ИНТИҚОЛИ (КАШОНИДАНИ) МАКТАББАЧАГОН
Дар шаҳр ва маркази ноҳияҳо барои интиқоли мусофирон одатан автобусу троллейбусҳо ва автомобилҳои сабукрав хизмат мерасонанд. Барои аз хона то мактаб ва аз мактаб то ба хона бурдану овардани кўдакон автобусҳои махсус муқаррар карда шудааст.
Дар шароити роҳҳои кўҳистони Тоҷикистон дар маҳалҳои аҳолинишин, ки гаштугузори нақлиёти мусофиркаш (автобусҳо) иҷозат дода намешавад, одамон ба воситаи нақлиёти боркаш, ки махсус барои интиқоли одамон таҷҳизонида мешавад, аз манзил ба манзиле расонида мешаванд.
Ин гуна автомобилҳо бо аломати иловагии «Интиқоли кўдакон», ки шакли чоркунҷа дошта, дар дохили он сурати ду бачаи давидаистода акс ёфтааст, ишора карда шудаанд.
Чароғҳои наздикбини ин гуна автомобилҳо бояд ҳангоми ҳаракат фурўзон бошанд. Кўдакону наврасон бояд аз канори роҳ, пиёдароҳа ё қафои (ақиб)-и автомобил аз зинапоя ба он савор шаванд.
Ҳангоме ки ҳама ба дохили автомобил медароянд, бояд дар ҷойҳои нишаст биншинанд. Дар роҳ ҳангоми ҳаракат супоришҳои шахсони роҳбаладро бояд иҷро намоянд.
Дар вақти ҳаракати нақлиёт аз ҷой хестан, дар болои девори бордон (бортҳо) нишастан, аз як ҷо ба ҷойи дигар гузаштан манъ аст. Аз автомобил танҳо аз тарафи пиёдароҳа фуромадан лозим аст.
Бачаҳои азиз! Аз болои девори бордон (борт) ба қисми автомобилгарди роҳ ҷаҳидан ба ҳаёт ва саломатиатон хавфнок аст, чунки ба зери чархи мошини ҳаракаткунандаи дигар мондан мумкин аст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё