Зеҳн
Дунё·Дунё·15 рӯз пешНашрия

Ҳикоя

Дар рӯзгори Анӯшервони одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳакимони он аср ҳама эътиқодманд ва парҳезкор буданд.

   Як рӯз Нӯшервон Бузургмеҳрро талаб карду гуфт:

-  Мехоҳам сухане чанд муфид, лафз – гуфтор андак, маънии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунё судманд бошад.

    Бузургмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин суханонро ҷамъ кард ва “Зафарнома” ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бурд.  Ӯро хуш омад ва шаҳреро ба мулкҳои хусусии ӯ илова кард ва фармуд, ки ин суханонро бо оби зар навиштанд.  Доим бо худаш онҳоро нигоҳ медошт ва бисёр вақт ба мутолиаи ин китоб вақти худро сарф менамуд.

   Бузургмеҳр забон ба сухан кушоду гуфт:

-  Эй устод, аз Худо чӣ хоҳам, ки ҳамаи некӯиҳо хоста бошам?

Гуфт:

-  Се чиз: тандурустию эминӣ ва тавонгарӣ.

Абӯалӣ ибни СИНО

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.