Зеҳн

Дунё

Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.

2 аъзоаз 19 июли 2026
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МЕҲРИ ВАТАН

Ватан — ин макони азизтарини ҳар як инсон аст. Мо дар ин ҷо чашм ба ҷаҳон мекушоем, сухан гуфтан меомӯзем ва бо муҳаббати модар нафаси аввалини зиндагиро мекашем. Ҳар як сангу хок ва хору хаси Ватан барои мо муқаддас аст. Ватан мисли модар меҳрубон ва пурмеҳр аст. Агар онро дӯст дорем, бо он ифтихор кунем ва барои ҳифзу ободиаш заҳмат кашем, он ҳам моро бо бахту саодат ва комёбиҳо ҷавоб медиҳад. Ҳар як донишомӯз бояд донад: ободии Ватан аз илму дониши мо вобаста аст. Бигзор ҳар қадам, ҳар амал ва ҳар орзуи мо ба равнақу шукуфоии Ватан бахшида шавад! Зеро, Ватан чун падар модар, нон, об, ҳаво, китоб, мактаб азизу мукаррам аст!

0
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Касе, ки ҷаҳони даруни худро мешиносад, дар ҷаҳони берун камтар гум мешавад.

Мо ҳар рӯз ба ҷаҳони берун менигарем: ба одамон, рӯйдодҳо, зебоиҳо, муваффақиятҳо ва орзуҳо. Аммо дар миёни ин ҳама фаромӯш мекунем, ки бузургтарин ҷаҳон дар дохили худи мост. Ҷаҳони берун ҳар қадар васеъ ва ҳайратангез бошад ҳам, наметавонад тамоми умқи рӯҳ, орзу, тарс, меҳр ва андешаи инсонро дар худ ҷой диҳад. Он чизе, ки мо дар берун мебинем, танҳо порае аз он чизест, ки дар даруни мо мегузарад. Баъзан он қадар машғули дидани зиндагии дигарон мешавем, ки аз шунидани садои худ фаромӯш мекунем. Он қадар барои зебо нишон додани берун талош мекунем, ки намепурсем: «Даруни ман чӣ ҳол дорад?» Ҷаҳони берун метавонад мисли оина бошад, аммо оинае нокомил. Ҳамаи ҳақиқати туро нишон дода наметавонад. Арзиши инсонро на танҳо он чизе муайян мекунад, ки дигарон мебинанд, балки он чизе, ки ӯ дар танҳоӣ бо худ месозад. Пас баъзан аз садои берун дур шав. Ба даруни худ нигоҳ кун. Шояд он ҷо чизҳое ҳастанд, ки солҳо интизори таваҷҷуҳи ту буданд. Касе, ки ҷаҳони даруни худро мешиносад, дар ҷаҳони берун камтар гум мешавад.

0
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Тоҷир ва ғулом

Тоҷири сарватманде бо ғуломи худ аз Қуния ба сафари Шом рафтанд, то бор харанд ва ба шаҳри худ баргарданд. Марди сарватманд барои ғуломи худ дар роҳ каме пул медод, то хӯрок бихарад ва худ ба корвонсарой рафта, беҳтарин таомҳоро мехӯрд. Ғулом ҷуз нон ва панир чизе наметавонист бихарад. Чун ба шаҳри Шом расиданд, бор ҳозир набуд, пас тоҷир ва ғуломаш ба корвонсарой рафтанд, то истироҳат кунанд. Ғулом фурсате ёфт, ки дар корвонсарой коре кунад ва даҳ сиккаи тилло музд ба даст оварад. Бори тоҷир фароҳам шуд. Онҳо борро бастанд ва ба Қуния раҳсипор шуданд. Дар миёни роҳ, роҳзанон бори тоҷирро ба ғорат бурданд ва ҳар чӣ дар ҷайби тоҷир буд, аз ӯ гирифтанд, аммо гумон накарданд, ки ғулом сиккае дошта бошад, пас ӯро тафтиш накарданд ва сиккаҳо дар дасти ғулом боқӣ монд. Баъд аз илтиҷои зиёд роҳзанан ба раҳм омаданду уштуреро раҳо карданд, то тоҷир ва ғулом дар биёбон аз гуруснагӣ намиранд. Як ҳафта дар роҳ буданд, то ба корвонсарой расиданд. Ғулом барои соҳибаш хӯроки гарм харид ва худаш нон ва панир хӯрд. Тоҷир пурсид: «Ту чаро хӯроки гарм намехӯрӣ?» Ғулом гуфт: «Ман ғулом ҳастам ва ба хӯрдани пораи нон бо панир одат дорам ва шиками ман аз ман мепазирад, аммо ту тоҷирӣ ва одат надорӣ, шиками ту нофармон аст ва намепазирад.» Тоҷир ба ёди бадиҳои худ ва меҳрубонии ғулом афтод ва гуфт: «Хӯроки гармро бигир, ба ман аз "афв ва маърифат ва қаноат ва бахшандагии худат ҳадя деҳ", ки беҳтарин ҳадяи ту ба ман аст.» Ман акнун фаҳмидам, ки: «Саховат ба миқдори сарвату пул вобаста нест,» моли бузург намехоҳад, балки дили бузург мехоҳад. «Онон, ки ғанӣ ҳастанд, намебахшанд; онон, ки дар худ эҳсоси ғанӣ будан мекунанд, мебахшанд.» «Ман ғанӣ будам, вале дар худ эҳсоси ғанӣ будан намекардам ва ту фақирӣ, вале эҳсоси ғанӣ будан мекунӣ.

0
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ҲАР КАС ОН ЧИРО ИНТИХОБ МЕКУНАД, КИ ХУД БА ОН НИЁЗ ДОРАД

Вақте Маҳатма Ганди дар риштаи ҳуқуқи донишгоҳи Лондон таҳсил мекард, профессоре бо насаби Питерс ба ӯ чандон рӯихуш намедод. Ганди на аз онҳое буд, ки ӯро тарсонида шавад, ӯ ҳамеша метавонист ба осонӣ аз вазъи нобоб раҳоӣ ёбад. Боре профессор дар ошхонаи донишгоҳ ғизо мехӯрд ва Ганди аз назди ӯ гузашта рафтан нахоста низ дар пушти ҳамон миз нишаст. Питерс заҳрхандае карду гуфт: Ҷаноби Ганди, шумо охир медонед, ки хук бо паранда якҷо ғизо хӯрда наметавонанд? Дуруст аст, профессор. Ин тавр бошад, ман аз ин ҷо парида меравам, -- оромона посух дод Ганди ва ба паси дигар миз гузашта нишаст. Ин ғалабаи кӯчак омӯзгорро ошуфта кард. Дар имтиҳони навбатӣ ӯ хост интиқоми онро бигирад, вале Ганди ба ҳама суолҳо пурра посух медод. Оқибат профессор суоли иловагии баҳсбарангезе дод: Тасаввур кунед, ки дар роҳе меравед ва халтаеро меёбед. Дар дохили халта ҳикмат ва пул ҳаст. Шумо кадоме аз онҳоро интихоб мекунед? Пулро, - посух медиҳад Ганди. Ман мебудам, ҳикматро интихоб мекардам, - худситоёна мегӯяд профессор. Албатта, - сар ҷунбонда мегӯяд Ганди. - Ҳар кас он чиро интихоб мекунад, ки худ ба он ниёз дорад. Аз ин суханҳо Питерс батамом худро гум кард. Варақаи имтиҳонро санҷида зери  он танҳо як калима навишт: "Девона". Ва онро баргардонида ба донишҷӯ дод. Ганди бодиққат ба варақа нигарист ва сипас аз ҷо бархосту гуфт: Профессор, шумо ин ҷо танҳо имзо гузоштеду баҳо гузоштанро фаромӯш кардаед!

0
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Ду бародар

Солҳо ду бародар бо ҳам дар мазраае, ки аз падар барояшон ба ирс расида буд, зиндагӣ мекарданд. Як рӯз ба хотири як мушкили кӯчаке бо ҳам каме ихтилоф пайдо карданд. Баъд аз чанд ҳафта сукут, ихтилофи онҳо зиёд шуду аз ҳам ҷудо шуданд. Як рӯз субҳ дари хонаи бародари калонӣ тақ-тақ шуд. Вақте дарро боз кард, марди наҷҷоре (усто, дуредгар)-ро дид. Наҷҷор гуфт: — Ман чанд рӯзест, ки дунболи кор мегардам, фикр кардам шумо корҳои майда-чуйдае дар хона ва мазраъа дошта бошед, оё имкон дорад, ки кумакатон кунам? Бародари калонӣ ҷавоб дод: -“Бале, иттифоқан ман як миқдор кор дорам. Ба он канал, ки дар васати мазраъа ҳаст нигоҳ кун, он ҳамсоя дар ҳақиқат бародари хурдии ман аст. Ӯ ҳафтаи гузашта чанд нафарро оварда байни замини ман ва худаш ин каналро сохт, то ба ин восита кинаеро, ки дар дилаш нисбати ман дорад ошкор намояд.” Сипас ба анбор ишора карда гуфт: — Ман дар анбор чӯбу тахта ва дигар масолеҳи сохтмонӣ зиёд дорам, аз ту мехоҳам байни замини ману бародарам деворе бисозӣ, то дигар рӯи ӯро набинам. Наҷҷор пазируфту шурӯъ кард ба андозагирӣ ва арра кардани чӯбу тахтаҳо. Бародари бузург ба наҷҷор гуфт: — Ман барои харид ба шаҳр меравам, агар василае ниёз дошта бошӣ, бароят бихарам. Наҷҷор дар ҳоле, ки ба шиддат машғули кор буд, ҷавоб дод: — На, чизе лозим надорам. Ҳангоми ғуруб вақте бародари калонӣ ба мазраъа баргашт, аз тааҷҷуб наздик буд аз ҳуш равад. Ҳеҷ деворе дар байн набуд, наҷҷор ба ҷои девор як пуле рӯи канал сохта буд. Мард бо асабоният рӯ ба наҷҷор карду гуфт: — Магар ман ба ту нагуфтам бароям деворе бисоз? Дар ҳамин лаҳза бародари хурдӣ аз роҳ расиду бо дидани пул фикр кард, ки бародараш дастури сохтани онро дода аст, аз рӯи пул гузашту бародари калониашро дар оғӯш гирифт ва аз вай барои кандани канал ва иштибоҳаш узрхоҳӣ кард. Вақте бародари бузургтар баргашт, наҷҷорро дид, ки абзорҳояшро ҷамъ намуда қасди рафтан дорад. Ба назди ӯ рафту баъд аз ташаккурҳои зиёд аз вай хост чанд рӯзе меҳмони ӯ ва бародараш бошад.Наҷҷор гуфт: — ДИЛАМ ХЕЛЕ МЕХОҲАД БИМОНАМ, ВАЛЕ ПУЛҲОИ ЗИЁДЕ ҲАСТ, КИ БОЯД ОНҲОРО БИСОЗАМ... Бародарону хоҳарони азиз! Қазоват ба худи шумоён, оё мо ҳам метавонем дар зиндагӣ пулҳое бисозем ё на?

0
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Қадри ҳар як лаҳзаи рӯзҳо

Шахсе гурусна буд ва наздаш карам овараданд. Ӯ бори аввал буд, ки карам медид. Бо худ гуфт: Ҳатман мевае даруни ин баргҳо қарор дорад. Аввалин баргро канд то ба мева расад, аммо боз барги дигаре падид омад ва зери он барг, барги дигаре. Боз бо худ гуфт: Ҳатман меваи арзишмандест, ки даруни ин қадар баргҳо пинҳон аст. Гуруснагиаш бештар шуд ва бо суръати бештар баргҳоро меканад ва канор мегузошт. Вақте баргҳо тамом шуданд, мутаваҷҷеҳ шуд, ки мевае мавҷуд нест. Он гоҳ донист, ки карам, маҷмуае аз ҳамин баргҳост. Мо низ рӯзҳои зиндагиро тунд - тунд варақ мезанем ва фикр мекунем, ки чизе аз пеш пинҳон шудааст, ки бояд зуд ба он бирасем, дарҳоле, ки ҳамин рӯзҳо, он чизе аст, ки бояд дарёбем ва аз он баҳра барем. Зиндагӣ ҳамин рӯзҳое аст, ки мунтазири гузаштанаш ҳастем. Бинобар ин, қадри ҳар як лаҳзаи онро бидонем.

0
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ПИСАРХОНД

Вақти дар курсии мансаб буданат касе, ки аз ҳама бештар пойи туро мебӯсад, ҳамин, ки аз курсии мансаб фаромадӣ, аввалин шуда туро тарк мекунад. Ба чиқадар рост будани ин суханон ман худам иқрор шудам. Дар корхонае, ки ман роҳбари он будам, яке аз ходимҳо маро бениҳоят эҳтиром мекард, Ҳар рӯз занг зада меистод, ҳар ҳафта ба наздам меомад. Агар бемор шуда ба беморхона равам, ба "овора нашавед" гуфтанам нигоҳ накарда, аввалин шуда ба дидани ман меомад. Ҳангоми таътил ба истироҳат равам, дар кадом гӯшаи Тоҷикистон набошам, расида мерафт ва то бо дасти худ як оши палов накунад хотирҷамъ намешуд. Ин ҳама хуб аст, вале дар ҳар суханаш ба Худо савганд хӯрда мегуфт: "Шуморо падарам гуфтам, шумо падари манед". Каме мансабам поёнтар шуду "писарам"-ро гум кардам. Аз аҳволи ӯ пурсон шудам, маълум шуд, ки дар ҷустуҷӯи падари дигар будааст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Падар

Подшоҳе фармон дод, ки пиронсолонро бикушанд. Ҷавоне падари худро дӯст медошт. Ҳангоме ки ҷавон хабар ёфт, падари худро дар зеризамини хонааш пинҳон кард. Вақте ки маъмурон барои тафтиш омаданд, касеро наёфтанд. Рӯзҳо гузашт ва подшоҳ тавассути ҷосусон ва хоинон огоҳ шуд, ки ҷавон падари худро пинҳон намудааст. Подшоҳ қарор дод, ки қабл аз ҳабс кардани ҷавон ва қатли падари ӯ, ӯро бисанҷад. Маъмуреро ба дунболи ӯ фиристод. Маъмур назди ҷавон рафта гуфт: "Подшоҳ туро фаро хондааст, ки субҳгоҳон савор ва ҳамзамон пиёда ба ҳузураш биоӣ." Ҷавон ҳайрон шуд ва дар ҳолати сардаргумӣ ба назди падари худ рафт ва воқеаро нақл намуд. Мард табассуме кард ва ба фарзандаш гуфт: "Асои бузурге биёр ва рӯи он савор шав ва пиёда назди подшоҳ ҳозир шав!" Ҷавон дар маҷлиси подшоҳ ҳозир шуд. Подшоҳ аз заковати ӯ дар тааҷҷуб монд ва ба ҷавон гуфт: "Бирав ва пагоҳ дар ҳолати пӯшида ва урён баргард!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар ба фарзандаш гуфт: "Кафши худро ба ман бидеҳ." Қисми поён ва пошнаи кафшро бурид ва гуфт: "Инро бипӯш ва назди подшоҳ бирав!" Подшоҳ аз зеркии ӯ дар ҳайрат монд ва ба ӯ гуфт: "Бирав ва фардо бо дӯсту душмани худ биё!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Падар табассуме кард ва гуфт: "Ҳамсарат ва сагатро бо худ бубар ва назди подшоҳ биёр! Ва ҳар дуяшонро бизан!" Ҷавон гуфт: "Чӣ гуна мумкин аст?" Падар гуфт: "Ту иҷро кун, зуд хоҳӣ фаҳмид." Субҳ ҷавон назди подшоҳ ҳозир шуд ва дар назди подшоҳ ҳамсарашро зад. Ҳамсараш фарёд баровард ва ба шавҳараш гуфт: "Ба зудӣ пушаймон хоҳӣ шуд!" Ва ба подшоҳ хабар дод, ки шавҳарам падари худро пинҳон кардааст. Баъд сагашро зад. Саг давид. Подшоҳ тааҷҷуб кард! Ва гуфт: "Дӯсти вафодор ва душман чӣ гуна аст?" Ҷавон ба саг ишора кард. Саг ба сӯяш шитофт ва гирду атрофаш бо шодӣ давид! Ҷавон гуфт: "Ин ҳамон дӯст ва душман аст." Подшоҳ дар ҳайрат монд ва гуфт: "Субҳ бо падарат биё!" Ҷавон назди падар баргашт ва воқеаро нақл намуд. Субҳ чун назди шоҳ ҳозир шуданд, подшоҳ падари ҷавонро ҳамчун мушовири худ баргузид. Ниҳоят ҷавон ва падараш ба лутфу фазли Илоҳӣ наҷот ёфтанд. Падар ҳар гоҳ ба синни боло мерасад, чу ганҷинаест, ки қадру қимати онро намефаҳмем, магар баъди аз даст додани чунин фурсатҳои тиллоӣ. Падар мактаби комил ва дорои дарояти воқеист. Ӯро чун мушовир ва маҳрами асрори худ қарор деҳ — ҳамеша бо ӯ роҳи ҳал хоҳӣ ёфт! Худованд ба волидони вафоткардаи мо раҳмат кунад ва ба зиндагонамон умри пурбаракат ато намояд. Фироқи падар сахт аст, ва бенавоӣ ва талхии онро касе намедонад, ҷуз он ки чашида бошад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ҚИССАИ ИБРАТБАХШИ ПИСАР БО ПАДАР

Писаре падарашро барои шом ба тарабхонае бурд. Падар, ки хеле пиру заъиф шуда буд,  ғизояшро дурус наметавонист бихурад ва бар рӯи либосҳояш мерехт. Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон бо ҳақорат ба сӯи марди пир менигаристанд,  ва писар ҳам хомӯш буду дар иваз ғизоро ба даҳони падар мегузошт. Пас аз ин ки ғизояшон тамом шуд,  писар ба ороми падарро ба дастшӯи бурд,  либосашро тамиз кард,  мӯйҳояшро шона кард ва айнакҳояшро танзим карду берун овард. Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон мутаваҷҷеҳи ҳардуи инҳо буданд ва бо ҳақорат ба сӯи ҳарду менигаристанд Писар пули ғизоро пардохт ва бо падар аз онҷо рафт. Дар ин ҳангом пирамарди дигаре аз ҷамъи ҳозирин баланд шуду садо кард Писар.... Оё фикр намекуни чизеро фаромӯш кардаи? Писар посух дод: Чизе боқи нагузоштаам. Он марди пир гуфт: Бале писарам боқи гузоштаи... Дарсе барои тамоми писарон... Ва умеде ҳам барои ҳамаи падарон...!!! Хомӯшии мутлақ бар тамоми рестурон ҳоким шуд! Кош шеъре ба номи "падар" буд ки ингуна оғоз мешуд. Қасам бар панҷаи дастонат ки бӯи нон медиҳад. Ва қасам бар чашмони ҳамеша нигаронат.... Қасам бар буғзи фурӯхӯрдаат ки шонаи кӯҳро ларзонд. Ва қасам бар ғурбатат... Вақте ҳеҷ биҳиште зери поят нест!!! (Зинда бод ҳамаи падарони дар қайди ҳаёт ва шод бод рӯҳи тамоми падарони азиз ки сафар кардаанд).

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ДӮСТӢ

Гунҷишке бо саросемагӣ ба оташ наздик мешуду бармегашт. Аз ӯ пурсиданд: - Чӣ мекунӣ? Ҷавоб дод: - Дар ин наздикӣ чашмаи об аст ва ман минқори худро пур аз об мекунам ва бар болои оташ мерезам. Гуфтанд: - Ҳаҷми оташ дар муқобили обе, ки ту мерезӣ бисёр зиёд аст ва ин об фоидае надорад. Гуфт: - Шояд натавонам оташро хомӯш кунам, аммо он вақте ки Худованд мепурсад, ки ҳангоми дӯстат дар оташ сӯхтан, ту чӣ кор кардӣ? Ҷавоб медиҳам, ки ҳар он чӣ аз дастам омад, анҷом додам.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Тарс

Рӯзе занбӯр ва мор бо ҳам баҳс карданд. Мор мегуфт:  "Одамон аз тарси зощирии даҳшатноки ман мемиранд, на аз сабаби неш задани ман!" Аммо занбӯр ин суханро қабул намекард. Мор барои исботи гуфтааш ба чӯпоне, ки зери дарахте хобида буд, наздик шуд ва ба занбӯр гуфт: "Ман чӯпонро неш мезанам ва пинҳон мешавам. Ту бошад, болои сараш парвоз кун, садо барор ва худро нишон деҳ". Мор чӯпонро неш зад ва занбӯр болои сари чӯпон ба парвозу садо баровардан оғоз кард. Чӯпон аз хоб бедор шуд ва гуфт: " Эй занбӯри лаънатӣ!" Сипас ҷои нешро молида, заҳрро берун кард. Баъд ба захм дору гузошту пас аз чанд рӯз сиҳат шуд. Сипас боз ба истироҳат машғул шуд. Ин дафъа мор ва занбӯр нақшаи дигар кашиданд: ин бор занбӯр неш зад ва мор худро нишон дод. Чӯпон аз хоб парид ва ҳамин ки морро дид, аз тарс ба гурехтан оғоз кард. Аз ваҳшати мор дигар заҳрро берун накард ва ба захмаш ҳам дору нагузошт. Пас аз чанд рӯз чӯпон аз тарси мор ва неши занбӯр ҷон дод. Яъне бисёре аз бемориҳо ва мушкилот низ ҳамин гунаанд: одамон на ҳамеша аз худи онҳо, балки бештар аз тарсе, ки дар зеҳни худ месозанд, нобуд мешаванд. Пас, ҳама чиз ба бардошти мо аз зиндагӣ ва шароите, ки дар он қарор дорем, бармегардад. Барои ҳамин беҳтар аст нигоҳи худро ба ҳама чиз хубтар ва солимтар кунем. Эҳтиёт кунед, ки ба зиндагии худ чӣ чизҳоро талқин мекунед...!

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Зиндагӣ мисли оина аст

Инсон дар зиндагӣ ҳар чизеро ки ба ҷаҳон медиҳад, рӯзе ба ҳамон шакл ба худ бозпас мегирад. Ҳеч андеша, ҳеч сухан ва ҳеч амале дар фазои ҳаёт гум намешавад. Ҳар пиндори нек, ҳар сухани меҳрубонона ва ҳар кори хайр дер ё зуд ба зиндагии инсон рӯшанӣ меорад. Ҳамон гуна ки кина, бадгӯӣ ва озори дигарон низ рӯзе ба шакле ба худи инсон бармегардад. Зиндагӣ мисли оина аст: ҳар чӣ дар баробараш мегузорӣ, ҳамонро ба ту нишон медиҳад. Агар муҳаббат диҳӣ, муҳаббат мебинӣ, агар эҳтиром кунӣ, эҳтиром меёбӣ, агар дилеро бишканӣ, рӯзе дарде аз ҳамон ҷинс ба сарат меояд. Шояд бозгашти амалҳо зуд набошад, шояд солҳо тӯл кашад, аммо қонуни зиндагӣ дақиқ аст: инсон ҳосили пиндор, гуфтор ва кирдори худро мечинад. Чӣ хуб мебуд агар эҳтиёт кунем, ки чӣ меандешем, чӣ мегӯем ва чӣ мекунем. Зеро ҳар андеша тухмест, ҳар сухан садоест ва ҳар амал роҳест, ки оқибат моро ба худи мо бармегардонад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Дурӯғ

Яке аз хатарноктарин дурӯғҳо он дурӯғест, ки инсон ба худ мегӯяд. Вақте шахс ҳақиқатро медонад, вале дидаву дониста худро фиреб медиҳад, тадриҷан миёни воқеият ва хаёл марзҳоро гум мекунад. Аввал дурӯғро барои тасаллои худ мегӯяд, баъд ба он бовар мекунад ва дар ниҳоят дигар ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ карда наметавонад. Инсоне, ки ба худ дурӯғ мегӯяд, камбудиҳои худро намебинад, хатоҳояшро намепазирад ва аз ислоҳи худ дур мемонад. Ӯ ҳамеша барои нокомиҳои худ баҳона меҷӯяд ва масъулиятро ба дӯши дигарон мегузорад. Дар чунин ҳолат рушд ва пешрафт қариб ғайриимкон мегардад. Ҳақиқат баъзан талх аст, аммо танҳо ҳақиқат метавонад инсонро тағйир диҳад. Шахсе, ки ҷуръати рӯ ба рӯ шудан бо ҳақиқатро дорад, метавонад хатоҳояшро ислоҳ кунад, аз таҷрибаҳо дарс гирад ва ба камол расад. Пеш аз он ки аз дигарон ростӣ талаб кунем, бояд бо худ ростқавл бошем. Зеро роҳи ҳар гуна пешрафт аз як иқрори сода оғоз мешавад: «Ман ҳақиқатро мебинам ва омодаам онро бипазирам». Ҳақиқат метавонад дард оварад, аммо дурӯғ инсонро гумроҳ мекунад. Танҳо касе, ки бо худ рост аст, метавонад зиндагии худро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Инсони хуб

Шогирде аз устоди худ пурсид: Лутфан ба ман бигӯед, ки чӣ гуна метавонам инсони хубро бишносам? Устод ҷавоб дод: Ту наметавонӣ аз рӯи суханони як шахс муайян кунӣ, ки ӯ инсони хуб аст ё не. Ҳатто аз рӯи зоҳири одамон низ ба чунин хулоса расидан мумкин нест. Аммо метавонӣ аз муҳите, ки бо ҳузури он шахс ба вуҷуд меояд, ӯро бишносӣ. Зеро ҳеҷ кас наметавонад дар атрофи худ фазое эҷод кунад, ки бо рӯҳу ботини ӯ созгор набошад. Яъне инсон ҳамеша он чиро, ки дар даруни худ дорад, ба атрофиён мунъакис мекунад. Агар ҳузури касе ба дигарон оромиш, меҳрубонӣ ва эҳсоси нек бахшад, эҳтимол дар ботини ӯ низ ҳамин сифатҳо ҷой дошта бошанд. Агар мехоҳӣ ҳузурат барои дигарон манбаи оромиш бошад, аввал бояд даруни худро ором гардонӣ. Зеро оромиши ҳақиқӣ аз ботини инсон оғоз меёбад ва сипас ба ҷаҳон атрофаш паҳн мешавад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Инсони солим

Инсони солим на он касест, ки ҳеч мушкиле надорад, балки он касест, ки ҳатто дар миёни мушкилот роҳ меҷӯяд. Зиндагӣ ҳамеша мувофиқи хоҳиши мо пеш намеравад. Баъзан дарҳо баста мешаванд, нақшаҳо барҳам мехӯранд ва роҳҳо ба бунбаст мерасанд. Аммо одамони қавӣ дар чунин лаҳзаҳо намегӯянд: «Ҳама чиз тамом шуд». Онҳо мегӯянд: «Шояд роҳи дигаре вуҷуд дошта бошад». Воқеъбин будан маънои ноумед шуданро надорад. Воқеъбинӣ яъне мушкилро дидан, аммо ба имкониятҳо низ чашм доштан. Ҳар вақте зиндагӣ туро дар назди деворе қарор диҳад, пеш аз таслим шудан аз худ бипурс: «Оё дар ҳақиқат дигар роҳе нест?» Аксар вақт муваффақият маҳз аз он ҷо оғоз мешавад, ки дигарон истодаанд, аммо ту ҳанӯз дар ҷустуҷӯи роҳи нав ҳастӣ. Пас ҳамеша бу худ бигӯ: «Бале, вазъият душвор аст, аммо боз ҳам роҳе вуҷуд дорад».

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Қудрат ва рушд аз роҳи осон ба даст намеоянд

Ҳар муваффақияте, ки имрӯз мебинед, пушти худ рӯзҳои сахт, шикастҳо, ноумедиҳо ва талошҳои зиёдеро пинҳон кардааст. Инсон дар лаҳзаҳои осоиш не, балки дар миёни мушкилот қавӣ мешавад. Тӯфон решаи дарахти заифро меканад, аммо дарахти қавиро боз ҳам мустаҳкамтар месозад. Зиндагӣ низ ҳамин гуна аст. Ҳар мушкиле, ки аз сар мегузаронед, агар таслим нашавед, шуморо қавитар, донотар ва таҷрибадортар мегардонад. Пас аз душвориҳо натарсед. Ҳар қадаме, ки имрӯз бо сабр ва устуворӣ мегузоред, шуморо ба шахсияте табдил медиҳад, ки фардо орзуи шуданашро доред. Рушд аз минтақаи осоиш оғоз намешавад. Рушд он ҷо оғоз мешавад, ки инсон қарор медиҳад бо вуҷуди тарс, хастагӣ ва монеаҳо боз ҳам пеш равад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Худбузургбинӣ

Бисёр вақт инсонро на душманонаш, балки эҳсоси “ман аз ҳама беҳтарам” нобуд мекунад. Худбузургбинӣ оҳиста-оҳиста чашми инсонро мепӯшонад: дигар касеро намешунавад, хатоҳои худро намебинад, ва фикр мекунад ҳақиқат танҳо назди ӯст. Ин гуна одамон одатан аз рушд бозмемонанд. Зеро инсон танҳо вақте меомӯзад, ки эҳсос кунад ҳанӯз чизҳои зиёдеро намедонад. Одами воқеан бузург, худро бузург нишон намедиҳад. Ҳар қадар инсон донотар шавад, ҳамон қадар хоксортар мегардад. Худбузургбинӣ инсонро аз мардум дур мекунад, аз ҳақиқат дур мекунад ва дар ниҳоят аз худи воқеияташ ҳам ҷудо месозад. Баъзан як инсони одии хоксор аз сад “донои” мағрур арзишмандтар аст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Қадрдонӣ

Қадрдонӣ муҳимтарин омил барои рушди ҳар инсон аст! Қадрдонӣ яке аз муассиртарин ва дар айни замон содатарин роҳ барои боло бурдани сатҳи шодӣ ва беҳтар сохтани тафаккур аст. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки одамоне, ки қадрдониро тамрин мекунанд, сатҳи стрессро коҳиш дода, эҳсосоти шодии бештар доранд. Қадрдонӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба ҷанбаҳои мусбати зиндагӣ таваҷҷуҳ намоед ва ин боиси тақвияти рӯҳия ва беҳбуди вазъи равонӣ мегардад. Чаро қадрдонӣ ин қадар муҳим аст? Вақте мо ба чизҳое, ки дорем, меандешем ва барои онҳо сипосгузорем, зеҳни мо аз нигарониҳо ва андешаҳои манфӣ дур мешавад. Ин тамрин сабаб мегардад, ки зеҳни шумо дар ҷустуҷӯи ҷанбаҳои мусбати зиндагӣ бошад ва эҳсоси хушбахтии бештареро таҷриба кунед. Ба ибораи дигар, зеҳни инсон чунин офарида шудааст, ки агар пайваста ба ҷанбаҳои мусбати зиндагӣ таваҷҷуҳ намояд, ҷаҳонбинии ӯ нисбат ба дунё тағйир меёбад.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Суханварӣ танҳо сухан гуфтан нест

Мегӯянд, ки дар шаҳри Бухоро ҷамъомаде баргузор гардид, ки дар он суханварон, шоирон ва донишмандон ҳузур доштанд. Ҳар яке бо сухани ширин, қофия ва ҳикмати баланд ҳунари худро нишон медод. Дар он миён пирамарде хомӯш менишаст. Ӯро пурсиданд: — Чаро ту, ки аз маъруфтарин донишмандон ҳастӣ, сухане намегӯӣ? Пир бо табассум гуфт: — Сухан монанди гавҳар аст. Ҳар ҷо ва ҳар вақт гуфтанаш ҷоиз нест. Сухан бояд чун дору бошад: ба маврид, ба миқдор ва ба ҷойи зарурӣ. Агар беҳуда ва беандеша гуфта шавад, мисли доруи зиёдатӣ ба ҷои шифо заҳр мегардад. Ҳозирон аз ин ҳикмат ба ваҷд омаданд ва эътироф карданд, ки хомӯшии ба маврид аз сухани беҳуда беҳтар аст. Панд: Суханварӣ танҳо сухан гуфтан нест, балки донистани замон, макон ва ҳадафи сухан аст. Касе, ки ба маврид сухан мегӯяд, аз ҳазорон суханвари сергуфтор беҳтар аст.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

Ахлоқ

Рӯзе як ҷавон назди устоди худ омад ва пурсид: – Устод, кадом чиз инсонро аз ҳама зиёд зебо мегардонад? Устод бо табассум ҷавоб дод: – На сару либос, на дороӣ ва на қувват. Зеботарин ороиши инсон одоб ва хулқи нек аст. Ҷавон боз пурсид: – Оё хулқи хуб чӣ қадар аҳамият дорад? Устод гуфт: – Мисли офтоб, ки ҳама ҷо равшанӣ мебахшад. Одам бо хулқи нек дили дигаронро равшан месозад. Агар хулқаш бад бошад, мисли торикӣ аст, ки ҳарчанд ганҷина дошта бошад, касе ба ӯ наздик намешавад. Сипас устод афзуд: – Агар мехоҳӣ дар дили мардум ҷой дошта бошӣ, на қувва ҷӯй ва на сарват, балки бо одоб, хоксорӣ ва хулқи нек зиндагӣ бикун. Панд Хулқи нек сармояест, ки арзиши он ҳеҷ гоҳ кам намешавад. Мол талаф шавад, барқарор мешавад, вале обрӯ ва одоби инсон агар равад, баргаштанаш душвор аст.

0