БА ХОТИР БИЁРЕД!
- пиёдагардон бояд танҳо бо тарафи рости пиёдароҳа ҳаракат бикунанд, то ки ба дигар пиёдагардон халал нарасонанд.
- дар роҳҳои автомобилгарди берун аз маҳалли аҳолинишин бояд аз канори роҳ ба муқобили ҳаракати нақлиёт ҳаракат намуд, то ки шумо мошинро ва ронанда шуморо хуб дида тавонад.
- чорроҳа–ҷойи хавфноктарин дар роҳ ба ҳисоб меравад, бинобар ин аз чорроҳа танҳо бо гузаргоҳи пиёдагард ва ҳангоми сабз будани чароғаки пиёдагард гузаштан мумкин аст.
- пеш аз он ки кўчаро гузаред, аввал ба тарафи чап нигаред. Агар қисми мошингарди роҳ озод бошад, он гоҳ роҳро гузаред. Ҳангоми ба миёнаи (байни) роҳ омадан ба тарафи рост нигаред, агар дар наздикӣ нақлиёт набошад, он гоҳ роҳро боэҳтиёт гузаред.
- дар хотир дошта бошед, ки то 14- солагӣ бо велосипед ба роҳи мошингард баромадан манъ аст.
- велосипедрон ҳангоми ҳаракат бояд дастони худро аз рул (суккон) нагирад ва аз қафои мошинҳои ҳаракаткардаистода надорад.
- ҳеҷ вақт роҳро аз пеши мошини наздикомада давида нагузаред, чунки аз ҳама ронандаи ботаҷриба ҳам мошинро сари вақт боздошта наметавонад.
- дар назди роҳҳои автомобилгард бозӣ кардан мумкин нест. Барои бозӣ ҷойи махсус ҷудо карда шудааст.
1
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё