Зеҳн
Дунё·Дунё·12 рӯз пешНашрия

Инсони солим

Инсони солим на он касест, ки ҳеч мушкиле надорад, балки он касест, ки ҳатто дар миёни мушкилот роҳ меҷӯяд.

Зиндагӣ ҳамеша мувофиқи хоҳиши мо пеш намеравад. Баъзан дарҳо баста мешаванд, нақшаҳо барҳам мехӯранд ва роҳҳо ба бунбаст мерасанд. Аммо одамони қавӣ дар чунин лаҳзаҳо намегӯянд: «Ҳама чиз тамом шуд». Онҳо мегӯянд: «Шояд роҳи дигаре вуҷуд дошта бошад».

Воқеъбин будан маънои ноумед шуданро надорад.

Воқеъбинӣ яъне мушкилро дидан, аммо ба имкониятҳо низ чашм доштан.

Ҳар вақте зиндагӣ туро дар назди деворе қарор диҳад, пеш аз таслим шудан аз худ бипурс:

«Оё дар ҳақиқат дигар роҳе нест?»

Аксар вақт муваффақият маҳз аз он ҷо оғоз мешавад, ки дигарон истодаанд, аммо ту ҳанӯз дар ҷустуҷӯи роҳи нав ҳастӣ.

Пас ҳамеша бу худ бигӯ:

«Бале, вазъият душвор аст, аммо боз ҳам роҳе вуҷуд дорад».

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.