Зеҳн
Дунё·Дунё·17 рӯз пешНашрия

ҶУСТУҶӮИ ДОНИШ

Рӯзе як ҷавони кунҷков ба хонаи як устоди доно рафт ва гуфт:

— Эй устод! Ман мехоҳам донишманд шавам. Бигӯ, ки чӣ тавр метавон ба илм расид?

  Устод ҷавонро ба канори дарё бурд ва гуфт:

— Биё, ба дарун рав.

  Онҳо ба миёни об расиданд. Ногаҳон устод сари ҷавонро зер об фур кард ва якчанд сония дар зери об нигоҳ дошт. Ҷавон бо тамоми қувват кӯшиш мекард, ки нафас гирад. Билохира устод ӯро раҳо кард ва ҷавон бо нафаси амиқ боло баромад.

— Вақте ки ту зери об будӣ, бештар аз ҳама чӣ мехостӣ? — пурсид устод.

— Нафас! Танҳо ҳаво! — бо изтироб ҷавоб дод ҷавон.

Устод гуфт:

— Агар ту мисли ҳамон лаҳзае, ки ҳаворо мехостӣ, донишро низ ҳамон тавр бихоҳӣ, ҳатман ба он хоҳӣ расид.

Панд:

  Барои расидан ба дониш, бояд меҳнат кард, талош варзид ва онро бо дилу ҷон ҷустуҷӯ намуд. Илм ба касе мерасад, ки онро бо ихлос ва сидқу устуворӣ талаб кунад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.