НАМАК
Падару модари Париноз тамоми рӯз дар коранд, аммо бибиҷонаш доимо дар хона. Ӯ субҳгоҳон Паринозро «булбули хушхони бибӣ, лолаи хандони бибӣ» гӯён бо навозиш бедор мекунад. Барои Париноз санбӯсаву кулчақанд мепазад, кокулчаҳояшро бофта, ба мактаб мегуселонад. Аз ҳама муҳиммаш, дар иҷрои вазифаи хонагӣ ба Париноз ёрӣ
мерасонад.
Як рӯзаки баҳорон, як рӯзаки беборон Париноз аз мактаб омада, ғайричашмдод дари хонаашонро баста дид.
– Бибиҷон, ҳой, бибиҷон! – фарёд кард Париноз ва ногоҳ чашмаш ба коғазаки роғи дар афтод. Коғазакро гирифта, ин сатрҳоро хонд:
«Булбули бибӣ, ман ба хонаи аммаҷонат рафтам. Пагоҳ саҳарӣ меоям. Калидро аз ҳамсоя бигир. Хайр!»
Бе бибиҷон хона файзе надошт. Париноз аз зиқӣ намедонист чӣ кор кунад? Ногоҳ ба ёдаш омад, ки вазифаи хонагиро худаш бояд иҷро кунад, зеро имшаб бибиҷонаш нестанд.
Париноз аз ҷувздонаш китоби математикаро гирифта, ин масъаларо хонд: «Духтараке ба 18 дирам 3 халтача намак харид. Канӣ, ёбед: як халтачаи он чанд дирам аст?»
– Чанд дирам бошад? – худ ба худ ғурунгос зад Париноз ва ҳамин дам бибии меҳрубонаш ба ёдаш омад:
– Оҳ, агар бибиҷонам мебуданд, дар як дам мегуфтанд.
Ногоҳ фикре ба сари Париноз омаду аз шодӣ чашмонаш барқ заданд. Вай бод барин сӯйи ошхона давид, болои курсича баромаду аз рафи ҷевон як халтача намак гирифт ва навиштаҳои рӯйи онро хонд: «Намаки навъи якум. Нархаш 10 дирам».
Париноз халтачаро ба ҷояш гузошта, боз ҳам бод барин ҷониби миз давид ва ба дафтараш саросема чунин навишт: «Як халтача намак 10 дирам».
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё