Зеҳн
Дунё·Дунё·15 рӯз пешНашрия

Тарс

Тарс, устоди моҳири сохтани сенарияҳои даҳшатнок дар зеҳни мост. Мо аксаран дар “ҳозир” зиндагӣ мекунем, аммо зеҳнамон фарсахҳо дуртар, дар фардое, ки ҳанӯз вуҷуд надорад, саргардон аст. Ин изтироби доимӣ, ки “агар фалон ҳодиса рӯй диҳад, чӣ мешавад?”, мисли пардаи ғафсе намегузорад зебоиҳои ҳамин лаҳзаро бубинем.

Ҳақиқат ин аст, ки барои рух додани фоҷиаҳои зеҳнии мо ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ҳамон гуна ки кафолате ҳам барои рух надодани онҳо нест. Аммо нуктаи калидӣ ин ҷост: мо қудрати назорати ояндаро надорем, аммо қудрат дорем нагузорем сояи тарсноки фардо нури имрӯзамонро фурӯ барад. Вақте пайваста дар бораи садамае, ки шояд фардо рух диҳад, нигаронем, лаззати қадам задани имрӯзро аз даст медиҳем.

Зиндагӣ мусиқиест, ки ҳамин ҳоло ва дар ҳамин лаҳза навохта мешавад. Агар гӯшҳоямонро бо садои баландии “кошки” ва “агар”-ҳо пур кунем, оҳанги зебои ҳастиро нахоҳем шунид. Раҳоӣ аз ин зиндони зеҳнӣ аз дарки ин воқеият оғоз мешавад, ки ягона дороии ҳақиқии мо, ҳамин ЛАҲЗА аст.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.