Зеҳн
Дунё·Дунё·12 рӯз пешНашрия

ДӮСТӢ

Гунҷишке бо саросемагӣ ба оташ наздик мешуду бармегашт. Аз ӯ пурсиданд:

- Чӣ мекунӣ?

Ҷавоб дод:

- Дар ин наздикӣ чашмаи об аст ва ман минқори худро пур аз об мекунам ва бар болои оташ мерезам.

Гуфтанд:

- Ҳаҷми оташ дар муқобили обе, ки ту мерезӣ бисёр зиёд аст ва ин об фоидае надорад.

Гуфт:

- Шояд натавонам оташро хомӯш кунам, аммо он вақте ки Худованд мепурсад, ки ҳангоми дӯстат дар оташ сӯхтан, ту чӣ кор кардӣ? Ҷавоб медиҳам, ки ҳар он чӣ аз дастам омад, анҷом додам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.