Зеҳн
Дунё·Дунё·19 рӯз пешНашрия

Ҳар кас ғалаба карда метавонад.

Ҳар кас ғалаба карда метавонад. Бовар намекунед? Ба Дуглас ҳам касе бовар намекард, вале ӯ ғалабаи фаромӯшнашаванда бадаст овард, зеро медонист зӯраш ба он мерасад.
11 феврали соли 1990 дар Токио муҳорибаи дар таърихи бокс нодире рӯй дод, ки мухлисони Майк Тайсони машҳурро сахт дилсард кард ва варзишгари то он замон номашҳур Ҷеймс “Бастер” Дугласро ба ҷои аввал баровард.-
Майк Тайсон дар 23-солагӣ аллакай соҳиби рӯихати хидматии калон – 37 – 0 буд. Ҳамаи муҳорибаҳоро (ғайр аз чаҳор вохӯрӣ) бо нокаут ба анҷом мерасонд, соҳиби камарбандҳои WBA, IFB буд ва воқеан чемпиони мутлақи ҷаҳон шуморида мешуд. Вай чунон ба ғалабаи худ бовар дошт, ки ба муҳориба омодагии лозимӣ нагирифт.
Рӯихати хидматии рақиби ӯ Ҷеймс Дуглас хоксорона - 20-4-1 буд, аллакай се бор нокаут шуда буд.
Ҳама интизор буданд, ки ин муҳориба зуд ва пешгӯишавандашуда, яъне бо ғалабаи чемпиони маъруф Тайсон ва нокаути Дуглас ба охир мерасад. Букмеккерҳо такяҳои гӯшношуниди 49-1 ба фоидаи Тайсон дар лаҳзаи анонси вохӯрии боксёрҳо дар ринг ва 42-1 пеш аз муҳориба карданд.
Ин муҳориба аллакай моли таърих шудааст ва арзандаи гоҳ-гоҳ ба ёд овардан мебошад – ҳадди ақал барои он ки истодагарӣ гаштаву баргашта таъриф карда шавад: бо истодагарӣ ҳатто заифӣ ба нерӯ табдил мешавад! Албатта, Дуглас рақиби заиф набуд, аммо, чи тавре ки ҳама меҳисобиданд,  то ба дараҷаи Тайсон расидани ӯ вақту қувваи зиёд лозим буд. Аммо ӯ истодагарӣ нишон дод ва ба мақсади худ расид.
Муҳориба аз оғоз душвор буд.  Дуглас бо тамоми қувва ҳуҷум кард, аммо аз апперкоти сахти Тайсон афтид ва фавран худро ба даст гирифта натавонист, бонги анҷоми раунд ӯро наҷот дод. Баъд аз тайм-аут тамошагарон ғалабаи тези Тайсонро интизор буданд, аммо вазъият баногоҳ бакуллӣ тағйир ёфт -  Дуглас бо силсилаи зарбаҳои дақиқ Тайсонро ба нокаут равон кард ва бо ҳамин ғалаба абадан дар таърихи бокси ҷаҳонӣ ворид гардид.
Дуглас дар мисоли худ нишон дод, ки ғолиб он касе нест, ки ҳеч гоҳ мағлуб намешавад, балки касест, ки пас аз ноомади кор бармехезад ва муҳорибаро идома медиҳад.

Ба хок афтодӣ, бархез, либосатро афшон ва роҳатро идома деҳ, бигзор дигарон бибинанд, ки он хоки дармонбахш буд!

Роҳнамои муваффақият

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.