
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
ТАБ КАРДУ МУРД
Марде аз дунё гузашт ва писараш ба мотами ӯ нишаст. Рӯзҳои аввал ҳар касе, ки барои изҳори ҳамдардӣ ба хонааш меомад, аз сабаби марги падараш мепурсид. Писар низ аз оғози бемории падар то лаҳзаи вафоташро бо тамоми ҷузъиёт ва обу тоб нақл мекард. Суханаш чунон тӯл мекашид, ки агар меҳмон субҳ меомад, то нисфирӯзӣ суҳбат идома меёфт. Дар натиҷа, писар маҷбур мешуд меҳмонро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват кунад. Агар меҳмон баъд аз нисфирӯзӣ меомад, нақли писар то бегоҳ давом мекард ва ӯ ночор мешуд ба меҳмон хӯроки шом диҳад. Чанд нафар бекорхӯру муфтхӯр, ки аз ин одати писар хабар ёфтанд, фурсати муносибе пайдо карданд. Онҳо ҳар рӯз гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаи ӯ мерафтанд: гурӯҳе пеш аз нисфирӯзӣ ва гурӯҳи дигар баъд аз нисфирӯзӣ. Ҳар бор бо изҳори ҳамдардӣ аз писар мепурсиданд: — Худо падаратро раҳмат кунад! Бечора ба чӣ беморӣ гирифтор шуд? Чӣ тавр аз дунё гузашт? Писар ҳам, мувофиқи одат, аз аввал то охир тамоми воқеаро бо обу тоб нақл мекард. Меҳмонони муфтхӯр бошанд, бо баҳонаи таслият гуфтан, ҳар рӯз дар хонаи ӯ хӯроки нисфирӯзӣ ё шом мехӯрданд. Ин ҳолат чанд муддат идома ёфт. Оқибат писар пай бурд, ки нақли дарозу муфассали беморӣ ва марги падараш на танҳо фоидае надорад, балки хароҷоти зиёдеро низ ба гарданаш мегузорад. Аз ҳамон рӯз тасмим гирифт, ки дигар суханро дароз накунад. Ҳар касе, ки барои таслият меомаду мепурсид: — Худо падаратро биёмурзад! Чӣ тавр аз дунё гузашт? Писар кӯтоҳу мухтасар ҷавоб медод: — Худо раҳматаш кунад, таб карду мурд! --- Панди ҳикоят Ин ҳикоят ба мо меомӯзад, ки сухани дарозу зиёдатӣ на ҳамеша фоида дорад. Баъзан сухани кӯтоҳу бамаврид аз нақли тӯлониву бемаврид беҳтар аст. Ҳамчунин, инсон бояд ҳушёр бошад, зеро баъзе одамон метавонанд аз содагӣ ва меҳрубонии дигарон ба манфиати худ истифода баранд. Кам гӯю гузида гӯй чун дур, То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур. Шарҳи вожаҳо Сӯгворӣ — мотам, андӯҳгин будан аз марги шахси наздик. Таслият — изҳори ҳамдардӣ ба шахси мотамзада. Бо обу тоб нақл кардан — воқеаро бо тафсилоти зиёд ва ба таври ҷолиб баён кардан. Риндон — дар ин ҳикоят ба маънои бекорхӯрон ва муфтхӯрон. Наҳор — хӯроки нисфирӯзӣ. Муфтхӯр — касе, ки бе меҳнат аз ҳисоби дигарон мехӯрад ё зиндагӣ мекунад. Маънои ибораи «Таб карду мурд»: Ин ибора ҳангоми нақли кӯтоҳу мухтасари воқеае истифода мешавад, ки шахс намехоҳад ё зарурат намебинад ҷузъиёти онро муфассал шарҳ диҳад.
ГАНҶИ ДАР ЗЕРИ ДАСТ
Рӯзе ҷавоне назди пирамарди доное омад ва гуфт: — Эй бобо, ман мехоҳам зуд бой шавам. Ба ман бигӯед, ки ганҷро аз куҷо ёбам? Пирамард каме андеша кард ва гуфт: — Агар ганҷ мехоҳӣ, саҳар барвақт ба саҳро рав, заминро шудгор кун ва дарахт шинон. Ҷавон ҳайрон шуду гуфт: — Ман ганҷ меҷӯям, на кор! Пирамард бо табассум ҷавоб дод: — Ганҷи ҳақиқӣ дар зери дасти коргар аст. Ҷавон ба гуфтаи ӯ амал кард. Ҳар рӯз меҳнат мекард: заминро об медод, ниҳолҳоро нигоҳубин менамуд. Пас аз чанд сол боғи ӯ пур аз дарахтони мевадор шуд. Меваҳо бисёр шуданд ва ҷавон аз онҳо ризқу рӯзии фаровон ба даст овард. Он вақт ҷавон фаҳмид, ки сухани пирамард рост будааст. Касе ки меҳнат мекунад, ҳамеша баракату неъмат меёбад. Ганҷи ҳақиқӣ — меҳнати ҳалол аст.
МЕҲРИ ПАДАР
Рӯзе писаре ба падари худ гуфт: — Эй падар, чаро ҳар вақте, ки ман аз ту чизе мепурсам, ба ман на ҳамеша ҷавоби мувофиқ медиҳӣ? Падар табассум карда, гуфт: — Фарзандам, бигӯ, агар рӯзи боронӣ шавад ва ман барои ту соябон наёрам, ту чӣ мекунӣ? Писар гуфт: — Зери сояи ту меистам, падар. Падар бо меҳрубонӣ гуфт: — Ана ҳамин тавр, фарзанди ман! Ман ҳамеша кӯшиш мекунам туро аз борони сахти зиндагӣ муҳофизат кунам, ҳатто агар ҷавоби ман ба ту маъқул набошад ҳам. Писар аз гуфтаи падар хомӯш монд ва ашк аз чашмонаш ҷорӣ шуд. Ӯ фаҳмид, ки муҳаббати падар на дар сухан, балки дар амал пинҳон аст. Панд аз ривоят. Падару модар сояи Худо дар рӯи заминанд. Пеш аз он ки сухани онҳо бароят душвор намояд, андеша кун, ки онҳо тамоми умр барои оромии ту заҳмат кашидаанд.
МЕҲРРО ДАРЕҒ НАДОРЕМ!
Рӯзе марди солхӯрда дар канори роҳ нишаста буд. Либосҳояш кӯҳна, дастонаш меларзид ва нигоҳаш пур аз умедӣ хомӯш буд. Одамон мегузаштанд, вале кам касе таваққуф мекард. Ҳар кас ба кори худ шитоб дошт. Ногаҳон писарбачае аз роҳ бозистод. Ӯ ба мард бо эҳтиром салом дод ва пурсид: — Бобо, чаро танҳо нишастаед? Мард бо табассуми ғамолуд гуфт: — Писарам, гуруснаам ва каме меҳрубонӣ мехоҳам. Писарбача бе дудилагӣ нони худро ду қисм кард, як қисмашро ба мард дод ва бо ӯ ҳамнишин шуд. Онҳо чанд лаҳза суҳбат карданд. Дар он лаҳза марди солхӯрда худро фаромӯшшуда эҳсос накард. Ҳангоми рафтан мард гуфт: — Писарам, ту ба ман на танҳо нон, балки гармии дил бахшидӣ. Меҳру мурувват ҳамин аст: дили касеро шод кардан. Писарбача бо табассум ҷавоб дод: — Модарам мегӯяд, дилеро шод кунӣ, Худо дили туро шод мекунад. Хулоса: Меҳру мурувват на дар сарват, балки дар дил аст. Як сухани нек, як лаҳза таваҷҷуҳ ва як амали хурди хайр метавонад зиндагии касеро равшан кунад.
ҚУДРАТИ ТАБАССУМ
Марде ҳар рӯз дар бозор савдо мекард. У харидоронро ҳамеша бо табассум пешвоз мегирифт. Мусофире аз ӯ пурсид: — Табассум аз чеҳраатон дур намешавад. Оё шумо ягон душворӣ ё ташвиш надоред? Фурӯшанда ҷавоб дод: — Албатта, ман ҳам ташвиш дорам. Аммо ман инро дарк кардам: агар табассум кунам, дардам сабук мешавад, муштариёнам низ дар дилашон нур эҳсос мекунанд. Агар рӯй барам, дилашон ҳам тира мешавад. Аз ин одати ман одамон на танҳо барои харидан, балки ба дилашон нур гирифтан ба назди ман меомаданд. Ҳикмат: Табассум як амали хурд аст, аммо ба дилҳо равшанӣ мебахшад ва зиндагиро осон мекунад.
Воқеият
Воқеияти худсохта мисли айнакест, ки ҳамеша бар чашм дорем, вале доштани онро фаромӯш кардаем. Ҳар чизеро бо он мебинем ва гумон мекунем, ки ҷаҳон маҳз ҳамин аст. Аммо ҷаҳон бе он айнак дигаргуна аст. Барои диданаш бояд айнакро бардорем. Ин тарснок аст, зеро бе айнак ҳама чиз номаълум менамояд. Дар ҳамин номуайянӣ ҳақиқат ҳаст, ҳузур ҳаст ва Ӯ ҳаст. Пас айнакро бардор ва ба ҳақиқат нигар. Бидон: айнак сохтаи туст, на бархоста аз ҳақиқати ту. Ҳақиқат аз Ӯст — нишонае аз Ӯ. Ту оинадори он ҳастӣ. Оина офтоб намешавад — танҳо нурро бозметобонад. Ин ҳикоят тамсил аст, на нақли воқеаи рӯйдода. Касе ба пирамарде гуфт: — Ман ҳақиқатро мебинам. Пирамард пурсид: — Чиро мебинӣ? Мард гуфт: — Ҳамон чизеро, ки ҳама мебинанд. Пирамард хандид: — Пас ту воқеияти ҳамаро мебинӣ, на ҳақиқатро. Ҳақиқат он чизест, ки кас то айнакашро набардорад, намебинад. Мард пурсид: — Яъне чӣ? Пирамард гуфт: — Яъне ту аз паси айнаки сохтаҳои худ менигарӣ. Айнакро бардор ва бубин, ки ҷаҳон чӣ ранг дорад.
ИЛМ БОЯД ЧАРОҒИ АҚЛ БОШАД, НА СОЯИ ТАРС
Рӯзе дар як шаҳри кӯҳна, мактабе буд, ки дар он кӯдакон танҳо хондани кӯр-кӯрона ва азёд кардани матнҳоро меомӯхтанд. Савол пурсидан ҷоиз набуд, фикр кардан гуноҳ шуморида мешуд. Солҳо мегузаштанд, вале ҷаҳон тағйир меёфт. Дар ҳамин рӯзгор гурӯҳе аз ҷавонони бедордил пайдо шуданд. Онҳоро ҷадидон меномиданд — яъне касоне, ки навандешӣ ва навомӯзиро пеша карданд. Онҳо гуфтанд: «Илм бояд чароғи ақл бошад, на сояи тарс.» Ҷадидон мактабҳои нав кушоданд, ки дар онҳо хондану навиштан, ҳисоб, ҷуғрофия, таърих ва илмҳои замонавӣ омӯзонда мешуд. Муаллимон ба шогирдон иҷозат медоданд савол диҳанд, фикр кунанд, баҳс намоянд. Барои ҷадидон китоб муқаддас, омӯзгор роҳнамо ва шогирд умеди фардо буд. Гарчанде бархе онҳоро мазаммат карданд, ҷадидон ақиб нанишастанд. Онҳо бовар доштанд, ки миллат танҳо бо илм, маърифат ва худшиносӣ зинда мемонад. Калимаҳои онҳо дар дилҳо тухми бедорӣ кошт. Солҳо сипарӣ шуданд. Мактабҳои нав зиёд гаштанд, китобҳо паҳн шуданд ва андешаи нав реша давонд. Ҳарчанд роҳашон осон набуд, ҷадидон дар таърих ҳамчун бедоргарони миллат боқӣ монданд. Панд: Миллате, ки ба илму маърифат рӯ меорад, роҳи ояндаро равшан мекунад.
ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
Чаро модарон ин қадар ба осонӣ гирён мешаванд? Писаре аз модараш пурсид: Модар, чаро гиря мекунӣ? Гуфт: Зеро ман як зан ҳастам. Писар гуфт: Ман инро намефаҳмам. Модар ӯро ба оғӯш кашида гуфт: Ҳаргиз нахоҳӣ фаҳмид... Пас писар аз падар пурсид, ки чаро модарам бе сабаб гиря мекунад. Падар гуфт, ки ҳамаи занон бе сабаб гиря мекунанд. Писарак ба воя расид ва то ҳол намедонист, ки чаро занон гиря мекунанд. Инак рӯзе бо соддагӣ аз ҳакиме пурсид: Чаро занон гиря мекунанд? Хирадманд посух дод: Вақте, ки зан офарида шуд, Аллоҳ барояш китфони пурқувват дод, то ки вазниниҳои оламро бардорад. Ва дасту бозуи нарм дод, то ки ба мо роҳат бахшад. Барояш қувваи дохилие, дод барои бардошти таваллуди кӯдак ва барои бардошт кардани он лаҳзае, ки ӯро тарк мекунанд (баъди ба воя расидан). Барояш салобат ва маҳкамие бахшид, ки мушкилиҳои хонавода ва наздиконро паси сар кунад ва ҳамеша ғамхори эшон бошад. Ва барояш муҳаббати фарзандонашро додааст, ки хотима намеёбад ва дигаргун намешавад (ҳатто агар фарзандон сабаби дарду аламҳояш шаванд ҳам). Муҳаббати шавҳарашро ато кардааст, то ки дар хидмати ӯ бошад ва рафторҳои нохушоянди ӯро фаромуш созад. Ҳикмате барояш дода, то хонаводаро танзим кунад. Ва ахиран "АШК" – ро барояш дода, то ки онро бирезад, то вазниниҳои он ҳама масъулиятро афканад ва роҳи худро идома диҳад. Ин ҳам ягона нуқтаи заъфи ӯст. Барои ҳамин агар ӯро дидӣ, ки АШК МЕРЕЗАД, барояш бигӯ: "Модарҷон туро дӯст медорам ва ҳама он кору талоши туро қадр мекунам..." Агарчанде гиряи худро идома медиҳад, лекин эҳсоси роҳат хоҳад кард. Чӣ қадар бузург аст МОДАР!
ҲИКМАТИ ХУШ ЗИСТАН
Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт: - Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад? Пир ҷавоб гуфт: - Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам ҳамин суолро аз устодам пурсида будам. Устоди ман ҳафтодсола буд ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки гӯё ӯ бе ягон сабаб механдад. Он гоҳ ӯ ба ман гуфта буд: - Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Ногоҳ фикре ба сарам омад: «Ин зиндагии ман аст, пас интихоб ҳам дар дасти ман аст. Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам». Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ, вақте бедор мешавам, аз худ суол мекунам: Имрӯз чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам. РӮЗИ ХУШУ ТАБЪИ БОЛИДА ҲАМРОҲАТОН БОШАД, ДӮСТОНИ АРҶМАНД!
ТОВУС
Рӯзе аз рӯзҳо товус барои шикастани ташнагиаш хиромида ба соҳили рӯд омад. Дар оби чун оина шаффофу беғубор акси худро дида хеле шод шуд. Аз тамошои пару болҳои рангорангаш ҳаловат мебурд. Чун дида ба пойҳояш дӯхт, ғамгин гашт. –Чи пойҳои безеб ва каҷу килеберо Худованд ба ман додааст, -дар соҳили рӯди шухоб ба худ нигариста, аз дил мегузаронид товус: Аз ин пойҳои хунук халос шудан даркор. Дар ҳамин ҳолат рӯбоҳе поида ба ӯ наздик шуд. Товус акси маргашро дар об дида бо пойҳои каҷу ки-лебаш чунон давид, ки рӯбоҳ ӯро дошта натавонист… аммо пару болҳои зебову мунаққаш дар чанд ҷо ба шохаи буттаҳои навруста дармонда, қариб буд ӯро луқмаи рӯбоҳи гурусна кунанд. Товус бо меҳр ба пойҳои каҷу килебаш нигариста аз нақшаи дар дил кашидааш шарм карда гуфт: –Ҷонамро аз марг болу парҳои зебо не, ҳамин пойҳои каҷу килебам раҳониданд. Раҳмат ба шумо, балогар-донҳои ман!
ОБОДИИ КИШВАР
Дар замони қадим подшоҳе буд, ки мехост кишварашро обод, мардумашро озод ва ҷомеаашро муттаҳид нигоҳ дорад. Вале ҳар қонунеро, ки рӯи коғаз меовард, баъзеҳо қабул мекарданд, баъзеҳо ба манфиати худ шарҳ медоданд. Мардум саргардон буданд: кӣ ҳақ дорад? Кӣ вазифа дорад? Кӣ аз кӣ муҳофизат мекунад? Рӯзе подшоҳ ба назди донандаи бузург – пире, ки мардум ӯро “Сипаҳри хирад” меномиданд, рафт ва гуфт: — Чӣ кунам, то миллатам ба як роҳ раванд ва ҳуқуқи ҳар кас ҳифз гардад? Пир табассум карда гуфт: — Эй подшоҳи адолатҷӯ, агар мехоҳӣ кишварат устувор монад, бояд қонуни асосӣ дошта бошӣ, ки монанди ҷоякуни нури офтоб ҳадафи ҳар касро равшан кунад. Он қонун аз ту болотар бошад, то ту худ ба он итоат кунӣ ва мардум бидонанд: дар ин сарзамин қонуни ягона бартарист, на сухани шахс. Баъд пирамард чаҳор санги қиматбаҳоро овард: 1. Санги ҳуқуқ, ки рамзи озодӣ буд. 2. Санги вазифа, ки рамзи масъулият буд. 3. Санги адолат, ки рамзи баробарӣ буд. 4. Санги ваҳдат, ки рамзи ягонагии миллат буд. Вай гуфт: — Агар ин чаҳор сангро дар як зинҷир пайванд кунӣ, онро Конститутсия меноманд. Он қалби давлат аст. Ҳар ҷо ки ҳуқуқи инсонро ҳимоят кунанд, вазифаи шаҳрвандро муайян созанд, адолатро фарқ нагузоранд ва мардумро муттаҳид нигоҳ доранд — он ҷо давлат поянда мешавад. Подшоҳ бо хирадмандон нишаста, чунин санаду қонуни асосӣ таҳия кард. Аз он рӯз мардум гуфтанд: “Кишваре, ки Конститутсия дорад, гӯё хонаи бо бунёди мустаҳкам аст — на аз шамол метарсад, на аз тӯфон.”
МАРДИ ФОЗИЛ ВА МАРДИ ФИРЕБГАР
Як марди фиребгару дуруғгӯй назди фозиле омад ва ба нолиш сар кард: -Ҳолам бад аст. Намедонам, чӣ кор кунам. Фозили раҳмдилу инсондӯст пурсид: - Чӣ сахтие ба сарат омад? - Марди фиребгар ҳамоно менолид: - Аз як беинсоф чанд танга қарз гирифта будам. Ҳеҷ имкон даст намедиҳад, ки қарзро баргардонам. Марди қарздода бисёр бераҳм аст. Шабу рӯз маро таъқиб мекунад. Аз ҷонам сер шудам. - Марди фозил ашкҳои шашқатори фиребгарро диду дилаш бисёр сӯхт, пурсид: - Чӣ қадар қарздор ҳастӣ? - Даҳ дирам! - Барои даҳ дирам ғам махӯр ва ҳеҷ гоҳ ба ҷони худ қасд макун. Марди фозили некӯном инро гуфту даст ба ҷайб бурд ва даҳ дирам ба марди фиребгару дуруғгӯй дод. Марди қаллоб дирамҳоро аз кафи некӯмард рабуду ҳамчун боди ёвагард дар як чашмак задан дар кӯчаву паскӯчаҳо ғайб зад. Марди раҳгузаре, ки ин муомиларо наззора мекард, ба назди фозили некандеш омаду бо мазаммат гуфт: -Ту чӣ кор кардӣ? Ин дуруғгӯй қаллоби берӯю риёро дар шаҳр ҳама мешиносанд. Аз ӯ, чун аз оташ, ҳазар мекунанд, худро ба канор мекашанд. Фозили накӯном пурсид: Ман ҳам бояд чунин мекардам? Раҳгузар чавоб дод: -Оре! Бояд чунин мекардӣ. Вай туро фриеб дод ва даҳ дираматро ба ғорат бурд. Марди фозил риши сафеди худро молиш дода - молиш дода, хеле ба хаёл рафт, баъд ба ҳамсӯҳбаташ рӯ овард: Медонӣ, ту ҳақ нестӣ. Агар ман ба ӯ бовар намекардаму дирам намедодам, вай дар назди мардум хиҷолат мекашид. Ва баръакс, агар ба суханҳои ин қаллоб бовар кардаам, ман обрӯю эътибори худро наҷот додаам. Поси номи неку манзалат бисёр муҳим аст ва ин амал на аз дасти ҳар кас меояд. Байт: Баду некро базл кун симу зар, Ки ин касби хайр асту он дафъи шар. Аз «Бӯстон»-и Саъдии ШЕРОЗӢ (Бозгӯи Гулназар)
Худписандӣ далели нодонист, охири вай фақат пушаймонист
Зарбулмасалу мақолҳо ҷузъи муҳими фарҳангу тафаккури мардумӣ ба ҳисоб мераванд. Онҳо на танҳо таҷрибаи ҳаётиро ҷамъбаст мекунанд, балки барои тарбия ва роҳнамоии наслҳои оянда ҳамчун дастур амал мекунанд. Мақоли тоҷикӣ «Худписандӣ далели нодонист, охири вай фақат пушаймонист» низ яке аз ҳамин гуна ганҷинаҳои хирад аст. Ин гуфта на танҳо як панд, балки як ҳушдор аст: инсон, агар худписанд шавад, аз роҳи дониш ва рушд дур мемонад ва оқибат пушаймон мегардад. Дар ин навишта мо кӯшиш мекунем, ки моҳияти маънавӣ ва аҳамияти тарбиявии ин мақолро таҳлил намоем. Нахуст бояд ду мафҳумро шарҳ дод: худписандӣ ва нодонӣ. Худписандӣ ҳолатест, ки шахс худро аз дигарон беҳтар мешуморад, ба маслиҳат ва андешаи дигарон аҳамият намедиҳад. Нодонӣ бошад, на танҳо набудани дониш, балки аз надонистани худ огоҳ набудан аст. Мақол ду ҳақиқати муҳимро ифода мекунад: 1. Худписандӣ далели нодонист. Одамони доно медонанд, ки илму ҷаҳон беинтиҳо аст, бинобар ин онҳо хоксор ва ҳамеша омӯхтан мехоҳанд. Суқрот гуфта буд: «Ман медонам, ки чизе намедонам». Ин худ эътирофест, ки доноӣ бо хоксорӣ пайваст аст. Баръакс, касоне, ки камдонишанд ва аз нодонии худ огоҳ нестанд, бештар ба худписандӣ гирифтор мешаванд. 2. Охири худписандӣ пушаймонист. Шахсе, ки ба маслиҳати дигарон гӯш намедиҳад, хатогиҳоро такрор мекунад, имкониятҳоро аз даст медиҳад ва ниҳоят танҳо пушаймон мемонад. Мисолҳо Дар таърих борҳо дида шудааст, ки худписандӣ ба нокомӣ овардааст. Масалан, бисёре аз ҳокимоне, ки худро аз маслиҳати донишмандон беҳтар донистанд, қарорҳои нодуруст қабул намуда, давлати худро ба суқут расонидаанд. Дар муқобил, султонҳое, ки ба маслиҳати уламо ва хирадмандон гӯш додаанд, тавонистанд давлаташонро устувор созанд. Адабиёти классикӣ низ пур аз чунин ишораҳост. Саъдӣ дар «Гулистон» борҳо бо ҳикоятҳои худ нишон медиҳад, ки худписандӣ инсонро аз роҳи рост дур месозад ва хоксорӣ шарти комёбист. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ қаҳрамонҳое ҳастанд, ки аз худписандӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар зиндагии рӯзмарра низ ин ҳикмат пурра тасдиқ мешавад. Масалан, донишомӯзе, ки худро аз ҳамсабақон ва устодон беҳтар медонад, аз маслиҳат дурӣ мекунад. Дар натиҷа, на танҳо донишаш кам мемонад, балки робитаҳои иҷтимоиро низ аз даст дода, пас аз муддат пушаймон мешавад. Хулоса Ҳамин тавр, мақоли «Худписандӣ далели нодонист, охири вай фақат пушаймонист» ҳикмати бузурги ахлоқӣ ва иҷтимоиро ифода мекунад. Он моро даъват мекунад, ки худписандиро канор гузошта, хоксорӣ ва донишандӯзиро пеш гирем. Чунки танҳо шахси хоксор ва донишомӯз таҷрибаи дигаронро эҳтиром намуда, метавонад ба камолоти воқеӣ бирасад.
ДУ ШАМЪ
Рӯзе ду шамъ дар як хона месӯхтанд. Яке бо фахр гуфт: — Ман равшантар месӯзам, аз ҳама зеботарам! Дигараш хомӯшона нур мепошид. Баъд аз муддате шамъи аввал аз шамъи дувум шикоят кард: — Дуди ту ба тарафи ман меояд, маро ифлос мекунад! Шамъи дувум оромона гуфт: — Бубахш, бародар, ман қасд надорам. Шояд шамол сабаби ин бошад. Аммо шамъи аввал боз асабонӣ шуд ва хост оташашро ба шамъи дигар расонад. Аз ин, ҳар ду шамъ ҳамзамон сӯхтанду хомӯш шуданд. Субҳ вақте соҳибхона омад, хона торик буд. Ӯ гуфт: — Эҳ, агар онҳо оромтару таҳаммулпазиртар мебуданд, ҳоло хона равшан мебуд. Панд: “Касе ки таҳаммул дорад, ҳамеша нур мебахшад. Касе ки асабонӣ мешавад, аввал худро месӯзонад.”
ДӮСТӢ
Гунҷишке бо саросемагӣ ба оташ наздик мешуду бармегашт. Аз ӯ пурсиданд: - Чӣ мекунӣ? Ҷавоб дод: - Дар ин наздикӣ чашмаи об аст ва ман минқори худро пур аз об мекунам ва бар болои оташ мерезам. Гуфтанд: - Ҳаҷми оташ дар муқобили обе, ки ту мерезӣ бисёр зиёд аст ва ин об фоидае надорад. Гуфт: - Шояд натавонам оташро хомӯш кунам, аммо он вақте ки Худованд мепурсад, ки ҳангоми дӯстат дар оташ сӯхтан, ту чӣ кор кардӣ? Ҷавоб медиҳам, ки ҳар он чӣ аз дастам омад, анҷом додам.
Тарс
Рӯзе занбӯр ва мор бо ҳам баҳс карданд. Мор мегуфт: "Одамон аз тарси зощирии даҳшатноки ман мемиранд, на аз сабаби неш задани ман!" Аммо занбӯр ин суханро қабул намекард. Мор барои исботи гуфтааш ба чӯпоне, ки зери дарахте хобида буд, наздик шуд ва ба занбӯр гуфт: "Ман чӯпонро неш мезанам ва пинҳон мешавам. Ту бошад, болои сараш парвоз кун, садо барор ва худро нишон деҳ". Мор чӯпонро неш зад ва занбӯр болои сари чӯпон ба парвозу садо баровардан оғоз кард. Чӯпон аз хоб бедор шуд ва гуфт: " Эй занбӯри лаънатӣ!" Сипас ҷои нешро молида, заҳрро берун кард. Баъд ба захм дору гузошту пас аз чанд рӯз сиҳат шуд. Сипас боз ба истироҳат машғул шуд. Ин дафъа мор ва занбӯр нақшаи дигар кашиданд: ин бор занбӯр неш зад ва мор худро нишон дод. Чӯпон аз хоб парид ва ҳамин ки морро дид, аз тарс ба гурехтан оғоз кард. Аз ваҳшати мор дигар заҳрро берун накард ва ба захмаш ҳам дору нагузошт. Пас аз чанд рӯз чӯпон аз тарси мор ва неши занбӯр ҷон дод. Яъне бисёре аз бемориҳо ва мушкилот низ ҳамин гунаанд: одамон на ҳамеша аз худи онҳо, балки бештар аз тарсе, ки дар зеҳни худ месозанд, нобуд мешаванд. Пас, ҳама чиз ба бардошти мо аз зиндагӣ ва шароите, ки дар он қарор дорем, бармегардад. Барои ҳамин беҳтар аст нигоҳи худро ба ҳама чиз хубтар ва солимтар кунем. Эҳтиёт кунед, ки ба зиндагии худ чӣ чизҳоро талқин мекунед...!
Зиндагӣ мисли оина аст
Инсон дар зиндагӣ ҳар чизеро ки ба ҷаҳон медиҳад, рӯзе ба ҳамон шакл ба худ бозпас мегирад. Ҳеч андеша, ҳеч сухан ва ҳеч амале дар фазои ҳаёт гум намешавад. Ҳар пиндори нек, ҳар сухани меҳрубонона ва ҳар кори хайр дер ё зуд ба зиндагии инсон рӯшанӣ меорад. Ҳамон гуна ки кина, бадгӯӣ ва озори дигарон низ рӯзе ба шакле ба худи инсон бармегардад. Зиндагӣ мисли оина аст: ҳар чӣ дар баробараш мегузорӣ, ҳамонро ба ту нишон медиҳад. Агар муҳаббат диҳӣ, муҳаббат мебинӣ, агар эҳтиром кунӣ, эҳтиром меёбӣ, агар дилеро бишканӣ, рӯзе дарде аз ҳамон ҷинс ба сарат меояд. Шояд бозгашти амалҳо зуд набошад, шояд солҳо тӯл кашад, аммо қонуни зиндагӣ дақиқ аст: инсон ҳосили пиндор, гуфтор ва кирдори худро мечинад. Чӣ хуб мебуд агар эҳтиёт кунем, ки чӣ меандешем, чӣ мегӯем ва чӣ мекунем. Зеро ҳар андеша тухмест, ҳар сухан садоест ва ҳар амал роҳест, ки оқибат моро ба худи мо бармегардонад.
Дурӯғ
Яке аз хатарноктарин дурӯғҳо он дурӯғест, ки инсон ба худ мегӯяд. Вақте шахс ҳақиқатро медонад, вале дидаву дониста худро фиреб медиҳад, тадриҷан миёни воқеият ва хаёл марзҳоро гум мекунад. Аввал дурӯғро барои тасаллои худ мегӯяд, баъд ба он бовар мекунад ва дар ниҳоят дигар ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ карда наметавонад. Инсоне, ки ба худ дурӯғ мегӯяд, камбудиҳои худро намебинад, хатоҳояшро намепазирад ва аз ислоҳи худ дур мемонад. Ӯ ҳамеша барои нокомиҳои худ баҳона меҷӯяд ва масъулиятро ба дӯши дигарон мегузорад. Дар чунин ҳолат рушд ва пешрафт қариб ғайриимкон мегардад. Ҳақиқат баъзан талх аст, аммо танҳо ҳақиқат метавонад инсонро тағйир диҳад. Шахсе, ки ҷуръати рӯ ба рӯ шудан бо ҳақиқатро дорад, метавонад хатоҳояшро ислоҳ кунад, аз таҷрибаҳо дарс гирад ва ба камол расад. Пеш аз он ки аз дигарон ростӣ талаб кунем, бояд бо худ ростқавл бошем. Зеро роҳи ҳар гуна пешрафт аз як иқрори сода оғоз мешавад: «Ман ҳақиқатро мебинам ва омодаам онро бипазирам». Ҳақиқат метавонад дард оварад, аммо дурӯғ инсонро гумроҳ мекунад. Танҳо касе, ки бо худ рост аст, метавонад зиндагии худро ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Инсони хуб
Шогирде аз устоди худ пурсид: Лутфан ба ман бигӯед, ки чӣ гуна метавонам инсони хубро бишносам? Устод ҷавоб дод: Ту наметавонӣ аз рӯи суханони як шахс муайян кунӣ, ки ӯ инсони хуб аст ё не. Ҳатто аз рӯи зоҳири одамон низ ба чунин хулоса расидан мумкин нест. Аммо метавонӣ аз муҳите, ки бо ҳузури он шахс ба вуҷуд меояд, ӯро бишносӣ. Зеро ҳеҷ кас наметавонад дар атрофи худ фазое эҷод кунад, ки бо рӯҳу ботини ӯ созгор набошад. Яъне инсон ҳамеша он чиро, ки дар даруни худ дорад, ба атрофиён мунъакис мекунад. Агар ҳузури касе ба дигарон оромиш, меҳрубонӣ ва эҳсоси нек бахшад, эҳтимол дар ботини ӯ низ ҳамин сифатҳо ҷой дошта бошанд. Агар мехоҳӣ ҳузурат барои дигарон манбаи оромиш бошад, аввал бояд даруни худро ором гардонӣ. Зеро оромиши ҳақиқӣ аз ботини инсон оғоз меёбад ва сипас ба ҷаҳон атрофаш паҳн мешавад.
Инсони солим
Инсони солим на он касест, ки ҳеч мушкиле надорад, балки он касест, ки ҳатто дар миёни мушкилот роҳ меҷӯяд. Зиндагӣ ҳамеша мувофиқи хоҳиши мо пеш намеравад. Баъзан дарҳо баста мешаванд, нақшаҳо барҳам мехӯранд ва роҳҳо ба бунбаст мерасанд. Аммо одамони қавӣ дар чунин лаҳзаҳо намегӯянд: «Ҳама чиз тамом шуд». Онҳо мегӯянд: «Шояд роҳи дигаре вуҷуд дошта бошад». Воқеъбин будан маънои ноумед шуданро надорад. Воқеъбинӣ яъне мушкилро дидан, аммо ба имкониятҳо низ чашм доштан. Ҳар вақте зиндагӣ туро дар назди деворе қарор диҳад, пеш аз таслим шудан аз худ бипурс: «Оё дар ҳақиқат дигар роҳе нест?» Аксар вақт муваффақият маҳз аз он ҷо оғоз мешавад, ки дигарон истодаанд, аммо ту ҳанӯз дар ҷустуҷӯи роҳи нав ҳастӣ. Пас ҳамеша бу худ бигӯ: «Бале, вазъият душвор аст, аммо боз ҳам роҳе вуҷуд дорад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор