайричашмдод дари хонаашонро баста дид. – Бибиҷон, ҳой, бибиҷон! – фарёд кард Париноз ва ногоҳ чашмаш ба коғазаки роғи дар афтод. Коғазакро гирифта, ин сатрҳоро хонд: «Булбули бибӣ, ман ба хонаи аммаҷонат рафтам. Пагоҳ саҳарӣ меоям. Калидро аз ҳамсоя бигир. Хайр!» Бе бибиҷон хона файзе надошт. Париноз аз зиқӣ намедонист чӣ кор кунад? Ногоҳ ба ёдаш омад, ки вазифаи хонагиро худаш бояд иҷро кунад, зеро имшаб бибиҷонаш нестанд. Париноз аз ҷувздонаш китоби математикаро гирифта, ин масъаларо хонд: «Духтараке ба 18 дирам 3 халтача намак харид. Канӣ, ёбед: як халтачаи он чанд дирам аст?» – Чанд дирам бошад? – худ ба худ ғурунгос зад Париноз ва ҳамин дам бибии меҳрубонаш ба ёдаш омад: – Оҳ, агар бибиҷонам мебуданд, дар як дам мегуфтанд. Ногоҳ фикре ба сари Париноз омаду аз шодӣ чашмонаш барқ заданд. Вай бод барин сӯйи ошхона давид, болои курсича баромаду аз рафи ҷевон як халтача намак гирифт ва навиштаҳои рӯйи онро хонд: «Намаки навъи якум. Нархаш 10 дирам». Париноз халтачаро ба ҷояш гузошта, боз ҳам бод барин ҷониби миз давид ва ба дафтараш саросема чунин навишт: «Як халтача намак 10 дирам».

ЭҲСОСАМРО ШИНОСАМ

Ҳар кас меҳрубон бошад, Хуршеди тобон бошад. Ҳар кас номеҳрубон аст, Халқ аз ӯ рӯгардон аст… Надорад ҳар касе сабр, Кунад ба ҷони худ ҷабр. Сабру тамкин гуворост, Қимат аз симу тилост. Асабӣ гаштан бад аст, Бигир худатро ба даст. Ҳар кас ки бошад ором, Нагардад бесаранҷом… Ҳар он кас ки метарсад, Чун барги бед меларзад. Ҳар он кас ки натарсад, Ба мақсадаш мерасад… Эҳсоси нотавонӣ Дорад басе гаронӣ. Тавоноиву бовар Касро кунад диловар… Ҳар кас ки мехӯрад ғам, Кунад умри худро кам. Ҳар ки хурсанду шод аст, Зиндагиаш обод аст.

САРГУЗАШТИ ХАРГӮШАК ВА ДӮСТОНИ Ӯ

Харгӯшак, Рӯбоҳак, Хирсак, Гургак ва Санҷобак бо ҳам дӯст буданд. Онҳо дар як бешаи офтобрӯя мезистанд. Рӯзе, ҳангоми бозӣ, Харгӯшак пурсид, ки дар паси дарахти булути калони куҳна, дар он ҷое, ки бешаашон тамом мешавад, чӣ бошад? «Биёед, ба саёҳат мебароем ва якбора инро ҳам мефаҳмем! Бо як тир ду нишон!» – хурсандона хитоб кард Рӯбоҳак. Ҳама розӣ шуданд. Дар роҳ онҳо Буми хирадмандеро вохӯрданд. «Роҳи шумо пурпечу тоб аст, – гуфт ӯ. – Аз эҳсосоти худ натарсед ва ноумед нашавед! Дар хотир доред: агар тарсед ё хашмгин шавед, нафаси амиқ кашед, агар ғамгину дилхаста шавед, ба дӯстонатон дарди дил намоед ва якҷоя шодӣ кунед!» Ҷонварон хурсандона роҳро идома доданд. Ногаҳон садои баланди қарс-қурсе баромад. Харгӯшак аз тарс ба ларза даромад. Ӯ маслиҳати Бумро ба ёд оварда, нафаси чуқур кашид ва аз дасти Рӯбоҳак маҳкам дошт. Тарсаш бартараф шуд. Дар ин вақт дарахте афтода, роҳи онҳоро баст. Хирсак кӯшиш кард, ки аз болояш гузарад, лекин гузашта натавонис та, хашмгин шуд. «Р-р-р!» – ғурид ӯ. Аммо дарҳол суханони Бумро ба ёд оварда, то панҷ шумурд ва фарёд кард: «Дӯстон, ёрӣ диҳее-д!» Онҳо якҷоя аз болои кундаи дарахт ба осонӣ гузаштанд. Аз дасти Санҷобак нохост зеботарин чормағзаш ба ҷӯй афтид. Ӯ чунон ғамгин шуд, ки қариб буд, гиря кунад. Ин аҳволро дида, дӯстон ӯро ба оғӯш гирифтанд ва дилбардорӣ карданд. Гургак аз ҷӯйбор як сангчаи ҷилодоре ёфта, ба ӯ дод. Ногаҳон ҷонваракон фаҳмиданд, ки роҳашонро гум кардаанд. Гургак бодиққат ба атроф нигариста, роҳи дурустро ёфт. Ӯ аз ин кораш ба худ болид. Ҷонваракон, аз ин ки роҳро ёфтанд, хеле шод шуданд. Ниҳоят, онҳо канори бешаро диданд. Дар пешашон марғзори калоне бо гулҳои рангоранг намудор гашт. Чӣ қадар зебову дилрабо буд он! Дӯстон фаҳмиданд, ки саёҳат кардан хуб аст, аммо ҳангоми душворию сахтиҳо дастгиру мададгор ва ҳамрозу ҳамдили ҳамдигар будани ёрон муҳимтар аз ҳама аст.

ХОБИ БАД

Рӯзе модар аз Ҷаҳонгир хоҳиш кард, ки аз саргаҳи ҷӯй об биёрад. Ҷаҳонгир бо дили нохоҳам гуфт: – Модарҷон, саргаҳи ҷӯйбор хеле дур аст. Обро аз поёни ҷӯй меорам. – Оби поёни ҷӯй ифлос аст, аз саргаҳ об биёр, – таъкид кард модар. Ҷаҳонгир ноилоҷ сатилчаро гирифта, аз ҳавлӣ баромад. Ҷаҳонгир ба мағозаи сари роҳ даромада, донаи офтобпараст, қанд ва як нӯшокӣ харид. Ба назди ҷӯйбор нишаста, аввал қанд хӯрду баъд донаи офтобпараст. Нӯшокиро қулт-қулт нӯшид. Пӯсти донаҳои офтобпараст, коғази қанду зарфи пластикии нӯшокиро ба селофан андохта ба ҷӯй ҳаво дод. Ҷаҳонгир каме дам гирам гуфта, дар назди ҷӯйбор дароз кашид. Оҳиста-оҳиста ба чашмонаш хоб омад. Садои аҷибе ба гӯшаш расид, чашмонашро нимроғ карду калон кушод. Болои сараш сӯзанаки азимҷуссае бол меафшонд. Ҷаҳонгир сахт тарсид. Сӯзанак ба сӯзанакҳои муқаррарӣ монанд набуд. Вай зоҳиран ба чархбол монанд буд. Сӯзанак болои сари Ҷаҳонгир давр мезаду давр мезад. Ҳар лаҳза аз зери болҳояш ашёи гуногун ба сӯйи Ҷаҳонгир мепартофт. Ашё партов буд. Ҷаҳонгир аз ин рафтори сӯзанак нороҳат шуда, гурехтанӣ шуд. Дар лаби ҷӯйбор ногаҳон пояш ба зарфпораҳо печиду афтод. Ҷаҳонгир ба чизе лағжиду ба сӯрохии пуробе печутоб хӯрда рафт. Ногаҳон Ҷаҳонгир худро миёни моҳиён дид. Гирдогирдаш моҳиён шино доштанд, моҳиёни аҷиб, калон-калон. Ӯ ба худ меандешид: «Чаро моҳиён ин қадар баднамуданд, оби дарё ҳам ғализу бадбӯй». Моҳиён пластикию селофанӣ буданд. Ин ҳолатро дида, Ҷаҳонгир ба воҳима афтод. Ӯ ин манзараро дидан намехост. Ҷаҳонгир ба гиря даромад. Тӯдаи моҳиён Ҷаҳонгирро печониданд. Бадани Ҷаҳонгир ба ларза даромад. Вай овозашро базӯр бароварда гуфт: – Ба шумо чӣ даркор? Аз ман чӣ мехоҳед? Яке аз моҳиҳо, ки пластикӣ буду ба назар сарвари моҳиён менамуд, бо эҳсоси ранҷиш гуфт: – Чаро шумо, одамон, обро ифлос мекунед? Барои чӣ ҳар гуна зарфҳои пластикиву тунука, селофан мепартоед? Мо шакли аслии худро гум кардем. Биё, мо бароят як чизро нишон диҳем. Моҳиҳо атрофи Ҷаҳонгирро печонда, ӯро ба саёҳати зери об раҳнамоӣ мекарданд. Ҷаҳонгир шинокунон аз сарвари моҳиён пурсид: – Маро ба куҷо мебаред? – Мо туро ба назди ҳамон ҷӯйборе мебарем, ки ифлос кардӣ. Шояд аҳволи моро бифаҳмӣ. Ба ин кор шояд дигар даст назанӣ. Ҳангоми шино ҳар гуна чизҳои ба об партофташуда ба сару тани Ҷаҳонгир мечаспиданд. Ҷаҳонгир худро дар доме ҳис менамуд, ба пояш селофан часпида буд, гӯшҳояшро зарфҳои тунука мехарошиданд. Ҷаҳонгир аз кори кардааш сахт пушаймон шуда буд. Дилаш ба ҳоли моҳиён сӯхт. Ҷаҳонгир як лаҳза ба онҳо монанд будани худро тасаввур кард: биниаш зарфи пластикӣ, чашмонаш сарпӯши пластикӣ, мӯйҳояш аз хошок пур, либосаш жандапораҳои селофанӣ, кулоҳаш пӯсти тухм. Шикамаш нимтарбузи бурида буд. Вай ба даҳшат афтод. Ҷаҳонгир бо тамоми овоз фарёд зад: – Намехоҳам! Намехоҳам! Мисли шумо будан намехоҳам! Ногаҳон аз куҷое пойафзоли даридаи резинӣ ба даҳонаш омаду писар хомӯш шуд. Моҳиён Ҷаҳонгирро ба соҳил бурданд. Соҳил пур аз партов буд: истакончаҳои коғазиву пластикӣ, коғазҳои ширинӣ, зарфҳои пластикӣ бо сарпӯшҳои парешон, халтаҳои селофанӣ, бастаҳои офтобпараст. Болои сараш ҳамоно сӯзанак парвоз мекард. – Чаро маро ором намегузорӣ? Бирав! Ба ҳолам гузор! Ҷаҳонгир якбора аз овози худаш бедор шуд. Ба атрофаш назар кард. Фаҳмид, ки ҳамаи ин хоб будааст. Оҳи сабуке кашид. «Хайрият, дар бедорӣ надидам», – ба худ гуфт ӯ. Вале хурсандие дар дилаш эҳсос накард. Вай аз саргаҳи ҷӯй оби тоза гирифта, ба хона баргашт. Ба модар хобашро ҳикоят кард. Модар ба писараш гуфт: Ҳар як хоб таъбире дорад. Писарам, аз ин хобат ибрат гир. Дар ҳар ҷо бепарвоёна гузоштани партов ё партофтани он ба ҳаёти ҳама, махсусан, ҷонварон, хатар дорад. Ҷаҳонгир рӯзи дигар бо чанде аз рафиқон ба назди ҳамон ҷӯй рафт. Онҳо бо худ халтаҳои калон, дастпӯшакҳои корӣ гирифтанд. Рафиқон якҷоя ҷӯйро аз хасу хошок, партовҳо тоза карданд. Халтаҳои селофанию зарф ҳои пластикиро дар борхалтаи калоне ҷамъ оварданд. Ҳама ҷо тоза шуд. Пас аз ин сокинони деҳа дар як моҳ ду маротиба ҷӯйбор ва атрофи онро тоза мекарданд. Ҷаҳонгир дигар барои об ба саргаҳи ҷӯй намерафт. Тамоми ҷӯй аз боло то поён поку зулол буд.

БА ХОТИР БИЁРЕД!

пиёдагардон бояд танҳо бо тарафи рости пиёдароҳа ҳаракат бикунанд, то ки ба дигар пиёдагардон халал нарасонанд. дар роҳҳои автомобилгарди берун аз маҳалли аҳолинишин бояд аз канори роҳ ба муқобили ҳаракати нақлиёт ҳаракат намуд, то ки шумо мошинро ва ронанда шуморо хуб дида тавонад. чорроҳа–ҷойи хавфноктарин дар роҳ ба ҳисоб меравад, бинобар ин аз чорроҳа танҳо бо гузаргоҳи пиёдагард ва ҳангоми сабз будани чароғаки пиёдагард гузаштан мумкин аст. пеш аз он ки кўчаро гузаред, аввал ба тарафи чап нигаред. Агар қисми мошингарди роҳ озод бошад, он гоҳ роҳро гузаред. Ҳангоми ба миёнаи (байни) роҳ омадан ба тарафи рост нигаред, агар дар наздикӣ нақлиёт набошад, он гоҳ роҳро боэҳтиёт гузаред. дар хотир дошта бошед, ки то 14- солагӣ бо велосипед ба роҳи мошингард баромадан манъ аст. велосипедрон ҳангоми ҳаракат бояд дастони худро аз рул (суккон) нагирад ва аз қафои мошинҳои ҳаракаткардаистода надорад. ҳеҷ вақт роҳро аз пеши мошини наздикомада давида нагузаред, чунки аз ҳама ронандаи ботаҷриба ҳам мошинро сари вақт боздошта наметавонад. дар назди роҳҳои автомобилгард бозӣ кардан мумкин нест. Барои бозӣ ҷойи махсус ҷудо карда шудааст.

ИНТИҚОЛИ (КАШОНИДАНИ) МАКТАББАЧАГОН

Дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо барои интиқоли мусофирон одатан автобусу троллейбусҳо ва автомобилҳои сабукрав хизмат мерасонанд. Барои аз хона то мактаб ва аз мактаб то ба хона бурдану овардани кўдакон автобусҳои махсус муқаррар карда шудааст. Дар шароити роҳҳои кўҳистони Тоҷикистон дар маҳалҳои аҳолинишин, ки гаштугузори нақлиёти мусофиркаш (автобусҳо) иҷозат дода намешавад, одамон ба воситаи нақлиёти боркаш, ки махсус барои интиқоли одамон таҷҳизонида мешавад, аз манзил ба манзиле расонида мешаванд. Ин гуна автомобилҳо бо аломати иловагии «Интиқоли кўдакон», ки шакли чоркунҷа дошта, дар дохили он сурати ду бачаи давидаистода акс ёфтааст, ишора карда шудаанд. Чароғҳои наздикбини ин гуна автомобилҳо бояд ҳангоми ҳаракат фурўзон бошанд. Кўдакону наврасон бояд аз канори роҳ, пиёдароҳа ё қафои (ақиб)-и автомобил аз зинапоя ба он савор шаванд. Ҳангоме ки ҳама ба дохили автомобил медароянд, бояд дар ҷойҳои нишаст биншинанд. Дар роҳ ҳангоми ҳаракат супоришҳои шахсони роҳбаладро бояд иҷро намоянд. Дар вақти ҳаракати нақлиёт аз ҷой хестан, дар болои девори бордон (бортҳо) нишастан, аз як ҷо ба ҷойи дигар гузаштан манъ аст. Аз автомобил танҳо аз тарафи пиёдароҳа фуромадан лозим аст. Бачаҳои азиз! Аз болои девори бордон (борт) ба қисми автомобилгарди роҳ ҷаҳидан ба ҳаёт ва саломатиатон хавфнок аст, чунки ба зери чархи мошини ҳаракаткунандаи дигар мондан мумкин аст.

ҲАРАКАТИ ПИЁДАГАРДОН ДАР КЎЧАВУ РОҲҲОИ МОШИНГАРД ДАР ШАРОИТИ НОМУСОИДИИ ОБУ ҲАВО

Шароитҳои номусоидии обу ҳаво дараҷаи биниши ронандагон ва пиёдагардонро маҳдуд мегардонад. Масалан, ҳангоми фарорасии торикӣ ва боридани барфу борон шишаҳои пеши автомобилҳо хира шуда, ронандагон ашёи сари роҳро хуб дида ва дарк карда наметавонанд. Беҳтар он аст, ки хонандагон дар ҷузвдон ва сару либоси худ тасмачаҳои нургардон часпонанд, чунки ҳангоми ба он расидани равшании чароғи автомобил ронанда огоҳ мешавад, ки дар роҳ монеае вуҷуд дорад. Бачаҳои азиз! Ҳангоми фарорасии торикӣ ё номусоидии обу ҳаво дар ҷойҳои норавшани роҳ ба қисми автомобилгард набароед, чунки ронанда шуморо аз дурӣ дида ва дар ҳолати зарурӣ мошинро боздошта наметавонад. Дар вақти боридани барф дар роҳ ва шафати он бозӣ накунед, ҳаёти худро зери хатар нагузоред, зеро роҳ лағжонак мешавад ва сари вақт нигоҳ доштани мошин хеле мушкил ва ҳатто ғайриимкон мегардад. Бо ин коратон шумо ҳаёти худро зери хатар мегузоред.

Олами Афсонаҳо·Зеҳн·6 рӯз пешНашрия

БЕҲТАРИН БОШ!

Соати тарбиявӣ доштем. Аз талабагон як-як мепурсидам, ки дар оянда кадом касбро интихоб хоҳанд кард. Бисёриҳо шармгинона ҳарф мезаданд. Шарми онҳо аз ин ҳисоб буд, ки агар касби муҳимеро номбар мекарданд, дигар ҳамсинфон бо ҳар гуна садоҳои ҳамоҳанг ҳайрати худро ифода карданӣ мешуданд ва ё умуман писханд мезаданд. Онҳо рафиқони худро ба касби номбар кардаашон сазовор намедиданд. Дар ин миён танҳо ба посухи чанд нафар вокунише нишон дода нашуд. Дар поёни суҳбат ба онҳо гуфтам, ки инсоният ба намояндагони ҳамаи касбу корҳо эҳтиёҷ дорад ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҳар касе дар касби худ мутахассис бошад. Агар мо касби хуберо интихоб намуда, талаботи онро дар пояи баланди касбӣ иҷро накунем, аз он касбу кор ба инсонҳо манфиате намерасад. Аслан ҳамаи ихтисосҳо хубанд, аммо талаботи oнҳо бояд дар сатҳи зарурӣ иҷро гардад. Дар ин маврид ман аз суханони Дуглас Маллок ёдовар шудам, ки он сатрҳоро талабагон ҳамзамон ба дафтарҳои худ қайд мекарданд. Маллок гуфтааст: *«Агар натавонӣ, ки дар кӯҳи баланд дарахти арчае бошӣ, дар миёни водӣ буттае шав. Аммо талош бикун, то беҳтарин буттаи он мавзеъ бошӣ! Агар буттае нашудӣ, майсае шав, то манзараеро зебо бисозӣ! Агар гули хушбӯе шуда натавонӣ, най бишав. Аммо дар талоши он бош, ки ангуштнамои найзор бошӣ! Ҳама киштирон намешаванд, аммо маллоҳ будан ногузир аст. Дар ин дунё барои ҳар яки мо корҳои хурду бузурге ҳаст, ки бояд анҷом дода шаванд. Нахустин коре, ки бояд анҷом диҳем, ҳамон корест, ки ба мо наздиктар аст. Агар наметавонӣ шоҳроҳе бошӣ, пайроҳа шав! Агар наметавонӣ офтоб бошӣ, ситора шав! Меъёр аз бурдану бохтан иборат нест! Меъёр он аст, ки ҳар чӣ бошӣ, беҳтаринаш бош!»* Новобаста ба он ки инсон, бахусус мусулмон, намояндаи кадом касбу кор аст, бояд масъулияти худро дар беҳтарин ва зеботарин сурат ба анҷом расонад. Паёмбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) низ дар як ҳадисе ба ин маънӣ ишорат намуда, фармудаанд: «Худованд зебост, зебоиро дӯст медорад». Ҳадиси шарифро бо ҳарфҳои чашмрас ба тахтаи синф навишта, пурсидам: – Акнун кӣ мегӯяд, ки аз ин дастури набавӣ чӣ маъние бармеояд? Ба ин савол Маҳмуд, ки ҳамсинфон ӯро «файласуф» меномиданд, чунин посух дод: – Муаллим, доираи маънии ин ҳадис он қадар васеъ аст, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти моро дарбар мегирад. Яъне бояд ҳамаи кору фаъолияти мо, аз рафтору гуфтор сар карда, то ҷузъитарин амалҳоямон; нишастану бархостан, табассум кардану хандиданамон ҳам зебову бамаврид бошад. Ба фикри ман, ҳатто бояд дафтару китоб ва дигар ашёи хониши мо тозаву ботартиб бошанд. – Офарин, Маҳмуд! - гуфтам ман. - Беҳуда туро файласуф намегуфтаанд. Албатта, ҳамаи он зебоиҳое, ки моро иҳота кардаанд, дар ҳадис зикр шудааст. Яъне мусулмон бояд бо амалҳои зебову шоистааш шинохта шавад. Тамоми кору фаъолияташ бояд дар беҳтарин ва олитарин сурат анҷом пазирад.

Олами Афсонаҳо·Зеҳн·7 рӯз пешНашрия

НАВРЎЗӢ

Наврўзи наву соли наву кори нав омад, Дар кишвари дил файзи фараҳбори нав омад. Пўшида ба тан пираҳани тоза табиат, Булбул ба навои гулу гулзори нав омад. Аз домани худ абр басо дурру гуҳар рехт, Дар авҷи фалак барқи шарарбори нав омад. Дар шишаи тирезаи мо нақш кашида, Борони баҳор аз пайи осори нав омад. Бирбуда зи рухсораи сарчашма зулолӣ, Лойоба ба саркўбию рафтори нав омад. Ҳар сў нигарӣ ҷўши тараб, базми ҷавонӣ, Гулгун чу қадаҳ лолаи саршори нав омад. Савсан бигирифтаст ба бар ҷомаи нилӣ, Сархуш ба чаман наргиси хуммори нав омад. То гавҳари мақсуд зи саҳро ба каф ояд, Деҳқони ҳунарвар ба трактори нав омад. То бўса занад сабза кафи пои нигоре, Дар тору пуди қолии зангори нав омад. Бо тиру камон гарчи баҳор аст мунаққаш, Аммо бари дилшодии дилдори нав омад. Дар майса ниҳон донаву дар шоха шукуфа, Ҳар як ба ҳаводории асмори нав омад. Андар нафаси гарми замин барф шуда об, Мастонаву бо дағдаға анҳори нав омад. Ин шеър бувад туҳфаи идонаи Боқӣ, Аз ҳошияи дафтари ашъори нав омад.