Зеҳн
Олами Афсонаҳо·Барномасоз·2 рӯз пешНашрия

ПАРВОНАИ АТЛАСБОФ

Дар табиат парвонаҳои зиёд мавҷуданд: сурху сафед, зарду сиёҳ, кабуду сабз, якрангу рангоранг. Ин парвонаро шинохтед? Ин парвонаи пилла аст. Вай аз торҳои абрешим дар атрофи худаш ғӯзаи пилла мебофад. Парвона баҳор тухмҳои хурди назарногир мегузорад. Аз тухми парвона кирмакҳо пайдо мешаванд.

Кирмакҳоро дар пиллахона парвариш мекунанд. Онҳо танҳо барги дарахти тут мехӯранд. Кирмакҳо шабу рӯз мехӯранду мехӯранд. Кирмакҳо калон мешаванд. Баъди 25 – 30 рӯз пилла метананд.

Одамон пилларо бо даст ҷамъоварӣ мекунанд. Пиллаҳои ҷамъовардаро ба корхонаи пилларесӣ месупоранд. Дар корхона ғӯзаи бофтаи кирми пилларо мекушоянд. Медонед, чӣ мешавад? Он ба нахи хеле дарози абрешимӣ табдил меёбад.

Нахҳоро дар коргоҳ даста- даста ҷудо мекунанд. Нахҳоро бо рахҳои гуногун ранг мекунанд. Аз риштаҳои рангин бо дастгоҳи бофандагӣ атлас мебофанд. Аз атлас либос медӯзанд.

Либоси атласро, одатан, дар рӯзҳои иду хурсандӣ, хусусан дар ҷашни Наврӯз мепӯшанд.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.