
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
ЧАШМОНИ НИГАРОН
Рӯзе яке аз подшоҳони Хуросон Маҳмуди Сабуктегинро дар хоб дид. Тамоми бадани ӯ пӯсида, ба хок табдил ёфта буд, ба ҷуз чашмонаш, ки ҳанӯз дар чашмхонаҳояшон ҳаракат мекарданд ва ба ҳар тараф менигаристанд. Подшоҳ аз дидани ин хоби аҷиб дар ҳайрат монд ва аз донишмандону ҳакимон хост, ки онро таъбир кунанд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо натавонист маънои ин хобро шарҳ диҳад. Ниҳоят, дарвеше ба назди подшоҳ омад, бо эҳтиром таъзим кард ва гуфт: — Маҳмуди Сабуктегин ҳанӯз ҳам нигарон аст, ки мулку подшоҳии ӯ ба дасти дигарон гузаштааст. Шеър Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд, К-аз ҳастияш ба рӯи замин бар нишон намонд. В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок, Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон намонд. Зиндаст номи фаррухи Нӯшинравон ба хайр, Гарчи басе гузашт, ки Нӯшинравон намонд. Хайре кун, эй фалону ғанимат шумор умр, З-он пештар, ки бонг барояд: «Фалон намонд!» --- Маънои шеър Чӣ бисёр одамони номдору машҳурро дар зери хок дафн кардаанд, ки имрӯз аз вуҷуди онҳо дар рӯи замин ҳеҷ нишоне боқӣ намондааст. Чӣ бисёр ҷасадҳоеро ба хок супурдаанд, ки бо гузашти замон ҳатто устухонҳояшон низ пӯсида, нобуд шудаанд. Аммо номи неки Нӯшинравони Одил ҳанӯз ҳам дар миёни мардум зинда аст, гарчанде аз марги ӯ асрҳои зиёд гузаштаанд. Пас, эй инсон, то зинда ҳастӣ, некӣ кун ва умри худро ғанимат бишумор, пеш аз он ки рӯзе мардум бигӯянд: «Фалонӣ ҳам аз дунё гузашт!» Шарҳи вожаҳо Мулук — подшоҳон, ҳокимон. Маҳмуди Сабуктегин — Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, яке аз подшоҳони машҳури давлати Ғазнавиён. Соири ҳукамо — дигар донишмандон ва ҳакимон. Таъвил — таъбир ва шарҳи маънои хоб. Дарвеш — шахси порсо ва дилканда аз сарвату мансаб. Мулк — сарзамин, мамлакат ва подшоҳӣ. Номвар — шахси машҳур ва номдор. Пирлоша — ҷасади фарсуда ва пӯсида. Фаррух — муборак, некбахт ва хуҷаста. Нӯшинравон — Хусрави Анӯшервон, подшоҳи Сосонӣ, ки дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҳамчун рамзи адолат ёд мешавад. Ғанимат шуморидан — қадр кардан ва аз фурсат дуруст истифода бурдан. Панди ҳикоят Ин ҳикоят аз китоби «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ буда, ба гузарандагии умр, бебақоии қудрат ва арзиши номи нек ишора мекунад. Инсон ҳар қадар сарватманду тавоно бошад, рӯзе аз ин ҷаҳон меравад. Молу мулк ва мансаб ба дигарон мегузаранд, аммо номи нек ва корҳои шоистаи ӯ метавонанд солҳои зиёд дар хотираи мардум боқӣ монанд. Пас, то фурсат ҳаст, бояд некӣ кард, зеро умр гузаранда аст, вале осори неки инсон метавонад баъд аз маргаш ҳам боқӣ бимонад.
ҲАҚ
Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки боре Расули Худоро (с) дидем, ки табассум мекард, ба сурате ки дандонҳояш намудор шуданд. Чун сабаби болидагияшро пурсидем, фармуд: Ду нафар аз умматонам ба ҳузури Ҳақ Таъоло меоянд ва яке мегӯяд: — Худоё, ман бар ин бандаат ҳақ дорам. Ҳаққамро аз ӯ ситонида, ба ман бидеҳ. Аллоҳ Таъоло ба он банда мефармояд: — Ҳаққи ӯро бидеҳ! Банда мегӯяд: — Парвардигоро! Ман савобе надорам, ки ба ӯ бидиҳам. Сипас Худованд ба даъвогар мегӯяд: — Ӯ савобе надорад, ки ба ту бидиҳад. Пас чӣ талабе дорӣ? Банда мегӯяд: — Дар он сурат, бигзор аз гуноҳони ман ба ӯ дода шавад. Пас Худованд мегӯяд: — Ба боло нигар ва биҳиштро бубин! Банда ба боло нигоҳ карда, биҳиштро мебинад ва. мегӯяд: — Худоё, қасрҳоеро мебинам, ки аз ёқуту марҷон сохта шудаанд. Магар инҳо барои паёмбаре ва ё барои сиддиқу шаҳиде омода шудаанд?! Худованд мефармояд: — Инҳо барои касоне омода шудаанд, ки дар дунё музди ин ҳамаро пардохтаанд. Банда мепурсад: — Музди инҳоро чӣ касе пардохта метавонад? Худованд мефармояд: — Агар хоҳӣ, ту низ метавонӣ сазовори инҳо бошӣ. Банда мегӯяд: — Худоё, ман чӣ гуна метавонам сазовори чунин лутфу марҳамате бошам? Ҳақ Таъоло мефармояд: — Дар сурати аз даъвоят гузаштан ва бахшидани ҳаққе, ки бар ин бандаам дорӣ. Банда мегӯяд: — Ман аз даъвоям даргузаштам ва ҳаққи худро ба ӯ бахшидам. Сипас Худованди Мутаъол мефармояд: — Ҳамроҳи бародарат вориди биҳишт шавед! Дар ҳамин ҳол Расули Худо (с) фармуд: — Аз Худованд битарсед, аз Худованд битарсед ва муносибати байни ҳамдигарро дуруст ба роҳ монед! Бинед, ки Ҳақ Таъоло худ бевосита муъминонро ба ҳам меорад.
СУБҲ ВА РӮЗ
Рӯзе ду дӯст Субҳ ва Рӯз бо ҳам баҳс карданд. Субҳ гуфт: — Ман аз ҳама муҳимам. Одамон бо ман бедор мешаванд, нияти нек мекунанд, намоз мехонанд, орзу месозанд. Агар ман набошам, ҳеҷ кор оғоз намешавад. Рӯз табассум карда ҷавоб дод: — Дуруст аст, ту оғози хубӣ ҳастӣ. Аммо ман идомаи он ҳастам. Агар инсон дар давоми рӯз меҳнат накунад, субҳи хубаш чӣ фоида дорад? Онҳо ба назди донои пир рафтанд, то доварӣ кунад. Пир гуфт: — Шумо ҳарду якдигарро пурра мекунед. Субҳ ният мебахшад, рӯз амал. Агар ният бе амал бошад — орзу мемонад. Агар амал бе ният бошад — бемаънӣ мегардад. Аз ҳамон рӯз, Субҳ ва Рӯз дигар баҳс накарданд. Онҳо фаҳмиданд: бахти инсон дар якҷоягии нияти нек ва меҳнати ҳалол аст. Панд: Ҳар субҳро бо нияти нек оғоз кунед ва онро дар давоми рӯз бо амалҳои хуб идома диҳед.
ДУРЎҒГЎЙ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД
Рост ҷў, рост нигар, рост гузин, Рост гў, рост шунав, рост нишин. Абдураҳмони Ҷомӣ Сухани рост гуфтан нишонаи мардонагист. Худованди бузург бандагонашро ба ростгўйӣ ҳидоят мефармояд. Сухани дуруст марҳами дилҳост ва моро аз балоҲо раҳоӣ мебахшад. Алӣ ибни Абўтолиб фармудаанд: «Ҳақро дар ҳама ҳол бигў, парҳезгоронро ёвар бош ва аз фосиқон дурӣ гузин». Имом Ҳусайн гуфтаи ҷолибе дар ин мавзўъ доранд: «Ростгўйӣ сарфарозӣ ва дурўғгўйӣ нотавонист». Абулқосими Фирдавсӣ дурўғгўйро душман меҳисобад: Ҳар он кас, ки бо ту нагўяд дуруст, Чунон дон, ки ў душмани ҷони туст. Абулқосими Фирдавсӣ Аз сухани рост касе зиён намебинад ва он оромиши рўҳу тан мебошад: Беҳ аз ростӣ дар ҷаҳон кор нест, Ки дар гулбуни ростӣ хор нест. Фаридуддин Аттор Дар осори Саъдии Шерозӣ ин мавзўъ хеле хуб ҳаллу фасл гардидааст: Дурўғ одамиро кунад бевиқор, Дурўғ одамиро кунад шармсор.
Саълабӣ
Саълабӣ шоире аз шуарои пойтахти Мансури халифа буд. Гуфт: – Рӯзе қасидаи ғарро гуфтам ва ба умеди силаи куллӣ пеши халифа бурдам ва бар ӯ хондам ва дараҷаи қабул ёфт. Баъд аз он гуфт: – Эй Саълабӣ, кадом дӯсттар дорӣ? Он ки туро сесад зари сурх диҳам ё се калимаи ҳикмат ба ту омӯзам, ки ҳар яке ба сад динор зари сурх арзад. Ман бинобар хушомад гуфтам: – Ҳикмати боқӣ беҳ аз неъмати фонӣ. Гуфт: – Калимаи аввал он ки чун ҷомаи ту кӯҳна бошад, мӯзаи нав мапӯш, ки бад намояд. Гуфтам: – Ой, вовайло,ки сад динорам бисӯхт! Халифа лаб ширин карду гуфт: – Калимаи дуввум он ки чун равған дар риш молӣ, ба зери риш марасон, ки гиребонро чарб кунад. Гуфтам: – Дареғ, сад дареғ, ки дувист динорам зоеъ шуд. Халифа табассум карду гуфт: – Калимаи саввум ... Пеш аз он ки баён кунад гуфтам: – Эй халифаи рӯзгор! Бар иззати Парвардигор ҳикмати саввумро захира нигаҳ дор ва сад динори боқиро ба ман деҳ, ки он маро ҳазор бор нофеътар аст аз ҳикмат шунидан. Халифа бихандиду бифармуд, то понсад динор зари сурховарданд ва ба ман таслим карданд.
МОҲИГИР
Марде тамоми умр бо пешаи моҳигирӣ баракати зиндагии хонадонашро таъмин мекард. Зану кӯдаконаш аз чизе камӣ надоштанд. Рӯзе дар канори соҳил нишаста, тӯрашро ба дарё партофту пинак рафт. Баъди чанде сар бардошта тӯрро назар карда 3-4 моҳиро даруни он дид. «Кам аст», гуфту, сайдашро аз об нагирифта, дубора ба дарё партофту пинак рафт. Соате баъд тӯрашро аз нав хабар гирифт: 6-7 дона моҳӣ беқарорӣ доштанд. Қаноат накард. – Каме дам мегирам, ҳамин ки бегоҳ шуд, якбора онро бо моҳии зиёд аз об гирифта ба хона бармегардам, - аз дил гузаронд моҳигир. Бегоҳ шуд. Моҳигир хост тӯри пур аз моҳиашро аз дарё бардошта, ризқи фарзандонашро ба манзилаш бубарад. Аз тӯр дарак набуд: вазни моҳии бисёр тӯрро канда бурдааст. Мард аз карда пушаймон шуда, бо сари хам ва дасти холӣ ба хона баргашт. – Чӣ шуд? Чи ҳодиса рух дод? - пурсид ҳамсараш, ки бори нахуст ӯро бо дасти холӣ медид. – Бисёр талаб макун, ба кам зор шавӣ, - гуфтаанд бузургон. Ман имрӯз ин пандро сарфи назар кардаму аз ёфта бенасиб мондам, - гуфт мард.
МУСИЧА
Дар таги долони зан мусичае лона гузошта буд. Рӯзе соҳибхона чириқ-чириқи форами чӯҷаҳои мусичаро шунида, ба лонаи онҳо назар кард. Се мусича беқаророна овоз бароварда, бо даҳони боз модарашонро интизорӣ мекашиданд. Мусича дар минқораш анвои гуногуни ғизоро меоварду чӯҷаҳояшро сер мекард. Ин ҳолат се-чор рӯз давом кард. Соҳибхона ҳар субҳидам аз хоб мехесту қабл аз оғози корҳои хона ба лонаи мусича назар карда аз рафтори онҳо ҳаловат мебурд. Рӯзе дид, ки мусича бо болҳояш чӯҷачаашро аз лона берун кардан мехоҳад. Чӯҷаи бечора парвоз карда наметавонад, аммо модар ӯро тела медод. Зан аз ин рафтори мусича дар ҳайрат шуд. «Наход паррандагон дар нисбати фарзанди худ чунин бераҳмиро раво бинанд? Чаро? Чаро ӯ фарзандашро озор медиҳад? Охир, бечора чӯҷа ҳозир аз лона ба замин афтода мемурад», - аз дил мегузарононд соҳибхона. Мусича бори дигар чӯҷачаашро аз лона берун тела дод. Чӯҷаи хурдакак ба замин сарозер шуд. Аз тарс овоз мебароварду пару болҳояшро меафшонд: ба замин нарасида парвоз кард. Ҳамин тавр, баъди чанд рӯз мусичаҳо парвозӣ шуда, лонаро тарк карданд. Зан дар банди андеша афтод: «Ин мусича ба ман сабақи зиндагӣ омӯхт. Мо, фарзандони Одам, пайваста кӯшиш мекунем, ки фарзандонамон аз канорамон дур набошанд. Мустақилияташонро маҳдуд месозем, аммо мусича ба фарзандонаш парвоз кардан, озодона болу пар заданро меомӯзад. Ана, ин аст модар будан ва фарзандро тарбият кардан!»
ДУ БАРОДАР
Модар ду писар дошт. Писари калонӣ - Салим фарбеҳ буду танбал ва кораш рӯзу шаб хӯрдану хобидан. Писари хурдӣ - Раҳим хароб буду заиф, чаққонак ва меҳнатдӯст. Модар рӯзе аз рӯзҳои фасли поиз аз фарзандонаш хоҳиш кард: – Ҷону ҷигаракони оча, фасли тирамоҳ аст. Писаронам, тирамоҳ, бояд ғами зимистонро хӯрд. Хуб мешуд, ки ба кӯҳ баромада ҳезум чинед. Салимҷон, додаракат Раҳимро эҳтиёт кун. Ӯ нисбат ба ту хурд аст, аз ӯҳдаи бардоштани бори вазнин баромада наметавонад, - ва «тӯшаи роҳ» гуён ба миёнбанди бародарон нон басту ба дасташон кадуи обро дода, ба кӯҳ гуселашон кард. Ҳамин ки нахустин дараро гузашта, ба миёни пистазор даромаданд, Салим ба додараш амр кард: – Раҳимҷон, табарро гирифта, аз дарахтон шохаҳои хушкидаро зада дарза бастан гир. Ман каме дам мегираму баъд ба ту ёрӣ мерасонам, - ва ҷомаашро ба замин густурда пинак рафт. Раҳим бошад, бо ҳавсалаи зиёд ба кор сар кард: бо табарчааш шохаҳои хушки дарахтонро бурида ду дарза ҳезум тайёр кард ба бародараш, ки баҳузур мехобид, гуфт: – Акаҷон, хез. Нону обро мехӯрему ба хонаамон бар-мегардем, ман ду дарза ҳезум тайёр кардам. Салим хамёзакунон аз хоб хест. – Ман нону обро ким кайҳо хӯрда будам. Биё, ба ту ёрӣ мерасонам - гуфта ҳарду дарза ҳезумро ба пушти додараш ниҳода, худ аз қафо химчаеро гирифта амр кард. – Рафтем. Раҳим беинсофии бародарашро дида хоҳиш кард: – Раҳм кун, акаҷон! Ақаллан як дарзаашро ту бардор. Аммо бародари фарбеҳи шикампараст ба зорию илтимоси додараш аҳамияте надода, ба сараш дод зад: – Тез-тез роҳ гард, рӯз рӯ ба торикӣ оварда истодааст, боз ягон гург луқмаи хомамон накунад! Раҳим, ки бисёр бачаи боақл буд, аз дил гузаронид: «Ман бояд ҷазои бародарамро диҳам, то ки дигар беинсофӣ накунад.» Ва баъди ду - се қадам мондан худро ба рӯи замин партофта, ба беҳушӣ зад. Инро дида Салим сахт тарсид ва ба зорию нола даромад: – Додаракам, Раҳимҷон! Ба ту чӣ шуд? Модарамон «Додаратро эҳтиёт накардӣ»-гуфта маро мекушад. Хоҳиш мекунам, чашмонатро кушо! Раҳим бо чашмони пӯшида ҳамоно хомӯш буд. Салим ду дарза ҳезумро ба якдигар баста болои онҳо ҷомаашро партофта Раҳимро болои ҳезум хобонда бандро аз китфонаш гузаронду то ба хонаашон бардошта овард. Баробари ба ҳавлиашон даромадан Раҳим аз пушти бародараш фуромада нидо кард: – Акаҷон, ин қадар тез расидем?! Салим, ки акнун гуноҳашро фаҳмида буд, арақи пешониашро бо пушти даст пок карда ба додараш гуфт: – Илтимос, ҳодисаи шударо ба модар нагӯй. Модар овози фарзандонро шунида, аз хона баромаду дарзаҳои ҳезумро дида, бо як навъ эҳсоси қаноат ва хушнудӣ гуфт: – Шукр, ки сиҳату саломат, бо дасти пур ба хона баргаштед. Агар боз 4-5 бори дигар ба кӯҳ бароед, зимистонро бе мушкилӣ пушти сар хоҳем кард, қобилакони оча!
Дасти кушоди марди камбағал
Дар як деҳа марде зиндагӣ мекард, ки дороии зиёде надошт, вале қалбаш аз зар ҳам гаронтар буд. Ҳар субҳ, вақте аз хона мебаромад, дар остонааш як сабади хурде мегузошт. Дар сабад чизе набуд, аммо бо қалби пур аз умед менишасту мегуфт: — Парвардигоро, имрӯз ба ман тавфиқ деҳ, то дасти касеро бигушоям. Як рӯз ҳамсоягонаш диданд, ки мард ҳамагӣ як дона нон дорад. Ӯ нонро ба ду қисм карда, нисфи онро ба як пирзан дод, ки аз гуруснагӣ дар роҳ нишаста буд. Пирзан нонро гирифт ва бо дуоҳои нек ӯро гусел кард. Субҳе дигар, як тифли ятим дар назди дари ӯ омад. Мард бо вуҷуди камбудии худ ба ӯ либоси кӯҳна, аммо тоза ва пурандохта дод. Тифл хурсандона рафт. Пас аз чанд ҳафта дар деҳа хушксолӣ шуд. Бисёре аз мардум тангдаст шуданд. Аммо бомдоде, вақте марди камбағал сабадро дар остона гузошт, дар он як халтаи орд, каме гандум ва як зарфи равған ёфт. Шабона касе онҳоро гузошта буд. То чанд рӯз пай дар пай сабад пур мешуд. Мардуми деҳа фаҳмиданд, ки ин марди камбағал, бо вуҷуди кам доштани худ, ҳамеша ба дигарон кумак мекардааст. Ҳар касе, ки аз саховаташ баҳра бурда буд, акнун саховатмандиро ба ӯ бармегардонд. Марди камбағал бо ашки шодӣ гуфт: — Саховат чун чароғест: ҳар қадар бештар тақсим кунӣ, ҳамон қадар бисёртар равшан мешавад. Панд: Саховатмандӣ дороӣ нест — хислати бузург аст. Он чизе ки ту медиҳӣ, гум намешавад; баръакс, рӯзе ба худат бо меваҳои ширинтар бармегардад.
РИВОЯТИ ПОДШОҲ ВА ДАРВЕШ
Мегӯянд, ки замоне подшоҳе дар мулки худ марди хирадманд ва дервешеро даъват кард. Подшоҳ гуфт: — Эй хирадманд! Ман аз хашму ғазаб зуд меҷӯшам, ва баъд пушаймон мешавам. Чӣ тавр метавонам худро боз дорам? Дервеш табассум кард ва гуфт: — Эй подшоҳ, агар мехоҳӣ аз ғазаб раҳо ёбӣ, таҳаммулро омӯз. Таҳаммулпазирӣ оташи ғазабро мисли оби соф хомӯш мекунад. Подшоҳ гуфт: — Ва агар касе маро озор диҳад, чӣ кунам? Дервеш гуфт: — Ба хотир биёр, ки ҳар кӣ туро ранҷонд, ӯ ҳам инсон аст, мисли ту. Агар ӯ нодон аст — бо хирад ҷавоб деҳ. Агар хаставу бечора аст — бо меҳрубонӣ рафтор кун. Ва агар аз рӯи ҷаҳолат сухане гуфт, хомӯш мон, то ҷоҳилӣ дар худи ӯ баргардад. Пас аз он рӯзе яке аз хизматгорон нохост косаи шарбати гаронбаҳоро ба рӯи подшоҳ рехт. Подшоҳ мехост ғазаб кунад, вале ногаҳон сухани дервеш ба ёдаш омад. Сипас бо оромӣ гуфт: — Агар таҳаммул набошад, подшоҳӣ низ беарзиш аст. Хизматгор шармгин шуд, вале аз дили подшоҳ ҳурмату муҳаббат ёфт. Аз ҳамон рӯз подшоҳ сабуртар ва мардум аз ӯ хушбинтар шуданд. Панд: Таҳаммулпазирӣ нишонаи бузургии инсон аст. Касе ки метавонад худро дар лаҳзаи ғазаб нигоҳ дорад, пирӯзтарин инсон аст.
БАРФИ АВВАЛ
Субҳи саҳар буд. Офтоб ҳанӯз аз паси кӯҳ набаромада буд, ки аз осмон пора-пора зарраҳои барфи сафед фурӯ мерехт. Бачаҳо аз тиреза нигариста, бо хурсандӣ нидо мекарданд: — Барф, барфи аввал! Ҳама ба кӯча баромаданд. Ҳаво поку тоза буд, бӯйи тозаи барф ба дили одам оромӣ мебахшид. Кӯдакон аз барф чанача сохта, барфбозию барфпаронӣ мекарданд. Ҳама рақсу бозӣ мекарданду механдиданд, гӯё ҷаҳон аз нав тавлид ёфта бошад. Дар дилҳои калонсолон низ ҳиссиёти кӯдакӣ, ёдҳои кӯҳна, шодиву оромии солҳои пешин бедор шуда, дар бораи "Номаҳои барфи аввал" ба ҳамдигар сухан мекарданд. Барфи аввал ба мардум гӯё паёми нав — паёми тозагӣ, умед ва оғози сафҳаи нав дар зиндагӣ буд.
ДИЛИ ДАРАХТ
Рӯзе шамоли тирамоҳӣ вазид. Баргҳои зарди дарахтон як ба як аз шохаҳо ҷудо шуда, ба замин меафтоданд. Писарбачае бо ҳайрат гуфт: — Эй дарахт, чаро баргҳоятро аз даст медиҳӣ? Магар ғамгин намешавӣ? Дарахт оромона ҷавоб дод: — Не, фарзанд, ман ғамгин нестам. Ман медонам, ки ҳар барг мисли як сол таҷриба аст. Вақти он расидааст, ки онҳоро раҳо кунам, то баҳори нав боз бо баргҳои сабз бедор шавам. Писарбача фикр кард ва гуфт: — Пас, ту мисли одамон ҳастӣ: то чизе кӯҳна равад, ҷои нав ба вуҷуд намеояд. Дарахт бо шамол ҷунбид ва гуфт: — Дуруст гуфтӣ, фарзанд! Ҳар тирамоҳ хотима нест — оғози таҷдид аст.
Ҳикоя
Дар рӯзгори Анӯшервони одил ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳакимони он аср ҳама эътиқодманд ва парҳезкор буданд. Як рӯз Нӯшервон Бузургмеҳрро талаб карду гуфт: - Мехоҳам сухане чанд муфид, лафз – гуфтор андак, маънии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунё судманд бошад. Бузургмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин суханонро ҷамъ кард ва “Зафарнома” ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бурд. Ӯро хуш омад ва шаҳреро ба мулкҳои хусусии ӯ илова кард ва фармуд, ки ин суханонро бо оби зар навиштанд. Доим бо худаш онҳоро нигоҳ медошт ва бисёр вақт ба мутолиаи ин китоб вақти худро сарф менамуд. Бузургмеҳр забон ба сухан кушоду гуфт: - Эй устод, аз Худо чӣ хоҳам, ки ҳамаи некӯиҳо хоста бошам? Гуфт: - Се чиз: тандурустию эминӣ ва тавонгарӣ. Абӯалӣ ибни СИНО
РИВОЯТ
Дар замонҳои қадим, як подшоҳи боадолате зиндагӣ мекард. Ӯ бо донишмандон машварат мекард ва илму донишро аз ҳама чизи дунё болотар мешумурд. Рӯзе подшоҳ дар боғ бо вазиронаш нишаста буд, ки як деҳқони оддӣ омада, иҷозат пурсид, то саволе диҳад. Подшоҳ иҷозат дод. Деҳқон пурсид: – Эй подшоҳи одил, чаро ҳар боре ки ман кор мекунам, мехоҳам фарзандонам ҳамроҳи ман дар саҳро бошанд, вале онҳо китоб ба даст мегиранд ва мегӯянд: "Илм беҳтар аст"? Оё воқеан илм аз меҳнат беҳтар аст? Подшоҳ ба деҳқон табассум карда, гуфт: – Биё, ман ба ту нишон медиҳам. Сипас ӯ ду ҷавонро фарёд кард: яке писари як деҳқон ва дигаре писари як донишманд. Ба ҳар ду як савол дод: – Агар имрӯза заминатонро зилзила гирад ва тамоми молу амволатон нобуд шавад, чӣ мекунед? Писари деҳқон гуфт: – Ман боз аз сари нав кор мекунам, киштукор мекунам, то амволамро барқарор намоям. Писари донишманд гуфт: – Ман аз донишам истифода мекунам. Ё муаллим мешавам, ё китоб менависам, ё кор меёбам. Ман ҳар ҷо равам, бо дониши худ зиндагиро дубора месозам. Подшоҳ рӯ ба деҳқон кард ва гуфт: – Ана бин, фарзанди ту бо даст меҳнат мекунад, ки хуб аст. Вале фарзанди донишманд ҳам бо ақл меҳнат мекунад, ки умраш дарозтар аст. Зеро илму дониш дар дил боқӣ мемонад ва ҳаргиз зилзила ё сел онро нест карда наметавонанд. Аз он рӯз деҳқон ҳар саҳар аввал фарзандонашро ба мактаб мефиристод ва баъд ба саҳро мерафт. Хулоса: Илм нурест, ки роҳи зиндагиро равшан мекунад. Илмдӯстӣ на танҳо инсонро пеш мебарад, балки ӯро аз завол низ нигоҳ медорад.
Ҳикояти зебое аз Мавлоно!
Айёми хушксолӣ ва қаҳтӣ буд, кишоварзе пеши осиёбон рафту гуфт: Ба ҳаққи Худо, бачаҳоям аз гуруснагӣ мемиранд, аз ту мехоҳам миқдоре гандум ба ман қарз бидеҳ, ман баъдан ба ту бармегардонам. Осиёбон миқдоре гандумро даруни порчае рехту онро гиреҳ баст ва ба марди кишоварз дод. Марди кишоварз хушҳол ба сӯи хонааш рафт. Ҳамин тавр ки ба самти хонааш мерафт, дуо мекарду мегуфт: Худоё, ба ҳаққи иззатат гиреҳ аз мушкилоти мардум боз кун! Гиреҳ аз гирифториҳои мардум боз кун! Гиреҳ аз ин хушксолӣ ва аз ин қаҳтӣ боз кун! Хулоса ин қадар гиреҳ-гиреҳ кард, то ин гиреҳҳои рӯмолаш боз шуд ва ҳамаи гандумҳо рӯи замин рехт. Кишоварз чунон асабонӣ шуд, рӯ кард ба Худо, гуфт: Солҳо нарди худоӣ бохтӣ Ин гиреҳро з-он гиреҳ нашнохтӣ?!… Ман туро кай гуфтам, эй ёри азиз К-ин гиреҳ бикшою гандумро бирез?… Он гиреҳро чун наёрастӣ гушуд Ин гиреҳ бикшоданат, дигар чӣ буд? Ман худованде надидам з-ин намат Як гиреҳ бикшодию он ҳам ғалат! Алғараз, баргашт мискин дарднок То магар барчинад он гандум зи хок Чун барои ҷустуҷӯ хам кард сар Дид, афтода яке ҳамёни зар! Саҷда карду гуфт: К-эй Рабби Вадуд Ман чӣ донистам, туро ҳикмат чӣ буд? Ҳар балое к-аз ту ояд, раҳматест Ҳар киро фақре диҳӣ, он давлатест.
Ҳар кас ғалаба карда метавонад.
Ҳар кас ғалаба карда метавонад. Бовар намекунед? Ба Дуглас ҳам касе бовар намекард, вале ӯ ғалабаи фаромӯшнашаванда бадаст овард, зеро медонист зӯраш ба он мерасад. 11 феврали соли 1990 дар Токио муҳорибаи дар таърихи бокс нодире рӯй дод, ки мухлисони Майк Тайсони машҳурро сахт дилсард кард ва варзишгари то он замон номашҳур Ҷеймс “Бастер” Дугласро ба ҷои аввал баровард.- Майк Тайсон дар 23-солагӣ аллакай соҳиби рӯихати хидматии калон – 37 – 0 буд. Ҳамаи муҳорибаҳоро (ғайр аз чаҳор вохӯрӣ) бо нокаут ба анҷом мерасонд, соҳиби камарбандҳои WBA, IFB буд ва воқеан чемпиони мутлақи ҷаҳон шуморида мешуд. Вай чунон ба ғалабаи худ бовар дошт, ки ба муҳориба омодагии лозимӣ нагирифт. Рӯихати хидматии рақиби ӯ Ҷеймс Дуглас хоксорона - 20-4-1 буд, аллакай се бор нокаут шуда буд. Ҳама интизор буданд, ки ин муҳориба зуд ва пешгӯишавандашуда, яъне бо ғалабаи чемпиони маъруф Тайсон ва нокаути Дуглас ба охир мерасад. Букмеккерҳо такяҳои гӯшношуниди 49-1 ба фоидаи Тайсон дар лаҳзаи анонси вохӯрии боксёрҳо дар ринг ва 42-1 пеш аз муҳориба карданд. Ин муҳориба аллакай моли таърих шудааст ва арзандаи гоҳ-гоҳ ба ёд овардан мебошад – ҳадди ақал барои он ки истодагарӣ гаштаву баргашта таъриф карда шавад: бо истодагарӣ ҳатто заифӣ ба нерӯ табдил мешавад! Албатта, Дуглас рақиби заиф набуд, аммо, чи тавре ки ҳама меҳисобиданд, то ба дараҷаи Тайсон расидани ӯ вақту қувваи зиёд лозим буд. Аммо ӯ истодагарӣ нишон дод ва ба мақсади худ расид. Муҳориба аз оғоз душвор буд. Дуглас бо тамоми қувва ҳуҷум кард, аммо аз апперкоти сахти Тайсон афтид ва фавран худро ба даст гирифта натавонист, бонги анҷоми раунд ӯро наҷот дод. Баъд аз тайм-аут тамошагарон ғалабаи тези Тайсонро интизор буданд, аммо вазъият баногоҳ бакуллӣ тағйир ёфт - Дуглас бо силсилаи зарбаҳои дақиқ Тайсонро ба нокаут равон кард ва бо ҳамин ғалаба абадан дар таърихи бокси ҷаҳонӣ ворид гардид. Дуглас дар мисоли худ нишон дод, ки ғолиб он касе нест, ки ҳеч гоҳ мағлуб намешавад, балки касест, ки пас аз ноомади кор бармехезад ва муҳорибаро идома медиҳад. Ба хок афтодӣ, бархез, либосатро афшон ва роҳатро идома деҳ, бигзор дигарон бибинанд, ки он хоки дармонбахш буд! Роҳнамои муваффақият
НАСИҲАТИ МОДАР
Замони пеш ҷавоне хост касбу ҳунар омӯзад. Модар 100 динор ба ӯ дода, насиҳат кард: Писарам, ҳеҷ вақт дурӯғ нагӯ. Зеро наҷот дар ростист. Ҷавон роҳи сафарро пеш гирифт. Аз саҳрое мегузашт, ки бо роҳзанҳо рӯ ба рӯ шуд. Онҳо пеши роҳи ҷавонро гирифта пурсиданд: Бо худ пул дорӣ? Бале, 100 динор дорам, - ҷавоб дод ҷавон. Дуздон ҳайрон шуданд. Чунки одамон ҳангоми бо роҳзан рӯ ба рӯ шудан, молу сарвати худро пинҳон мекарданд. Ту магар девона ҳастӣ, ё моро масхара мекунӣ? – хандида гуфт яке аз роҳзанҳо. Девона нестам, масхара ҳам намекунам. Роҳзанҳо ҷавонро назди сардор бурданд. Чаро 100 диноратро пинҳон накардӣ? - пурсид сардор. Модарам ба ман гуфтааст, ки доим рост ҳарф занам. Бинобар ин, росташро гуфтам, - ҷавоб медиҳад ҷавон. Ин вақт сардори роҳзанҳо гиря карда, аз ҷо хесту ду дасташро болои китфони ҷавон гузошта гуфт: Метарсӣ, ки дурӯғ гӯйӣ, модарат нороҳат мешавад? Ман бошам як умр модарамро нороҳат намуда, аз он фикр ҳам накардаам. Писарам, ту ба ман дарси муҳиме додӣ! 1. Насиҳати модар ба ҷавон пеш аз сафар. 2. Вохӯрӣ бо роҳзанҳо. 3. Ҳайрати дуздон аз ҷавоби писар. 4. Дарси додаи ҷавон ба сардори роҳзанҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор