Зеҳн
Дунё·Дунё·15 рӯз пешНашрия

Биниши стратегӣ

Биниши стратегӣ яке аз муҳимтарин пояҳои роҳбари асил аст.

Роҳбаре, ки биниши стратегӣ дорад, фақат имрӯзро намебинад, балки паёмадҳои ҳар қарорро дар оянда низ эҳсос мекунад. Ӯ медонад, ки ҳар қадами хурд метавонад ба натиҷаи бузург бирасад  ё баръакс, як иштибоҳи ҷузъӣ метавонад масири як созмонро тағйир диҳад.

Биниши стратегӣ қобилияти дидан аз болои ҳодисаҳо, аз чорчӯбаи фурсатҳои муваққатӣ ва аз манфиатҳои кӯтоҳмуддат аст. Ин навъи биниш ба роҳбар имкон медиҳад, ки пеш аз рух додани мушкилӣ, роҳҳалҳоро бубинад ва пеш аз пайдо шудани имконият, барои он омода бошад.

Роҳбарони бузургро на танҳо қарорҳои имрӯзашон, балки тасаввури фардояшон аз дигарон ҷудо мекунад. Онҳо медонанд, ки роҳбарӣ танҳо идора кардани равандҳо нест, роҳбарӣ офаридани самт аст.

Биниши стратегӣ қудрати дидани оянда ва ҷасорати сохтани онро дорад.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.