Зеҳн

Дунё

Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.

2 аъзоаз 19 июли 2026
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

БОЛАЗЗАТТАРИН ТАОМ

Рӯзе писари Луқмони Ҳаким ба падараш савол дод: Падарҷон, шумо аз ҳама ҳакимтаред, мехоҳам бифаҳмам, ки кадом таом дар дунё болаззаттарин аст? Луқмони Ҳаким чунин ҷавоб дод: Иштиҳо. Писараш: Ман ба ин бовар намекунам. Охир иштиҳои кас ба гуфти мардум ба хӯрок вобаста аст. Чӣ қадаре ки хӯрок болаззат бошад, иштиҳо ҳам ҳамон қадар фаровонтар мегардад. Луқмон: Бале, писарам, - ҷавоб гардонида, дигар доир ба он савол ҳарфе назад. Вале пас аз чанд вақт Луқмони Ҳаким писарашро  ҳамроҳи худ гирифта ба шикор мебарояд. Бегоҳӣ пеш аз сафар Луқмон ба ҳамсараш фармуд, ки ҳамчун тӯша барои онҳо зағораи (нони) арзанӣ тайёр намояд. Субҳидам оилааш нони зағораро ба халтаи шикорӣ андохта, падару писарро ба шикори сайд равон кард. То бегоҳ падару писар дар марғзор машғули шикор шуданд, ягон бор таом нахӯрданд. Бегоҳӣ ҳар ду назди чашмае нишаста дам гирифтанд. Падар зағораро аз халта бароварда, ба болои локиш гузошт ва ҳар ду ба хӯрдан шурӯъ карданд. Писари гуруснааш зағораро бо иштиҳои хеле баланд мехӯрд. Пас аз хӯрдани таом ӯ ба падараш савол кард: Ин қадар хӯроки аҷоиб, кас дар дунё аз ин хӯроки болаззатро то имрӯз надидааст. Луқмон худро ба сукунат андохта, чизе ба писараш нагуфт. Чанд рӯз пас ҳамсари Луқмон ба болои дастархон зиёфат ва неъматҳои зиёдеро гузошта, падару писарро ба хӯроки нимрӯзӣ даъват кард. Онҳо бо иштиҳои том таомҳои якуму дуюмро истеъмол карданд. Баъдтар модараш ба болои дастархон зағораи арзаниро гузошт ва ба аҳли оилааш гуфт: Марҳамат, агар маъкул шавад, ба шумо ҳатман аз ин зағора метавонам, андозае бозпасин бидиҳам. Писари Луқмони Ҳаким он зағораро ба даҳон гирифт ва табъаш якбора хира шуда қариб буд, ки хӯроки хӯрдаашро бипартояд. Вале бо як ҳоле худро аз партофтан раҳо дод: Луқмон ин аҳволро дида пурсид: Чӣ шуд, зағораи болаззати таърифиатро намехӯрӣ? Писараш: Акнун ман иқрор шудам, ки аз иштиҳо болаззаттар дигар чизе нест... 1. Саволи писар ва посухи Луқмони Ҳаким. 2. Ба ҷавоби падар розӣ нашудани писар. 3. Ба сафар баромадани падару писар. 4. Зағораи арзаниро таъриф кардани писар. 5. Хирагии табъи писари Луқмони Ҳаким баъди бори дуюм хӯрдани он зағора. 6. Ба ғалати хеш иқрор шудани писар. Луғат: Локиш – маконе, ки як ҷониб девора дорад ва ҷониби дигар надорад. Бозпасин – охирин.

0
Дунё·Дунё·2 моҳ пешНашрия

ЧАҲОР БАРОДАРИ НАКӮКОР

Чаҳор фасли сол, чаҳор нерӯи бузурги мӯъҷизакор, чаҳор бародари тавонову накӯкор аст, ки аҳли башарро ризқу хушрӯзиҳо мебахшанд, замину замонро ободу амон медоранд. Аз баҳор ёд мекунем, ки бедории табиат, эҳёи арзу само ибтидои гирудорҳои деҳқон ба хотири фардост. Баҳор эъҷозгар аст, дашту даманро сабзҷома ва ҳариру пургулу мунаққаш мепӯшонад. Боғистонҳоро чанбари гул ба cap медиҳад, мурғони хушилҳонро ба наво меорад, дилҳоро фараҳу нузҳат мебахшад... Тобистон фаро мерасад, ки авҷи кору ғайрат, фасли долу зарби амали деҳқон аст. Тирамоҳи заррин фасли баракату заҳмати айёми лабрез кардани анборҳо, қадкашии кӯҳҳои "тиллои сафед", шаҳдрезии боғистонҳои мост. Деҳқон мехоҳад, ки хонадони мардум обод, дастархонашон пури нон, лаболаб аз шаҳду шакар, рӯзгорашон хушу саодатманд бошад. Зимистон сафедпӯш омада давр меронад. Дашту биёбон, боғоту марғзорон, киштзорони се фасл заҳматкашида зери кӯрпаи барф фаpoғат доранд. Деҳқон ором нест, дар андешаи фардост. 1. Замину замонро ободу амон доштани чаҳор фасли сол. 2. Баҳор – эъҷозгар. 3. Тобистон авҷи кору ғайрат. 4. Тирамоҳ баракот, зимистон – фароғат. Луғат: Эъҷозгар – эъҷозба аҷз овардан, кори ҳайратовар ва аз одат берун. Мунаққаш – нақшу нигор кардашуда, нақшин. Нузҳат – покизагӣ, беайбӣ, некӯӣ.

0