НАВРЎЗӢ
Наврўзи наву соли наву кори нав омад,
Дар кишвари дил файзи фараҳбори нав омад.
Пўшида ба тан пираҳани тоза табиат,
Булбул ба навои гулу гулзори нав омад.
Аз домани худ абр басо дурру гуҳар рехт,
Дар авҷи фалак барқи шарарбори нав омад.
Дар шишаи тирезаи мо нақш кашида,
Борони баҳор аз пайи осори нав омад.
Бирбуда зи рухсораи сарчашма зулолӣ,
Лойоба ба саркўбию рафтори нав омад.
Ҳар сў нигарӣ ҷўши тараб, базми ҷавонӣ,
Гулгун чу қадаҳ лолаи саршори нав омад.
Савсан бигирифтаст ба бар ҷомаи нилӣ,
Сархуш ба чаман наргиси хуммори нав омад.
То гавҳари мақсуд зи саҳро ба каф ояд,
Деҳқони ҳунарвар ба трактори нав омад.
То бўса занад сабза кафи пои нигоре,
Дар тору пуди қолии зангори нав омад.
Бо тиру камон гарчи баҳор аст мунаққаш,
Аммо бари дилшодии дилдори нав омад.
Дар майса ниҳон донаву дар шоха шукуфа,
Ҳар як ба ҳаводории асмори нав омад.
Андар нафаси гарми замин барф шуда об,
Мастонаву бо дағдаға анҳори нав омад.
Ин шеър бувад туҳфаи идонаи Боқӣ,
Аз ҳошияи дафтари ашъори нав омад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё