
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
САДОҚАТ
Мардеро ғуломе буд Луқмон ном. Луқмон ғуломе буд доно, бовафо, меҳрубон, хайрхоҳ ва хулоса ҳама хубиҳоро дар худ дошт ва аз ин рӯ назди арбоб бисёр азиз буд. Арбобаш ӯро ҳатто бар фарзандонаш муқаддам медошт. Ишқи арбоб ба Луқмон он андоза буд, ки ҷуз он ғизое, ки Луқмон аз он хӯрда буд, намехӯрд. Рӯзе барои арбоби Луқмон харбуза ба армуғон оварда буданд. Фарзандашро гуфт, то Луқмонро фарёд созад. Харбузаро пора кард ва як қоч ба Луқмон дод. Луқмон онро чунон ба ҳавас хӯрд гӯё, ки асал бошад. Арбоб, ки дид Луқмон харбузаро бисёр дӯст дошт, қочи дуввуму севвумро ба ӯ дод, то ба ҳафтдаҳ расид. Танҳо як қоч боқӣ монд. Арбоб хост онро бихӯрад, то бидонад он харбуза чӣ қадар ширин аст, ки Луқмон онро чунин ба иштиҳо мехӯрад, аммо харбуза на танҳо ширин набуд, балки чунон талх буд, ки забони арбоб обила зад ва ҳалқаш сӯхт. Дақиқае гузашт ва ҳоли арбоб беҳтар шуд. Пурсид: — Луқмон! Чӣ гуна ту заҳри талхро чунин бо иштиҳо хӯрдӣ ва хам ба абрӯ наёвардӣ. Магар ту душмани ҷони худ ҳастӣ? Луқмон гуфт: — Ман аз дасти ту шириниҳо чашидаам ва неъматҳо гирифтаам, шарм кардам талхии ин якеро ба рӯят биёварам. Ин носипосӣ аст, ки ҳазор-ҳазор хубӣ бубинам ва ҳангоми як нохушӣ фиғон бароварам. Дар воқеъ, дасти ширинбахши ту талхӣ дар ин харбуза боқӣ нагузошт. Мантиқ: Муҳаббат кимиёест, ки ҳар талхиро ширин мекунад, дардро шифо медиҳад ва мурдаро зинда месозад. Мазмун аз «Маснавии маънавӣ» - и Ҷалолуддини Балхӣ
ҚУДРАТИ ЗӮР ВА ҚУДРАТИ ҲАҚ
Дар замоне дур, дар деҳаи ором як марди қавию нерӯманд зиндагӣ мекард. Ӯ худро аз ҳама болотар медонист ва ба хотири қуввааш ба мардум зӯр мегуфт: — Ман тавонотаринам, ҳар чӣ гуфтам, бояд шавад! Мардум аз тарси ӯ хомӯш мешуданд. Як рӯз ин мард ба назди пире, ки ҳама ӯро донанда ва одил меҳисобиданд, рафт ва гуфт: — Ба ҳама бигӯй, ки ман метобонам ҳар мушкиле ҳал кунам. Ба ҳама бигӯй, ки ман зӯртар аз ҳамаам! Пир бо оромӣ ба ӯ нигарист ва гуфт: — Агар чунин аст, ман як супориши сода дорам. Агар онро карда тавонӣ, ман эътироф мекунам, ки ту воқеан тавонотаринӣ. Мард бо такаббур хандид: — Бигӯ, чӣ кор? Ман ҳар корро карда метавонам! Пир ба дарахти куҳнае ишора кард ва гуфт: — Ин дарахтро бишкан, аз ҷояш канда парто. Мард пеш рафт, бо тамоми қувва дарахтро тела дод, шохашро кашид, бо табар зад. Ниҳоят пас аз заҳмати зиёд дарахтро канд. Сари пир бардошта гуфт: — Дидӣ? Ман тавоноам! Пир ба оромӣ табассум кард: — Акнун ин тухми хурдро сабзону дар ҷои ҳамон дарахт бишкаста. Бигзор дубора ба дарахти бузурге табдил диҳӣ. Мард ба ҳайрат монд: — Инро чӣ гуна мекунам? Ҳарчанд қавиам, аммо ҳеҷ кас наметавонад дарахти калон парвариш кунад, ин кори вақт, меҳнат ва муҳаббат аст, на зӯр! Пир гуфт: — Бале, писарам. Зӯравонӣ метавонад шиканад, канда партояд, вайрон кунад. Аммо танҳо хирад, меҳр ва адолат метавонанд бисозанд, парвариш диҳанд ва мардумро ба ҳам бирасонанд. Қудрате, ки фақат барои шикастан аст, қудрат нест — заъф аст. Қудрати ҳақ он аст, ки бунёд кунад. Мард хомӯш шуд. Ӯ аввалин бор фаҳмид, ки зӯравонӣ на қувват, балки нотавонӣ будааст. МЕҲРУБОН БОШЕМ!
Се мард ба қатл маҳкум шуданд
Яке руҳонӣ, дуввумӣ ҳуқуқшинос ва дигараш физик буд. Аввал навбат ба олими дин омад. Вақте ки аз ӯ пурсиданд, то суханони охиринашро пеш аз марг гӯяд, бо қатъият садо баланд кард: "Худо... маро наҷот медиҳад." Теғи қотил афтод ва болои гарданаш истод. Ҳама фикр карданд, ки муъҷиза рух додааст... бинобар ин ӯро раҳо карданд. Ҳуқуқшиносро ба назди теғ оварданд. Вақте ки навбати ӯ расид, оромона гуфт: "Ман мисли олими дин нестам, аммо ман адолатро медонам... ва он маро наҷот медиҳад." Теғ афтод ва пушти гардани ҳуқуқшинос низ истод. Сипас, онҳо боварӣ доштанд, ки адолат барқарор шудааст... бинобар ин ӯро раҳо карданд. Акнун навбати физик омад. Пеш аз эъдомаш, бо эътимоди комил гуфт: "Ман мисли олими дин нестам ва адолатро мисли ҳуқуқшинос намедонам, аммо ман медонам, ки дар ресмони теғи қотил гиреҳе ҳаст, ки аз афтидани он пешгирӣ мекунад." Ҷаллодон ҷустуҷӯ карданд, гиреҳро ёфтанд... ва онро ислоҳ карданд. Ҳамин дам теғи қотеъ фаъол шуда, сари физикро аз танаш ҷудо кард... Ҳикмат: Баъзан, дар лаҳзаҳои хатарнок, хирад на дар гуфтани ҳама чизест, ки медонед... балки дар донистани он аст, ки кай хомӯш бошед ва кай вонамуд кунед, ки намедонед. Хомушӣ метавонад шуморо наҷот диҳад... дар ҳоле ки хашми шумо дар лаҳзаи нодуруст метавонад боиси шикасти шумо гардад. Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
МАРДИ ФОЗИЛ ВА МАРДИ ФИРЕБГАР
Як марди фиребгару дуруғгӯй назди фозиле омад ва ба нолиш сар кард: -Ҳолам бад аст. Намедонам, чӣ кор кунам. Фозили раҳмдилу инсондӯст пурсид: - Чӣ сахтие ба сарат омад? - Марди фиребгар ҳамоно менолид: - Аз як беинсоф чанд танга қарз гирифта будам. Ҳеҷ имкон даст намедиҳад, ки қарзро баргардонам. Марди қарздода бисёр бераҳм аст. Шабу рӯз маро таъқиб мекунад. Аз ҷонам сер шудам. - Марди фозил ашкҳои шашқатори фиребгарро диду дилаш бисёр сӯхт, пурсид: - Чӣ қадар қарздор ҳастӣ? - Даҳ дирам! - Барои даҳ дирам ғам махӯр ва ҳеҷ гоҳ ба ҷони худ қасд макун. Марди фозили некӯном инро гуфту даст ба ҷайб бурд ва даҳ дирам ба марди фиребгару дуруғгӯй дод. Марди қаллоб дирамҳоро аз кафи некӯмард рабуду ҳамчун боди ёвагард дар як чашмак задан дар кӯчаву паскӯчаҳо ғайб зад. Марди раҳгузаре, ки ин муомиларо наззора мекард, ба назди фозили некандеш омаду бо мазаммат гуфт: -Ту чӣ кор кардӣ? Ин дуруғгӯй қаллоби берӯю риёро дар шаҳр ҳама мешиносанд. Аз ӯ, чун аз оташ, ҳазар мекунанд, худро ба канор мекашанд. Фозили накӯном пурсид: Ман ҳам бояд чунин мекардам? Раҳгузар чавоб дод: -Оре! Бояд чунин мекардӣ. Вай туро фриеб дод ва даҳ дираматро ба ғорат бурд. Марди фозил риши сафеди худро молиш дода - молиш дода, хеле ба хаёл рафт, баъд ба ҳамсӯҳбаташ рӯ овард: Медонӣ, ту ҳақ нестӣ. Агар ман ба ӯ бовар намекардаму дирам намедодам, вай дар назди мардум хиҷолат мекашид. Ва баръакс, агар ба суханҳои ин қаллоб бовар кардаам, ман обрӯю эътибори худро наҷот додаам. Поси номи неку манзалат бисёр муҳим аст ва ин амал на аз дасти ҳар кас меояд. Байт: Баду некро базл кун симу зар, Ки ин касби хайр асту он дафъи шар. Аз «Бӯстон»-и Саъдии ШЕРОЗӢ (Бозгӯи Гулназар)
Худписандӣ далели нодонист, охири вай фақат пушаймонист
Зарбулмасалу мақолҳо ҷузъи муҳими фарҳангу тафаккури мардумӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо таҷрибаи ҳаётиро ҷамъбаст мекунанд, балки барои тарбия ва роҳнамоии наслҳои оянда ҳамчун дастур амал мекунанд. Мақоли тоҷикӣ «Худписандӣ далели нодонист, охири вай фақат пушаймонист» низ яке аз ҳамин гуна ганҷинаҳои хирад аст. Ин гуфта на танҳо як панд, балки як ҳушдор аст: инсон, агар худписанд шавад, аз роҳи дониш ва рушд дур мемонад ва оқибат пушаймон мегардад. Дар ин навишта мо кӯшиш мекунем, ки моҳияти маънавӣ ва аҳамияти тарбиявии ин мақолро таҳлил намоем. Нахуст бояд ду мафҳумро шарҳ дод: худписандӣ ва нодонӣ. Худписандӣ ҳолатест, ки шахс худро аз дигарон беҳтар мешуморад, ба маслиҳат ва андешаи дигарон аҳамият намедиҳад. Нодонӣ бошад, на танҳо набудани дониш, балки аз надонистани худ огоҳ набудан аст. Мақол ду ҳақиқати муҳимро ифода мекунад: 1. Худписандӣ далели нодонист. Одамони доно медонанд, ки илму ҷаҳон беинтиҳо аст, бинобар ин онҳо хоксор ва ҳамеша омӯхтан мехоҳанд. Суқрот гуфта буд: «Ман медонам, ки чизе намедонам». Ин худ эътирофест, ки доноӣ бо хоксорӣ пайваст аст. Баръакс, касоне, ки камдонишанд ва аз нодонии худ огоҳ нестанд, бештар ба худписандӣ гирифтор мешаванд. 2. Охири худписандӣ пушаймонист. Шахсе, ки ба маслиҳати дигарон гӯш намедиҳад, хатогиҳоро такрор мекунад, имкониятҳоро аз даст медиҳад ва ниҳоят танҳо пушаймон мемонад. Мисолҳо Дар таърих борҳо дида шудааст, ки худписандӣ ба нокомӣ овардааст. Масалан, бисёре аз ҳокимоне, ки худро аз маслиҳати донишмандон беҳтар донистанд, қарорҳои нодуруст қабул намуда, давлати худро ба суқут расонидаанд. Дар муқобил, султонҳое, ки ба маслиҳати уламо ва хирадмандон гӯш додаанд, тавонистанд давлаташонро устувор созанд. Адабиёти классикӣ низ пур аз чунин ишораҳост. Саъдӣ дар «Гулистон» борҳо бо ҳикоятҳои худ нишон медиҳад, ки худписандӣ инсонро аз роҳи рост дур месозад ва хоксорӣ шарти комёбист. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ қаҳрамонҳое ҳастанд, ки аз худписандӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар зиндагии рӯзмарра низ ин ҳикмат пурра тасдиқ мешавад. Масалан, донишомӯзе, ки худро аз ҳамсабақон ва устодон беҳтар медонад, аз маслиҳат дурӣ мекунад. Дар натиҷа, на танҳо донишаш кам мемонад, балки робитаҳои иҷтимоиро низ аз даст дода, пас аз муддат пушаймон мешавад. Хулоса Ҳамин тавр, мақоли «Худписандӣ далели нодонист, охири вай фақат пушаймонист» ҳикмати бузурги ахлоқӣ ва иҷтимоиро ифода мекунад. Он моро даъват мекунад, ки худписандиро канор гузошта, хоксорӣ ва донишандӯзиро пеш гирем. Чунки танҳо шахси хоксор ва донишомӯз таҷрибаи дигаронро эҳтиром намуда, метавонад ба камолоти воқеӣ бирасад.
Панд
Назди падар-модарат овози худ боло макун, Атрофи кӯдаконат ҳарфи бад гӯё макун. Метавонӣ ҳурмати худро ба ҷо монӣ хуб аст, Ҷамъи чандинсола обрӯи рухат расво макун. Фарқи инсони хубу бадро метвонӣ шинохт, Дидаи бо чашми нек, чашми бадат бино макун. Чораҳои зиндагонӣ шукру сабру тоқат аст, Сабру тоқат, шукргузорӣ аз дигар парво макун. Чеҳраи болида ғамро аз худаш дур мекунад, Феъли хубат байни халқ, олудаи ғамҳо макун. Аз ҳаёт доим сарояд назми эҷоди ДАЛЕР, Зинда бошӣ то қиёмат дарди сар пайдо макун. ДАЛЕР МАНСУРОВ.
ДУ ШАМЪ
Рӯзе ду шамъ дар як хона месӯхтанд. Яке бо фахр гуфт: — Ман равшантар месӯзам, аз ҳама зеботарам! Дигараш хомӯшона нур мепошид. Баъд аз муддате шамъи аввал аз шамъи дувум шикоят кард: — Дуди ту ба тарафи ман меояд, маро ифлос мекунад! Шамъи дувум оромона гуфт: — Бубахш, бародар, ман қасд надорам. Шояд шамол сабаби ин бошад. Аммо шамъи аввал боз асабонӣ шуд ва хост оташашро ба шамъи дигар расонад. Аз ин, ҳар ду шамъ ҳамзамон сӯхтанду хомӯш шуданд. Субҳ вақте соҳибхона омад, хона торик буд. Ӯ гуфт: — Эҳ, агар онҳо оромтару таҳаммулпазиртар мебуданд, ҳоло хона равшан мебуд. Панд: “Касе ки таҳаммул дорад, ҳамеша нур мебахшад. Касе ки асабонӣ мешавад, аввал худро месӯзонад.”
РИВОЯТИ ПОДШОҲ ВА ДАРВЕШ
Мегӯянд, ки замоне подшоҳе дар мулки худ марди хирадманд ва дервешеро даъват кард. Подшоҳ гуфт: — Эй хирадманд! Ман аз хашму ғазаб зуд меҷӯшам, ва баъд пушаймон мешавам. Чӣ тавр метавонам худро боз дорам? Дервеш табассум кард ва гуфт: — Эй подшоҳ, агар мехоҳӣ аз ғазаб раҳо ёбӣ, таҳаммулро омӯз. Таҳаммулпазирӣ оташи ғазабро мисли оби соф хомӯш мекунад. Подшоҳ гуфт: — Ва агар касе маро озор диҳад, чӣ кунам? Дервеш гуфт: — Ба хотир биёр, ки ҳар кӣ туро ранҷонд, ӯ ҳам инсон аст, мисли ту. Агар ӯ нодон аст — бо хирад ҷавоб деҳ. Агар хаставу бечора аст — бо меҳрубонӣ рафтор кун. Ва агар аз рӯи ҷаҳолат сухане гуфт, хомӯш мон, то ҷоҳилӣ дар худи ӯ баргардад. Пас аз он рӯзе яке аз хизматгорон нохост косаи шарбати гаронбаҳоро ба рӯи подшоҳ рехт. Подшоҳ мехост ғазаб кунад, вале ногаҳон сухани дервеш ба ёдаш омад. Сипас бо оромӣ гуфт: — Агар таҳаммул набошад, подшоҳӣ низ беарзиш аст. Хизматгор шармгин шуд, вале аз дили подшоҳ ҳурмату муҳаббат ёфт. Аз ҳамон рӯз подшоҳ сабуртар ва мардум аз ӯ хушбинтар шуданд. Панд: Таҳаммулпазирӣ нишонаи бузургии инсон аст. Касе ки метавонад худро дар лаҳзаи ғазаб нигоҳ дорад, пирӯзтарин инсон аст.
РИВОЯТ АЗ ҲАЁТИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
Рӯзе Ҷомӣ аз назди бозор мегузашт. Дар роҳ дид, ки гурӯҳе аз шогирдон бо устоди худ баҳс доранд. Онҳо аз Ҷомӣ хоҳиш карданд, ки ба баҳси онҳо ҳукм диҳад. Яке аз шогирдон бо ифтихор гуфт: — Эй устоди бузург, ман тамоми китобҳои илмиро хондаам ва дигар чизе намондааст, ки надонам! Ҷомӣ бо табассум ба ӯ нигарист ва гуфт: — Пас, бигӯ, чи чиз аз ҳама душвортар аст? Шогирд каме андешид ва гуфт: — Аз ҳама душвортар — фаҳмидани илми осмон аст. Ҷомӣ оромона гуфт: — Не, фарзанд, аз ҳама душвортар — фаҳмидани худи инсон аст. Агар касе худро шиносад, тамоми оламро мешиносад. Он гоҳ рӯ ба шогирдон оварда гуфт: — Илм на танҳо донистани китобҳост, балки одоб, хулқ ва шинохти нафс ҳам илмест. Он шогирд сар ба зери по андохт ва аз он рӯз фурӯтану хоксор гашт. Панд аз ривоят: “Касе, ки худро шиносад, ҷаҳони маъниро фаҳмида метавонад.” Илм бе одоб — чароғест бе нур.
ЁРИИ БЕМИННАТ
Рӯзе пирамард аз деҳа ба шаҳр мерафт. Дар роҳ пешпо хӯрду ба замин афтод. Пойи пирамард сахт дард мекард, қодир набуд, ки роҳ равад. Бисёр одамон аз канораш мегузаштанд — касе таваҷҷуҳ намекард. Танҳо як писари хурдсол, ки бо сумкаи мактаб мерафт, истод. Ӯ бо меҳр ба пирамард наздик шуд, об дод ва кӯмак кард, то бархезад. Пирамард бо ашки шодӣ гуфт: — Писарам, ту бо ин ёрии худ на танҳо маро аз замин бардоштӣ, балки инсон буданатро нишон додӣ. Писарбача табассум карда ҷавоб дод: — Бобо, модарам гуфтааст: “Ҳар касе ба дигаре ёрӣ диҳад, Худо ба ӯ сад баробар ёрӣ медиҳад.” Пирамард даст ба дуо бардошт: — Худо раҳматат кунад, ки дилат мисли офтоб гарм аст! Панд. Ёрӣ додан танҳо кӯмак бо даст нест, ин — кӯмак бо дил ва меҳрубонӣ аст. Ҳар ёрии хурд метавонад дунёи касеро равшан созад.
БАРФИ АВВАЛ
Субҳи саҳар буд. Офтоб ҳанӯз аз паси кӯҳ набаромада буд, ки аз осмон пора-пора зарраҳои барфи сафед фурӯ мерехт. Бачаҳо аз тиреза нигариста, бо хурсандӣ нидо мекарданд: — Барф, барфи аввал! Ҳама ба кӯча баромаданд. Ҳаво поку тоза буд, бӯйи тозаи барф ба дили одам оромӣ мебахшид. Кӯдакон аз барф чанача сохта, барфбозию барфпаронӣ мекарданд. Ҳама рақсу бозӣ мекарданду механдиданд, гӯё ҷаҳон аз нав тавлид ёфта бошад. Дар дилҳои калонсолон низ ҳиссиёти кӯдакӣ, ёдҳои кӯҳна, шодиву оромии солҳои пешин бедор шуда, дар бораи "Номаҳои барфи аввал" ба ҳамдигар сухан мекарданд. Барфи аввал ба мардум гӯё паёми нав — паёми тозагӣ, умед ва оғози сафҳаи нав дар зиндагӣ буд.
ДИЛИ ДАРАХТ
Рӯзе шамоли тирамоҳӣ вазид. Баргҳои зарди дарахтон як ба як аз шохаҳо ҷудо шуда, ба замин меафтоданд. Писарбачае бо ҳайрат гуфт: — Эй дарахт, чаро баргҳоятро аз даст медиҳӣ? Магар ғамгин намешавӣ? Дарахт оромона ҷавоб дод: — Не, фарзанд, ман ғамгин нестам. Ман медонам, ки ҳар барг мисли як сол таҷриба аст. Вақти он расидааст, ки онҳоро раҳо кунам, то баҳори нав боз бо баргҳои сабз бедор шавам. Писарбача фикр кард ва гуфт: — Пас, ту мисли одамон ҳастӣ: то чизе кӯҳна равад, ҷои нав ба вуҷуд намеояд. Дарахт бо шамол ҷунбид ва гуфт: — Дуруст гуфтӣ, фарзанд! Ҳар тирамоҳ хотима нест — оғози таҷдид аст.
ЗАН ВА ЗАБОН
Зан ва забон — ҳар ду аз як нури илоҳӣ офарида шудаанд. Яке рӯҳи зиндагиро бо меҳр гарм мекунад, дигар садои он зиндагиро ба ҷаҳониён мерасонад. Зан — рамзи сабр, вафо ва зебоист. Ӯ офариниши Худост, ки дунёро бо нафаси муҳаббат меорояд. Ҳар қадами ӯ дуоест, ки ба замин баракат меорад; ҳар ашки пинҳонии ӯ гӯё покии ҷаҳонро мешӯяд. Дарди зан ором аст, вале амиқ; хандааш кӯтоҳ, вале самимӣ. Ӯ ҳамеша ҷонҳоро ҷамъ мекунад, дар ҳоле, ки худ дар парокандагии рӯҳ сӯхтааст. Ӯ оромиро дӯст медорад, на барои худ, балки барои онҳое, ки дӯсташ медоранд. Забон бошад — рӯҳи миллат аст. Он мисли шохаи бедор дар боғи таърих аст — ҳар қадар, ки шамол бивазад, боз решаашро амиқтар мекунад. Дар ҳар ҳарфи тоҷикӣ садои Рӯдакӣ мерасад, нафаси Лоиқ ва орзуи Мирзо Турсунзода. Забон танҳо воситаи гуфтор нест — он нақши дили миллат аст, меъёри ҳувият ва пули робитаи наслҳост. Муаллимаи забон будан — мисли шамъест, ки шабро равшан мекунад. Шамъ месӯзад, вале ҷаҳонро нур медиҳад. Ҳар хонандае, ки аз калимаҳои ту маънӣ меомӯзад, гӯё як қатра рӯшноӣ аз дили ту мегирад. Ин вазифа фақат таълим нест — ин бедор кардани рӯҳ аст, бедор кардани он қисмати инсонист, ки ҳанӯз мехоҳад зебоӣ ва меҳрро бифаҳмад. Бигзор зан ҳамеша бовафо ва нерӯи рӯҳонааш зиндагиро зебо кунад, забон ҳамеша зинда бошаду садои модарӣ дар дилҳо наво диҳад. Зеро зан ва забон — ду оинаи нур ҳастанд: яке рӯҳи зиндагиро равшан мекунад, дигар рӯҳи миллатро. Миҷгона Махманасировна
МАРДӢ НАБУВАД ФИТОДАРО ПОЙ ЗАДАН
Адабиёти тоҷику форс пур аз андешаҳои нобу пурҳикмати ахлоқист, ки роҳнамои зиндагии инсонанд. Яке аз чунин андешаҳои пурарзиш байти маъруфи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад: «Мардӣ набувад фитодаро пой задан, Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!» Ин сухани пурмазмун инсонро ба инсондӯстӣ, раҳм, саховат ва ёрии ҳамдигар даъват мекунад. ҚИСМИ АСОСӢ Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар ин байт маънои ҳақиқии мардиро нишон медиҳад. Ба назари ӯ, қуввату тавоноӣ, сарват ё мақом нишонаи мардӣ нест. Мардӣ дар ёрии фитода, дар ғамхорӣ ба заифон ва дастгирии мӯҳтоҷон зоҳир мегардад. Фитода — яъне касе, ки дар зиндагӣ бо мушкилӣ рӯ ба рӯ шудааст: камбағал, бемор ё шахсе, ки аз роҳи ҳақ дур мондааст. Пой задан ба чунин инсон маънои пастии ахлоқист. Баръакс, кӯмак ба ӯ нишонаи дилсӯзӣ ва одами комил будан аст. Ин андешаи устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам барои ҷомеаи мо аҳамияти бузург дорад. Дар ҷаҳоне, ки ҳар кас бештар ба манфиати худ меандешад, сухани шоир моро ба меҳрубонӣ ва эҳсоси ҳамдардӣ даъват мекунад. Ҳар як инсон бояд кӯшиш намояд, ки дарди дигаронро эҳсос кунад ва агар имкон бошад, ба онҳо ёрӣ расонад. Аз нигоҳи ахлоқ ва дин низ чунин рафтор арзишманд аст. Қуръон ва ҳадис ҳам мардумро ба раҳму шафқат, садақот ва кӯмак ба заифон фаро мехонанд. Пас, сухани Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо арзишҳои умумибашарӣ ҳамоҳанг аст. ХУЛОСА Мардӣ на дар сухан, балки дар амал таҷассум меёбад. Агар инсон дар вақти сахтӣ дасти дигареро бигирад, ӯ марди ҳақиқӣ аст. Бояд ёд гирем, ки зиндагӣ танҳо бо меҳр ва ҳамдардӣ зебо мешавад. Ҳамин тавр, байти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ моро меомӯзонад, ки инсони комил он аст, ки «дасти фитодаро бигирад» — на барои манфиат, балки барои виҷдон ва инсоният.
Тирамоҳ — фасли фикру андеша
Ҳар фасл дар табиат маънои худро дорад. Аз миёни онҳо тирамоҳ фасли хомӯшӣ, оромӣ ва зебоии андеша аст. Дар ин айём табиат гӯё нафас мегирад, то барои эҳёи нав омода шавад. Ҳамин хомӯшиву тағйироти табиат инсонро водор мекунад, ки ба худ ва зиндагияш назар андозад. Қисми асосӣ Тирамоҳ бо баргҳои заррин, бо ҳавои мулоими сард ва абрҳои сабук, симои табиатро дигар мекунад. Дарахтон, ки дар тобистон сарсабз буданд, акнун баргҳои рангин мепӯшанд ва аз шохаҳо ором меафтанд. Ин манзара на танҳо зебо, балки пур аз маънӣ аст — гӯё табиат ба мо мегӯяд, ки ҳар зебоӣ давом надорад, вале ҳар поён оғози нав дорад. Ин фасл барои бисёр одамон фасли андеша ва илҳом аст. Дар чунин рӯзҳо шоирон шеър менависанд, нависандагон эҷод мекунанд ва мардум бештар ба хотироти гузашта менигаранд. Тирамоҳ гӯё замоне аст, ки табиат ва инсон якҷо сукут мекунанд, то ба умқи худ назар андозанд. Тирамоҳ ба зиндагии инсон монанд аст: пас аз ҷавонӣ, марҳилаи оромии хирад меояд. Ҳамин тавр, мисли баргҳои афтида, инсон низ аз таҷрибаҳои гузашта мегузарад ва ба донишу покӣ мерасад. Хулоса Тирамоҳ на танҳо фасли баргрезон, балки фасли бедории дилу андеша аст. Он ба мо меомӯзонад, ки ҳар чизе дар зиндагӣ замони худашро дорад: гул мешукуфад ва як рӯз мерезад, вале аз паси он боз гулҳои нав мешукуфанд. Пас, ҳар лаҳзаро бояд дӯст дорем, чунки ҳар поён оғози чизи нав аст.
ГАНҶЕ, КИ АЗ ЧАШМ ПИНҲОН АСТ
Замоне як подшоҳ буд, ки кишваре бой аз неъматҳои зеризаминӣ дошт: нефт, газ ва тилло. Мардумаш бо осудагӣ зиндагӣ мекарданд. Подшоҳ боре хост, ки бифаҳмад: — Оё мардум қадри ин неъматҳоро медонанд ё не? Ӯ либоси деҳқон пӯшида, ба миёни мардум баромад. Дар роҳ дид, ки баъзеҳо мегӯянд: — Мо бой ҳастем! Замин худаш ба мо тилло медиҳад. Нефт худ берун мешавад. Газ худ аз зери хок мебарояд. Пирмарде, ки дар канор менишаст, сухани онҳоро шунида гуфт: — Эй мардум, ин ганҷ аз шумо нест. Ин амонат аст. Агар амонатро ҳифз накардӣ — неъмат ба офат табдил мешавад. Мардум хандиданд: — Замин калон аст, ба мо ҳам мерасад! Пир чизе нагуфт. Солҳо гузашт. Заминро бидуни андоза кофтанд. Дарёҳо ифлос шуданд. Ҳаво ғафс ва дудолуд гашт. Хоки зироат камҳосил шуд. Мардум ба тангӣ афтоданд ва дарахтон хушк шуд. Онгоҳ мардум ба ёди сухани пирамард афтоданд ва назди ӯ рафтанд: — Чӣ кунем, ки баракат баргардад? Пирамард гуфт: — Ганҷи зери хок, бе ҳифзи рӯи хок ҳеҷ нест. Агар тилло мегиред — обро тоза нигоҳ доред. Агар газу нефт мебардоред — ба ҷой дарахт шинонед, ҳаворо пок доред. Зеро табиат мисли инсон аст — нафас мехоҳад. Мардум ба гуфтаи ӯ амал карданд: Дарёҳоро тоза карданд. Дарахтони нав шинонданд. Аз захираҳои зеризаминӣ бо тадбир истифода бурданд. Чанд сол пас кишвар боз пур аз баракат гашт. Мардум фаҳмиданд: Ганҷ дар зери замин аст, вале ҳаёт — дар рӯи замин. Панд: неъматҳои зеризаминӣ амонатанд, молики мо нестанд. Ҳар қадар онҳоро бидуни фикр истифода кунӣ, ҳамон қадар табиат аз ту мегирад. Табиатро ҳифз кунед, то сарват барқарор бимонад.
ГАНДУМ ВА ДАРАХТИ МЕВАДОР
Марде писари хурдсоли худро назди як боғбон бурд ва гуфт: — Ман мехоҳам писарам одаме бо одоби нек бошад. Ба ман бигӯ, чӣ гуна ӯро тарбия кунам? Боғбон аз ҷайбаш ду тухм баровард: яке тухми гандум, дигаре тухми дарахти мевадор. Боғбон аввал тухми гандумро ба замин кошт ва гуфт: — Инро бинед, пас аз чанд ҳафта сабз мешавад, баъд чанд рӯз мегузарад, мева медиҳад ва дер намегузарад, мевааш поён меояд, хушк мешавад ва намемонад. Сипас тухми дарахти мевадорро кошт ва гуфт: — Аммо ин тухм дер сабз мешавад. Сабз шуданаш вақт мехоҳад. Парвариш мехоҳад. Оби нарм мехоҳад. Таваҷҷӯҳ мехоҳад. Аммо вақте ки калон шуд… Болои сад сол мева медиҳад. Соя медиҳад. Одамонро шод мекунад. Сипас рӯ ба падар гуфт: — Тарбияи фарзанд монанди ин дарахт аст. Агар ту ба бехабарӣ зуд-зуд фарёд занӣ, сарзаниш кунӣ, танҳо «фармон» диҳӣ — ӯ чун гандум зуд мерӯяд ва зуд ҳам аз байн меравад. Аммо агар бо меҳрубонӣ, оромӣ ва пайваста тарбият кунӣ — ӯ чун дарахти мевадор мешавад. Падар гуфт: — Пас ман бояд ҳар рӯз меҳрубонӣ кунам? Боғбон ҷавоб дод: — На танҳо меҳрубонӣ — балки сабр. Тарбияи фарзанд сабр аст, на саросемагӣ. Хулоса: фарзандро бо муҳаббат, сабр ва амал тарбия мекунанд. Сухан танҳо роҳ аст, амал бошад – омӯзгор. МЕҲРУБОН БОШЕМ!
МУАЛЛИМ, УСТОД, ОМӮЗГОР!
Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибони ҷовидон ба камол расонид. Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегарднд. Чуноне, ки гуфтаанд: Расад ҷон бар лаби бечора устод. Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд. Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа, насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст.
ДӮСТӢ
Рӯзе дар мактаб ду дӯст — Комрон ва Мунис — дар бозӣ якдигарро хафа карданд. Ҳарду хомӯш шуданд ва дигар бо ҳам сӯҳбат намекарданд. Муаллим, ки инро дид, ба онҳо ду барг дод ва гуфт: — Ҳар вақте ки дӯстатон шуморо хафа кунад, дар барг нависед. Пас аз чанд рӯз баргҳо пур шуданд. Он гоҳ муаллим гуфт: — Акнун барои ҳар кори нек, ки дӯстатон мекунад, баргро тоза кунед. Баъд аз чанд вақт, баргҳои Комрону Мунис сафед шуданд. Муаллим табассум карда гуфт: — Мебинед? Дӯстӣ вақте пойдор аст, ки бахшиданро ёд гиред. Он рӯз Комрон ва Мунис фаҳмиданд, ки дӯстӣ аз ҳар гуна хашму ғазаб қиматтар аст. Бояд дӯстиро бо меҳру бахшиш нигоҳ дошт, зеро дӯст чун — ганҷи бебаҳо аст.
АРЗИШИ ОҲАН
Як пораи оҳан ҳамагӣ 100 доллар арзиш дошт. Агар аз он наъли асп созанд - қиматаш 250 доллар мешавад. Агар аз ҳамон оҳан сӯзан тайёр кунанд — арзишаш ба 70 000 доллар мерасад. Ва агар аз он пружинаҳои соат созанд — қиматаш то 6 миллион доллар боло меравад! Муаллим гуфт: — Бинед, фарзандон, як чиз ҳамон аст, ки он ҳар қадар беҳтар корбаст шавад, ҳамон қадар арзиш пайдо мекунад. Инсон ҳам ҳамин гуна аст: ҳар кӣ қобилиятҳои худро инкишоф медиҳад ва ба нафъи дигарон истифода мебарад, қиматаш бештар мегардад. Бояд донем, ки қадру арзиши инсон аз зоҳир нест — аз меҳнат, дониш ва ҳунари ӯст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор