ЧӢ ТАВР МАСРУР «Р» ГУФТАНРО ЁД ГИРИФТ
Масрур ном писарбачае «р» гуфта наметавонист.
Ба ӯ мегуфтанд:
– Канӣ, Масрур, «Мор» гӯй!
Ӯ «мол» мегуфт.
– Номат чист?
– Номам «Маслул», – мегуфт ӯ.
– «Тортанак» гӯй!
– Толтанак.
Яке аз рӯзҳо Масрур дар болои бом рӯболо дароз кашида, оҳиста-оҳиста гиря мекард. Дар ҳамин вақт як зоғи ало парида омада, ба шохи дарахти чормағзи рӯйи ҳавлӣ нишаст ва «қарр-қарр» кардан гирифт.
Масрур ҳарчанд ки бодиққат ба зоғ тақлид мекард, аммо дуруст талаффуз карда наметавонист.
Зоғ ҳарфи «р»-ро бо ҳар мақом: «қарр-қарр», «ррр, ррра, ррра» мегуфт. Масрур «қалл-қалл», ллла, ллла» мегуфт. Вай забонашро бо тамоми қувва ба ҳаракат медаровард, ҳатто забонаш монда шуда, лабонаш варам карданд.
Ногаҳон ӯ овози «Р»-ро чунон нағз талаффуз кард, ки худаш надониста монд.
– «Қаррр!»
Масрур боз як бор «қаррр» гуфт. Нағз баромад. Пайи ҳам чанд бори дигар такрор кард. Бисёр хуб. Масрур хеле завқ кард, такроркунон аз болои бом фаромад. Ӯ «р-р-р» гӯён тозон ба пеши бачаҳо рафт ва шодон гуфт:
– Ман «р-р-р» гуфтанро ёд гирифтам!
Канӣ, – гуфтанд бачаҳо, ба мо ягон чизро номбар кун.
Масрур дер фикр карда наистода гуфт:
Арра, сара, Соро, рама.
Бачаҳо дар ҳайрат монданд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё