БАРОИ ЧӢ ДАСТ МЕШӮЯНД?
Шумо ҳар саҳар аз хоб хеста, дасту рӯй мешӯед. Аз мактаб биёед, модар мепурсад:
– Дасту рӯятро шустӣ? Пас аз бозӣ боз мепурсад:
– Дасту рӯятро шустӣ? Шумо мегӯед:
– Саҳар дасту рӯямро шустам. Бас нест? Охир, дастонам чиркин не-ку?
– Чаро дасту рӯйро зуд-зуд бояд шуст?
Падару модар, омӯзгорон, хоҳару бародарон шуморо зуд - зуд ба шустани дасту рӯй водор мекунанд. Барои чӣ онҳо мехоҳанд, ки шумо зуд-зуд дасту рӯйро бишӯед?
Агар дасту рӯйро нашӯед, чӣ рух медиҳад?
Микробҳо ба дасту рӯйи одам часпида меистанд. Агар одам дасту рӯяшро нашӯяд, ифлосӣ ва микроб ба дохили баданаш ворид шуда, ӯро ба бемориҳои гуногун гирифтор мекунад…
микроб – заррачаҳое мебошанд, ки ҳангоми ба бадан ворид шудан одамро бемор мекунанд. Микробҳо чунон хурданд, ки бо чашм онҳоро дидан ғайриимкон аст.
Микробҳо чӣ гуна вориди бадани одам мешаванд? Микробҳо метавонанд бо роҳҳои гуногун ба бадани одам дароянд. Масалан, ҳангоми хӯрдани сабзавоту меваҷоти ношуста, ҳангоми даст расондан ба хок, дару девор, хоридани узвҳо, ҳоҷатхона рафтан, бозӣ кардан ё даст расондан ба ҳайвонот. Бозичаҳо ё одами дастонаш ношуста низ метавонанд микроб дошта бошанд.
Аз микроб кадом бемориҳо пайдо мешаванд?
Аз микроб бемориҳои дарди шикам, шикамравӣ, кирми рӯдаю меъда, дарди гулӯ, хоришак ва дигар бемориҳо пайдо мешаванд. Ин бемориҳо бадани одамро заиф, ҷисмашро лоғар ва беҳолу бемадор мекунанд…
Кай дастҳоро шустан лозим аст?
Пас аз хоб ва баъд аз хоб. Пеш ва пас аз хӯрок хӯрдан. Пас аз бозӣ ва сайру саёҳат.
Баъди нигоҳубин, бозӣ ё сила кардани ҳайвонот.
Дастҳоро чӣ гуна беҳтар шустан мумкин аст?
Саросема нашуда, пурра панҷаро бо ангуштон, кафи даст, пушти каф ва банди даст шустан лозим аст. Медонед, ки одамон одатан се бор дасти худро мешӯянд? Ин одат барои хубтар тоза шудани даст аст. Дастҳоро бо собун бояд шуст, чунки собун пӯсти одамро аз микробҳо пок мекунад.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё