Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·2 рӯз пешНашрия

ЭҲСОСАМРО ШИНОСАМ

Ҳар кас меҳрубон бошад,
Хуршеди тобон бошад.
Ҳар кас номеҳрубон аст,
Халқ аз ӯ рӯгардон аст…

Надорад ҳар касе сабр,
Кунад ба ҷони худ ҷабр.
Сабру тамкин гуворост,
Қимат аз симу тилост.

Асабӣ гаштан бад аст,
Бигир худатро ба даст.
Ҳар кас ки бошад ором,
Нагардад бесаранҷом…

Ҳар он кас ки метарсад,
Чун барги бед меларзад.
Ҳар он кас ки натарсад,
Ба мақсадаш мерасад…

Эҳсоси нотавонӣ
Дорад басе гаронӣ.
Тавоноиву бовар
Касро кунад диловар…

Ҳар кас ки мехӯрад ғам,
Кунад умри худро кам.
Ҳар ки хурсанду шод аст,
Зиндагиаш обод аст.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.