
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
Бо нигоҳи ту
Бо нигаҳи ту тавъам аст шаъшаъаи ҷавониям, Мерави ҳазф мешавад номаи комрониям. Огаҳи аз ниёзи ман рамзкушои рози ман, Чун Хати субҳ ошкор пиши ту ҳар ниҳониям. Хоки танам мабин чунин ин қафасист руҳро, Бо ту уруҷ мекунад нимаи осмониям. Вазъи баҳор доштам зири ҳимояи шубоб, Эй ки насиби чашми туст. марҳалаи хазониям. Қатъи умед кардаам аз ҳама ғайри даргаҳат, Худ ба ҳарими худ бикаш худ ба худат расониям. Ин ҳама гирудор чист, бозии дилбаронаат, То ба куҷо расониям то ба куҷо берониям. Зурваи қадр он бувад фозил агар тавон расид, Гу ба хушӣ бехон маро то ба тараб расониям
Доруи мушкушак
Зани Мушфиқӣ ба шавҳар таъна зада гуфт: — Аз ин қадар хонашинӣ чӣ мегиред? Шумо ҳам мисли дигар шавҳарҳо ягон касбу кори фоиданок дошта бошеду… Мушфиқӣ бисёр фикр карда, охир касби доруфурӯширо мувофиқ ёфт. Вай як рӯз дар маркази бозор як халтача хокистарро монда, «Доруи мушкушак мефурӯшам, доруи мушкушак!» гӯён фарёд задан гирифт. Ба харидорон аз ҳамон хокистар ба коғазҳо кам-кам печонда медод. Як харидор тариқаи кор фармудани ин «дору»-ро пурсид. Мушфиқӣ ҷавоб дод: — Аввал мушро дореду аз думаш гирифта, ба замин хуб занед. Баъд ба ҳоли худаш монда, як лаҳзае нигоҳ карда истед. Дидед, ки муш ҳеҷ ҳаракат намекунад, баъд аз ин дору ба даҳону бинии вай камтар ҷо диҳед. Ана, бо ҳамин муш ҷо ба ҷо мемурад ва шумо аз зараррасонии вай халос мешавед! Харидор гуфт: — Шумо одами аҷиб будед-ку! Баъд аз он ки мушро доштам, бе доруи шумо ҳам зада мекушам! — Шумо аввал аз доруи ман харед, баъд мушро хоҳ аз рӯйи гуфти ман кушеду хоҳ аз рӯйи гуфти худатон — ихтиёр дар дасти бахтиёр! — ҷавоб дод Мушфиқӣ.
Ҳоҷа Ҳофиз ва хиштрез
Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ аз роҳе мегузашт. Дар паҳлуи роҳ як хиштрезро дид, ки шеърҳои ӯро ғалат-ғалат хонда истодааст. Ҳофиз андак гӯш доду баъд якбора хиштҳои рехтамондаи хиштрезро пахш карда гузаштан гирифт. Хиштрез ӯро дида, тохта омаду аз гиребонаш гирифта, дашном дод: — Магар чашмат кӯр аст, ки роҳро монда, аз болои хиштҳо меравӣ ва меҳнати маро барбод медиҳӣ? Ҳофиз ҳам гиребони ӯро маҳкам ҷуфт карда гирифта, гуфт: — Магар ту девонаӣ, ки шеърҳои хуни дил хӯрда навиштаи маро расво карда, ғалат мехонӣ?!
Ду сураткаш
Ду сураткаш дар устодӣ ва санъаткорӣ бо ҳам мудом баҳс мекарданд. Сураткаши якум сурати як сар ангурро чунон устодона кашид, ки дар дидан аз ангури ҳақиқӣ ҳеҷ фарқ намекард. Вақте ки он суратро ба шохи дарахте овехта монд, баъзе парандаҳо онро ангури ҳақиқӣ пиндошта, омада ба вай нӯл мезаданд. Сураткаш ин ҳолро ба рақиби худ нишон дода, баландии санъати худро исбот кард. Сураткаши дуюм барои нишон додани санъаташ сураткаши якумро ба хонааш бурд ва пардаеро нишон дода гуфт: — Санъатҳои ман дар пушти ҳамин парда истодаанд. Назар кун, меписандӣ ё не? Сураткаши якум даст бурда, мехост пардаро бардорад, лекин дид, ки он парда набуда, сурати пардае будааст, ки дар девори хона моҳирона кашида шудааст.
ҚУДРАТИ ТАБАССУМ
Марде ҳар рӯз дар бозор савдо мекард. У харидоронро ҳамеша бо табассум пешвоз мегирифт. Мусофире аз ӯ пурсид: — Табассум аз чеҳраатон дур намешавад. Оё шумо ягон душворӣ ё ташвиш надоред? Фурӯшанда ҷавоб дод: — Албатта, ман ҳам ташвиш дорам. Аммо ман инро дарк кардам: агар табассум кунам, дардам сабук мешавад, муштариёнам низ дар дилашон нур эҳсос мекунанд. Агар рӯй барам, дилашон ҳам тира мешавад. Аз ин одати ман одамон на танҳо барои харидан, балки ба дилашон нур гирифтан ба назди ман меомаданд. Ҳикмат: Табассум як амали хурд аст, аммо ба дилҳо равшанӣ мебахшад ва зиндагиро осон мекунад.
Воқеият
Воқеияти худсохта мисли айнакест, ки ҳамеша бар чашм дорем, вале доштани онро фаромӯш кардаем. Ҳар чизеро бо он мебинем ва гумон мекунем, ки ҷаҳон маҳз ҳамин аст. Аммо ҷаҳон бе он айнак дигаргуна аст. Барои диданаш бояд айнакро бардорем. Ин тарснок аст, зеро бе айнак ҳама чиз номаълум менамояд. Дар ҳамин номуайянӣ ҳақиқат ҳаст, ҳузур ҳаст ва Ӯ ҳаст. Пас айнакро бардор ва ба ҳақиқат нигар. Бидон: айнак сохтаи туст, на бархоста аз ҳақиқати ту. Ҳақиқат аз Ӯст — нишонае аз Ӯ. Ту оинадори он ҳастӣ. Оина офтоб намешавад — танҳо нурро бозметобонад. Ин ҳикоят тамсил аст, на нақли воқеаи рӯйдода. Касе ба пирамарде гуфт: — Ман ҳақиқатро мебинам. Пирамард пурсид: — Чиро мебинӣ? Мард гуфт: — Ҳамон чизеро, ки ҳама мебинанд. Пирамард хандид: — Пас ту воқеияти ҳамаро мебинӣ, на ҳақиқатро. Ҳақиқат он чизест, ки кас то айнакашро набардорад, намебинад. Мард пурсид: — Яъне чӣ? Пирамард гуфт: — Яъне ту аз паси айнаки сохтаҳои худ менигарӣ. Айнакро бардор ва бубин, ки ҷаҳон чӣ ранг дорад.
МОҲИГИР
Марде тамоми умр бо пешаи моҳигирӣ баракати зиндагии хонадонашро таъмин мекард. Зану кӯдаконаш аз чизе камӣ надоштанд. Рӯзе дар канори соҳил нишаста, тӯрашро ба дарё партофту пинак рафт. Баъди чанде сар бардошта тӯрро назар карда 3-4 моҳиро даруни он дид. «Кам аст», гуфту, сайдашро аз об нагирифта, дубора ба дарё партофту пинак рафт. Соате баъд тӯрашро аз нав хабар гирифт: 6-7 дона моҳӣ беқарорӣ доштанд. Қаноат накард. – Каме дам мегирам, ҳамин ки бегоҳ шуд, якбора онро бо моҳии зиёд аз об гирифта ба хона бармегардам, - аз дил гузаронд моҳигир. Бегоҳ шуд. Моҳигир хост тӯри пур аз моҳиашро аз дарё бардошта, ризқи фарзандонашро ба манзилаш бубарад. Аз тӯр дарак набуд: вазни моҳии бисёр тӯрро канда бурдааст. Мард аз карда пушаймон шуда, бо сари хам ва дасти холӣ ба хона баргашт. – Чӣ шуд? Чи ҳодиса рух дод? - пурсид ҳамсараш, ки бори нахуст ӯро бо дасти холӣ медид. – Бисёр талаб макун, ба кам зор шавӣ, - гуфтаанд бузургон. Ман имрӯз ин пандро сарфи назар кардаму аз ёфта бенасиб мондам, - гуфт мард.
МУСИЧА
Дар таги долони зан мусичае лона гузошта буд. Рӯзе соҳибхона чириқ-чириқи форами чӯҷаҳои мусичаро шунида, ба лонаи онҳо назар кард. Се мусича беқаророна овоз бароварда, бо даҳони боз модарашонро интизорӣ мекашиданд. Мусича дар минқораш анвои гуногуни ғизоро меоварду чӯҷаҳояшро сер мекард. Ин ҳолат се-чор рӯз давом кард. Соҳибхона ҳар субҳидам аз хоб мехесту қабл аз оғози корҳои хона ба лонаи мусича назар карда аз рафтори онҳо ҳаловат мебурд. Рӯзе дид, ки мусича бо болҳояш чӯҷачаашро аз лона берун кардан мехоҳад. Чӯҷаи бечора парвоз карда наметавонад, аммо модар ӯро тела медод. Зан аз ин рафтори мусича дар ҳайрат шуд. «Наход паррандагон дар нисбати фарзанди худ чунин бераҳмиро раво бинанд? Чаро? Чаро ӯ фарзандашро озор медиҳад? Охир, бечора чӯҷа ҳозир аз лона ба замин афтода мемурад», - аз дил мегузарононд соҳибхона. Мусича бори дигар чӯҷачаашро аз лона берун тела дод. Чӯҷаи хурдакак ба замин сарозер шуд. Аз тарс овоз мебароварду пару болҳояшро меафшонд: ба замин нарасида парвоз кард. Ҳамин тавр, баъди чанд рӯз мусичаҳо парвозӣ шуда, лонаро тарк карданд. Зан дар банди андеша афтод: «Ин мусича ба ман сабақи зиндагӣ омӯхт. Мо, фарзандони Одам, пайваста кӯшиш мекунем, ки фарзандонамон аз канорамон дур набошанд. Мустақилияташонро маҳдуд месозем, аммо мусича ба фарзандонаш парвоз кардан, озодона болу пар заданро меомӯзад. Ана, ин аст модар будан ва фарзандро тарбият кардан!»
ИЛМ БОЯД ЧАРОҒИ АҚЛ БОШАД, НА СОЯИ ТАРС
Рӯзе дар як шаҳри кӯҳна, мактабе буд, ки дар он кӯдакон танҳо хондани кӯр-кӯрона ва азёд кардани матнҳоро меомӯхтанд. Савол пурсидан ҷоиз набуд, фикр кардан гуноҳ шуморида мешуд. Солҳо мегузаштанд, вале ҷаҳон тағйир меёфт. Дар ҳамин рӯзгор гурӯҳе аз ҷавонони бедордил пайдо шуданд. Онҳоро ҷадидон меномиданд — яъне касоне, ки навандешӣ ва навомӯзиро пеша карданд. Онҳо гуфтанд: «Илм бояд чароғи ақл бошад, на сояи тарс.» Ҷадидон мактабҳои нав кушоданд, ки дар онҳо хондану навиштан, ҳисоб, ҷуғрофия, таърих ва илмҳои замонавӣ омӯзонда мешуд. Муаллимон ба шогирдон иҷозат медоданд савол диҳанд, фикр кунанд, баҳс намоянд. Барои ҷадидон китоб муқаддас, омӯзгор роҳнамо ва шогирд умеди фардо буд. Гарчанде бархе онҳоро мазаммат карданд, ҷадидон ақиб нанишастанд. Онҳо бовар доштанд, ки миллат танҳо бо илм, маърифат ва худшиносӣ зинда мемонад. Калимаҳои онҳо дар дилҳо тухми бедорӣ кошт. Солҳо сипарӣ шуданд. Мактабҳои нав зиёд гаштанд, китобҳо паҳн шуданд ва андешаи нав реша давонд. Ҳарчанд роҳашон осон набуд, ҷадидон дар таърих ҳамчун бедоргарони миллат боқӣ монданд. Панд: Миллате, ки ба илму маърифат рӯ меорад, роҳи ояндаро равшан мекунад.
ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
Чаро модарон ин қадар ба осонӣ гирён мешаванд? Писаре аз модараш пурсид: Модар, чаро гиря мекунӣ? Гуфт: Зеро ман як зан ҳастам. Писар гуфт: Ман инро намефаҳмам. Модар ӯро ба оғӯш кашида гуфт: Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид... Пас писар аз падар пурсид, ки чаро модарам бе сабаб гиря мекунад. Падар гуфт, ки ҳамаи занон бе сабаб гиря мекунанд. Писарак ба воя расид ва то ҳол намедонист, ки чаро занон гиря мекунанд. Инак рӯзе бо соддагӣ аз ҳакиме пурсид: Чаро занон гиря мекунанд? Хирадманд посух дод: Вақте, ки зан офарида шуд, Аллоҳ барояш китфони пурқувват дод, то ки вазниниҳои оламро бардорад. Ва дасту бозуи нарм дод, то ки ба мо роҳат бахшад. Барояш қувваи дохилие, дод барои бардошти таваллуди кӯдак ва барои бардошт кардани он лаҳзае, ки ӯро тарк мекунанд (баъди ба воя расидан). Барояш салобат ва маҳкамие бахшид, ки мушкилиҳои хонавода ва наздиконро паси сар кунад ва ҳамеша ғамхори эшон бошад. Ва барояш муҳаббати фарзандонашро додааст, ки хотима намеёбад ва дигаргун намешавад (ҳатто агар фарзандон сабаби дарду аламҳояш шаванд ҳам). Муҳаббати шавҳарашро ато кардааст, то ки дар хидмати ӯ бошад ва рафторҳои нохушоянди ӯро фаромуш созад. Ҳикмате барояш дода, то хонаводаро танзим кунад. Ва ахиран "АШК" – ро барояш дода, то ки онро бирезад, то вазниниҳои он ҳама масъулиятро афканад ва роҳи худро идома диҳад. Ин ҳам ягона нуқтаи заъфи ӯст. Барои ҳамин агар ӯро дидӣ, ки АШК МЕРЕЗАД, барояш бигӯ: "Модарҷон туро дӯст медорам ва ҳама он кору талоши туро қадр мекунам..." Агарчанде гиряи худро идома медиҳад, лекин эҳсоси роҳат хоҳад кард. Чӣ қадар бузург аст МОДАР!
ҲИКМАТИ ХУШ ЗИСТАН
Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт: - Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад? Пир ҷавоб гуфт: - Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам ҳамин суолро аз устодам пурсида будам. Устоди ман ҳафтодсола буд ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки гӯё ӯ бе ягон сабаб механдад. Он гоҳ ӯ ба ман гуфта буд: - Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Ногоҳ фикре ба сарам омад: «Ин зиндагии ман аст, пас интихоб ҳам дар дасти ман аст. Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам». Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ, вақте бедор мешавам, аз худ суол мекунам: Имрӯз чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам. РӮЗИ ХУШУ ТАБЪИ БОЛИДА ҲАМРОҲАТОН БОШАД, ДӮСТОНИ АРҶМАНД!
ДУ БАРОДАР
Модар ду писар дошт. Писари калонӣ - Салим фарбеҳ буду танбал ва кораш рӯзу шаб хӯрдану хобидан. Писари хурдӣ - Раҳим хароб буду заиф, чаққонак ва меҳнатдӯст. Модар рӯзе аз рӯзҳои фасли поиз аз фарзандонаш хоҳиш кард: – Ҷону ҷигаракони оча, фасли тирамоҳ аст. Писаронам, тирамоҳ, бояд ғами зимистонро хӯрд. Хуб мешуд, ки ба кӯҳ баромада ҳезум чинед. Салимҷон, додаракат Раҳимро эҳтиёт кун. Ӯ нисбат ба ту хурд аст, аз ӯҳдаи бардоштани бори вазнин баромада наметавонад, - ва «тӯшаи роҳ» гуён ба миёнбанди бародарон нон басту ба дасташон кадуи обро дода, ба кӯҳ гуселашон кард. Ҳамин ки нахустин дараро гузашта, ба миёни пистазор даромаданд, Салим ба додараш амр кард: – Раҳимҷон, табарро гирифта, аз дарахтон шохаҳои хушкидаро зада дарза бастан гир. Ман каме дам мегираму баъд ба ту ёрӣ мерасонам, - ва ҷомаашро ба замин густурда пинак рафт. Раҳим бошад, бо ҳавсалаи зиёд ба кор сар кард: бо табарчааш шохаҳои хушки дарахтонро бурида ду дарза ҳезум тайёр кард ба бародараш, ки баҳузур мехобид, гуфт: – Акаҷон, хез. Нону обро мехӯрему ба хонаамон бар-мегардем, ман ду дарза ҳезум тайёр кардам. Салим хамёзакунон аз хоб хест. – Ман нону обро ким кайҳо хӯрда будам. Биё, ба ту ёрӣ мерасонам - гуфта ҳарду дарза ҳезумро ба пушти додараш ниҳода, худ аз қафо химчаеро гирифта амр кард. – Рафтем. Раҳим беинсофии бародарашро дида хоҳиш кард: – Раҳм кун, акаҷон! Ақаллан як дарзаашро ту бардор. Аммо бародари фарбеҳи шикампараст ба зорию илтимоси додараш аҳамияте надода, ба сараш дод зад: – Тез-тез роҳ гард, рӯз рӯ ба торикӣ оварда истодааст, боз ягон гург луқмаи хомамон накунад! Раҳим, ки бисёр бачаи боақл буд, аз дил гузаронид: «Ман бояд ҷазои бародарамро диҳам, то ки дигар беинсофӣ накунад.» Ва баъди ду - се қадам мондан худро ба рӯи замин партофта, ба беҳушӣ зад. Инро дида Салим сахт тарсид ва ба зорию нола даромад: – Додаракам, Раҳимҷон! Ба ту чӣ шуд? Модарамон «Додаратро эҳтиёт накардӣ»-гуфта маро мекушад. Хоҳиш мекунам, чашмонатро кушо! Раҳим бо чашмони пӯшида ҳамоно хомӯш буд. Салим ду дарза ҳезумро ба якдигар баста болои онҳо ҷомаашро партофта Раҳимро болои ҳезум хобонда бандро аз китфонаш гузаронду то ба хонаашон бардошта овард. Баробари ба ҳавлиашон даромадан Раҳим аз пушти бародараш фуромада нидо кард: – Акаҷон, ин қадар тез расидем?! Салим, ки акнун гуноҳашро фаҳмида буд, арақи пешониашро бо пушти даст пок карда ба додараш гуфт: – Илтимос, ҳодисаи шударо ба модар нагӯй. Модар овози фарзандонро шунида, аз хона баромаду дарзаҳои ҳезумро дида, бо як навъ эҳсоси қаноат ва хушнудӣ гуфт: – Шукр, ки сиҳату саломат, бо дасти пур ба хона баргаштед. Агар боз 4-5 бори дигар ба кӯҳ бароед, зимистонро бе мушкилӣ пушти сар хоҳем кард, қобилакони оча!
ТОВУС
Рӯзе аз рӯзҳо товус барои шикастани ташнагиаш хиромида ба соҳили рӯд омад. Дар оби чун оина шаффофу беғубор акси худро дида хеле шод шуд. Аз тамошои пару болҳои рангорангаш ҳаловат мебурд. Чун дида ба пойҳояш дӯхт, ғамгин гашт. –Чи пойҳои безеб ва каҷу килеберо Худованд ба ман додааст, -дар соҳили рӯди шухоб ба худ нигариста, аз дил мегузаронид товус: Аз ин пойҳои хунук халос шудан даркор. Дар ҳамин ҳолат рӯбоҳе поида ба ӯ наздик шуд. Товус акси маргашро дар об дида бо пойҳои каҷу ки-лебаш чунон давид, ки рӯбоҳ ӯро дошта натавонист… аммо пару болҳои зебову мунаққаш дар чанд ҷо ба шохаи буттаҳои навруста дармонда, қариб буд ӯро луқмаи рӯбоҳи гурусна кунанд. Товус бо меҳр ба пойҳои каҷу килебаш нигариста аз нақшаи дар дил кашидааш шарм карда гуфт: –Ҷонамро аз марг болу парҳои зебо не, ҳамин пойҳои каҷу килебам раҳониданд. Раҳмат ба шумо, балогар-донҳои ман!
БУЛБУЛ
Дар як макон, дар як замон, дар як ҷойи хеле хушманзара ва хушбодуҳаво боғе будааст, ки дарахтони зиёди мевадиҳанда, ороишӣ ва гулҳои рангоранг доштааст. Илова ба ҳама зебоиҳои боғ боз дар он булбуле нағмасароӣ мекардааст, ки овози хеле фораму дилнишину зебо доштааст. Боғбон булбулро хеле дӯст медошт. Ҳар меҳмоне ба боғ ташриф оварад, албата булбулро ба ӯ шинос мекард. Булбул бошад ба дӯстдориҳои боғбон ҷавоб гуфта бо овози фораму хуши худ суруд хонда меҳмонони боғбонро шод мекардааст. Боғбон мағзи пистаро ба минқори булбул мемонду бо оби набот зиёфаташ мекард. Дӯстии боғбон ва булбул дер давом накард. Паррандаҳои гуногуни даруни боғ аз меҳру муҳаббати боғбону булбул рашк бурда, ҳасад хӯрда бо ҳам ҷамъ меоянду маслиҳат мекунанд. Яке мегуфт, ки“мо ҳам мисли булбул парранда, чаро ӯ азизу мо киха”. Дигаре мегуфт, ки “то булбул дар ин боғ ҳаст, нисбати мо меҳрубонӣ нест”. Сеюмӣ мегуфт, ки “байни боғбону булбул низоъ бояд андохт”. Ҳар кадоме аз паррандаҳо бо навбат назди боғбон омада хушомад мезаданду нисбати булбул бадгӯӣ мекарданд. Яке мегуфт, ки “Боғбонҷон, булбул бовиқор мегӯяд, ки ман шоҳи паррандаҳоям ва меҳмонон назди боғбон нею, балки барои шунидани овози ман меоянд”. Паррандаи дигар мегуфт “Булбул ҳамеша, шумо боғбони азизро, дар ғайбатон таҳқир мекунаду суханҳои носазо мегӯяд “ва ғайраву ғайраҳо. Боғбон аз шунидани чунин суханҳои носазо дар ҳаққаш ба ғазаб омада, булбулро аз боғ пеш карда: – Байни инсон ва парранда дӯстӣ набудааст, намехоҳам дигар туро дидан ва овозатро шунидан-гуфт. Булбул бехабар аз ҳасудиву иғвои ҳамҷинсонаш ва бовару рафтори боғбон ғамгин гашта, бо чашми наму бо дили пур аз ғам боғро тарк кард. Парид ба баландиҳо. Гузашт аз пуштаву дара, сари ҷару болои тепаҳои кӯҳистон. Расид ба назди арчаҳои баланди сарсабзи кӯҳистон. Гузошт лона ба шохи яке аз арчаҳои баланди сарсабз. Мурғакони озоди он диёр аз омадани меҳмони нав огоҳӣ ёфта назди ӯ меоянд. Булбул онҳоро хуш қабул мекунад. Мурғакон хоҳиш мекунанд, ки булбул барояшон суруде хонад, аммо ӯ узрхоҳӣ карда мегӯяд: –Хамҷинсони азизам, маро маъзур доред, дили пур аз ғам дорам, ҷудоӣ аз дӯсти азизам, маро ранҷур кардааст, маҷоли суруд хондан надорам гуфта ҳодисаи шударо ба онҳо ҳикоя мекунад. Мурғакони кӯҳистонӣ, ки орӣ аз кинаву адоват ва ҳасаду иғво буданд, бо ҳам маслиҳат карданд, ки ба булбули меҳмон ёрӣ расонанд. Яке аз онҳо парвоз кард сӯи он диёру он боғи зебо. Аз он зебоие, ки булбул таъриф карда буд, осоре надид. Шохи дарахтон шикастаю гулҳо аз беобӣ пажмурда, деворҳои боғ афтода ва боғбон бемор дар бистари марг. Соҳиби боғ бошад чуғзу буму якчанд паррандаи дигар. Онҳо шодону хандон ба якдигар мегуфтанд “Ҳай бобашон кардем. Аз дӯстии боғбону булбул мо дар азоб будем. Ана, вақти мо ҳам расид. Боғ аз они мо”. Ин ҳамаро дида мурғаки кӯҳистонӣ парвоз кард ба баландиҳо ва расид ба ҳамон арчаи баланди сарсабз ва булбулро дид, то ҳол гирёну нолон аз фироқи дӯст. – Ҳамболи азизам, булбул, - гуфт мурғаки кӯҳистонӣ – хезу бипар сӯи боғу роғат ва сӯи дӯстат-боғбон, ки дар фироқи ту ӯ низ бемор аст. Булбул аз шунидани бемории дӯсташ ба таҳлука афтод ва парид сӯи дашт, сӯи он боғ ва назди дӯсташ. Назди тирезаи хонаи боғбон нишасту суруди дӯстдоштаи ӯро зам-зама кард. Боғбон овози фораму суруди ошноро шунида об хост. Обаш доданд. Хест аз бистари беморӣ, баромад рӯи ҳавлӣ. Бидид булбули хушовозу хушнавояшро, узр хост ва гуфт: –Дӯсти азизам, аз дӯсти хушомадгӯй ҳазар кун, ки маккор аст. Ман ба макри онҳо дода шуда, қариб ҷони худ ва ҷони дӯсти ба ҷон баробарамро аз даст дода будам.
МАДҲИЯ
Мегӯянд, ки соле дар деҳи дуре омӯзгори пире зиндагӣ мекард. Ӯ ҳар саҳар ба мактаб меомад ва пеш аз дарс шогирдонашро гирд оварда, бо овози оҳиста мадҳияи давлатро мехонд. Як рӯз яке аз шогирдон пурсид: — Усто, чаро ҳар саҳар ин қадар бо эҳтиром мадҳияро мехонед? Охир, мо онро азхуд кардаем-ку. Устод табассум кард ва ба кӯдакон нигоҳ афканда гуфт: — Фарзандони ман, мадҳия танҳо як суруд нест. Ин овозест, ки моро ба якдигар мепайвандад. Вақте мо мадҳия мехонем, на танҳо калимаҳоро такрор мекунем — мо аҳди худро бо Ватан нав мекунем. Сипас ӯ ҳикояе нақл кард: — Солҳо пеш ҷавоне буд, ки барои дарёфти дониш ба сарзамини дур рафт. Пас аз солҳои зиёд ба Ватан баргашт. Ҳамин ки ба марзи кишвар қадам гузошт, садои мадҳияи давлатиро шунид. Дилаш аз шодӣ ларзид, ашк аз чашмонаш ҷорист ва гуфт: “Танҳо ҳамин суруд маро ба Ватан пайваст нигоҳ дошт.” Устод сукут кард ва илова намуд: — Мадҳия қуввае дорад, ки дилҳоро ба як ришта мечаспонад. Вақте як халқ бо як овоз мадҳия мехонад, қудрати ӯ садҳо маротиба зиёд мешавад. Шогирдон ба ҳамдигар нигариста, маънои сухани устодро дарк карданд. Аз он рӯз мадҳияро на танҳо аз рӯйи матн, балки аз рӯйи дил мехонданд — бо эҳтиром, муҳаббат ва ифтихор аз Ватан. Панд: Мадҳияи давлатӣ овози ягонагии миллат аст. Он сурудест, ки моро ба решаи хеш мебандад ва дар қалб ҳисси ватандориро бедор мекунад.
ОБОДИИ КИШВАР
Дар замони қадим подшоҳе буд, ки мехост кишварашро обод, мардумашро озод ва ҷомеаашро муттаҳид нигоҳ дорад. Вале ҳар қонунеро, ки рӯи коғаз меовард, баъзеҳо қабул мекарданд, баъзеҳо ба манфиати худ шарҳ медоданд. Мардум саргардон буданд: кӣ ҳақ дорад? Кӣ вазифа дорад? Кӣ аз кӣ муҳофизат мекунад? Рӯзе подшоҳ ба назди донандаи бузург – пире, ки мардум ӯро “Сипаҳри хирад” меномиданд, рафт ва гуфт: — Чӣ кунам, то миллатам ба як роҳ раванд ва ҳуқуқи ҳар кас ҳифз гардад? Пир табассум карда гуфт: — Эй подшоҳи адолатҷӯ, агар мехоҳӣ кишварат устувор монад, бояд қонуни асосӣ дошта бошӣ, ки монанди ҷоякуни нури офтоб ҳадафи ҳар касро равшан кунад. Он қонун аз ту болотар бошад, то ту худ ба он итоат кунӣ ва мардум бидонанд: дар ин сарзамин қонуни ягона бартарист, на сухани шахс. Баъд пирамард чаҳор санги қиматбаҳоро овард: 1. Санги ҳуқуқ, ки рамзи озодӣ буд. 2. Санги вазифа, ки рамзи масъулият буд. 3. Санги адолат, ки рамзи баробарӣ буд. 4. Санги ваҳдат, ки рамзи ягонагии миллат буд. Вай гуфт: — Агар ин чаҳор сангро дар як зинҷир пайванд кунӣ, онро Конститутсия меноманд. Он қалби давлат аст. Ҳар ҷо ки ҳуқуқи инсонро ҳимоят кунанд, вазифаи шаҳрвандро муайян созанд, адолатро фарқ нагузоранд ва мардумро муттаҳид нигоҳ доранд — он ҷо давлат поянда мешавад. Подшоҳ бо хирадмандон нишаста, чунин санаду қонуни асосӣ таҳия кард. Аз он рӯз мардум гуфтанд: “Кишваре, ки Конститутсия дорад, гӯё хонаи бо бунёди мустаҳкам аст — на аз шамол метарсад, на аз тӯфон.”
ҲАЁТ
Ҳаёти инсон роҳи озмоишҳои пайваста аст. Баъзан вақте ки мо ба ин роҳ қадам мегузорем, чунин ба назар мерасад, ки тамоми роҳи мо бо торикӣ пӯшида шудааст. Новобаста аз он ки ба кадом самт қадам мегузорем - шак, ба кадом дар даст мерасонем - қулф. Дар дил ҳазор савол, аммо дар дил танҳо як ҷавоб: "Чаро ин ба ман дода шудааст?" Санҷишҳо на барои шикастани инсон дода мешаванд, балки барои ошкор кардани имони ҳақиқии ӯ. Қалби инсон овози ҳақиқии худро маҳз дар лаҳзаҳои дард мешунавад. Зеро ҳар кас метавонад дар шодӣ миннатдор бошад, аммо шукргузорӣ ҳатто дар душворӣ сатҳи баландтарини дил аст. Мушкилтарин чиз барои инсон ин аст, ки бадиро ба ёд наоред, ғамро таҳаммул накунед, гузаштаро раҳо кунед. Аммо ин калиди қавитарин аст. Зеро то он даме, ки дилатон вазнин бошад, шумо наметавонед ба даре, ки Аллоҳ барои шумо бо қадамҳои сабук кушодааст, ворид шавед. Камоли ҳақиқии инсон бо дард навишта мешавад, бо сабр парвариш меёбад ва танҳо бо дуо меафзояд. ХУДО НИГАҲБОНИ ШУМО!
ҲИКМАТИ ПИРАЗАН
Гӯянд, ки як подшоҳ дар мамлакате зиндагӣ мекард, ки номи ҳукумати ӯ ба одилӣ шуҳрат дошт. Бо вуҷуди ин, худаш бисёр вақт аз вазиронаш шикоят мекард: – Ман чӣ тавр донам, ки кӣ хирадманд асту кӣ не? Чӣ тавр фаҳмам, ки ба кӣ масъулияти калон бовар кунам? Як рӯз ба ӯ гуфтанд: – Дар деҳаи канорӣ пиразане зиндагӣ мекунад, ки мардум ӯро бисёр хирадманд мегӯянд. Ҳар кас мушкиле дошт, назди ӯ мерафт ва ҷавоби дуруст мегирифт. Подшоҳ ҳавас кард ва пинҳонӣ роҳ падохт, то пиразанро бубинад. Вақте ба хонаи одии ӯ расид, дида шуд, ки пиразан дар остона нишаста асту ба роҳ нигоҳ мекунад. Подшоҳ ба ҳайрат гуфт: – Чӣ тавр фаҳмидӣ, ки ман меоям? Пиразан хандид: – Ман намедонистам, ки ту меоӣ, аммо ҳар рӯз остонаро пок мекунам, то ҳар меҳмоне ки биёяд, бо дили пок қабул шавад. Подшоҳ гуфт: – Ман аз ту як чизро фаҳмидан мехоҳам: хирад дар чист? Пиразан гуфт: – Хирад дар он нест, ки ту ҳама чизро бидонӣ. Хирад дар он аст, ки ба ҳар чиз бо покӣ, ростӣ ва оромӣ нигарӣ. Касе ки дилаш пок аст, ба роҳи дуруст қуръае наздиктар аст аз касе ки саршор аз дониш аст, вале дилаш пур аз кибру ғурур. Баъд пиразан як мушт хок гирифта гуфт: – Ин хокро бинӣ — нарм асту ҳама ҷо ҷой мешавад. Хиради инсон ҳам бояд чунин бошад: нарм, фурӯтан, омодаи фаҳмидани ҳар чиз. Вақте хирад сахт шуд, ба санг табдил меёбад ва на фоида дорад, на роҳ нишон медиҳад. Подшоҳ аз суханони пиразан сахт мафтун шуд. Гуфт: – Аз имрӯз фаҳмидам, ки қудрат бо хирад нест, балки хирад қудратро роҳбаладӣ мекунад. Ва баргашт ба қасраш, то кишварро бо дили нармтару хиради бештар идора кунад. МЕҲРУБОН БОШЕМ!
Дасти кушоди марди камбағал
Дар як деҳа марде зиндагӣ мекард, ки дороии зиёде надошт, вале қалбаш аз зар ҳам гаронтар буд. Ҳар субҳ, вақте аз хона мебаромад, дар остонааш як сабади хурде мегузошт. Дар сабад чизе набуд, аммо бо қалби пур аз умед менишасту мегуфт: — Парвардигоро, имрӯз ба ман тавфиқ деҳ, то дасти касеро бигушоям. Як рӯз ҳамсоягонаш диданд, ки мард ҳамагӣ як дона нон дорад. Ӯ нонро ба ду қисм карда, нисфи онро ба як пирзан дод, ки аз гуруснагӣ дар роҳ нишаста буд. Пирзан нонро гирифт ва бо дуоҳои нек ӯро гусел кард. Субҳе дигар, як тифли ятим дар назди дари ӯ омад. Мард бо вуҷуди камбудии худ ба ӯ либоси кӯҳна, аммо тоза ва пурандохта дод. Тифл хурсандона рафт. Пас аз чанд ҳафта дар деҳа хушксолӣ шуд. Бисёре аз мардум тангдаст шуданд. Аммо бомдоде, вақте марди камбағал сабадро дар остона гузошт, дар он як халтаи орд, каме гандум ва як зарфи равған ёфт. Шабона касе онҳоро гузошта буд. То чанд рӯз пай дар пай сабад пур мешуд. Мардуми деҳа фаҳмиданд, ки ин марди камбағал, бо вуҷуди кам доштани худ, ҳамеша ба дигарон кумак мекардааст. Ҳар касе, ки аз саховаташ баҳра бурда буд, акнун саховатмандиро ба ӯ бармегардонд. Марди камбағал бо ашки шодӣ гуфт: — Саховат чун чароғест: ҳар қадар бештар тақсим кунӣ, ҳамон қадар бисёртар равшан мешавад. Панд: Саховатмандӣ дороӣ нест — хислати бузург аст. Он чизе ки ту медиҳӣ, гум намешавад; баръакс, рӯзе ба худат бо меваҳои ширинтар бармегардад.
САХОВАТИ АҶИБ
– Бубахшед, бародар, аз роҳ мегузаштам, дар кӯча ин гов меистод, магар аз шумо нест? – гуфт марде, ки дар бар либоси тозаю озода пӯшида буд ва ресмони говеро дар даст дошт. – Не, мо гов надорем, – ҷавоб дод марди камбағале, ки ҳамеша ба доштаи худ бо шукргузорӣ зиндагӣ мекард. – Ман ба маҷлис хеле шитоб дорам. Ин гов то омадани соҳибаш ба хонаи шумо истад. Агар соҳибаш ҷустуҷӯ карда ояд, ба ӯ медиҳед. Нагузоред, ки ба ягонҷо рафта монад то ки соҳибаш ҷустуҷӯ карда овора нашавад, – гуфт он мард. – Хуб, ака, майлаш. Агар соҳибаш биёяд, номи шуморо мегӯям. Инсони хеле хубе будаед, – гуфт марди камбағал. – Майлаш, номи маро гӯед. Агар касе пурсида наояд, худам говро гирифта мебарам, гӯён хандид он шахс. – Хуб, ака… «Агар дӯсти падараш ба ӯ амак бошад, якто гов ҳадя кунад ҳам иҷрои ҳаққи дӯстиву ҳам саховат мешавад-да», – андешид марди фақир. «Боз роҳҳои саховатро ҷӯё шуда ёбад мешавад ку» аз фикр гузаронд ӯ. Субҳи рӯзи дигар, марде, ки бо шукргузорӣ зиндагӣ мекард, дар назди дарвозааш як коғазеро ёфт. Дар он навишта шуда буд: «Гове, ки дирӯз ресмони онро ба шумо супорида будам, аз они худатон будааст. Ин тӯҳфаи Парвардигор ба шумост, ки боз соҳибаш ҷустуҷӯ карда меояд гӯён мунтазир нашавед. Гов муборак бошад, дӯстам!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор