Зеҳн
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МАРДИ ФОЗИЛ ВА МАРДИ ФИРЕБГАР

Як марди фиребгару дуруғгӯй назди фозиле омад ва ба нолиш сар кард:

-Ҳолам бад аст. Намедонам, чӣ кор кунам.

Фозили раҳмдилу инсондӯст пурсид:

- Чӣ сахтие ба сарат омад?

- Марди фиребгар ҳамоно менолид:

-  Аз як беинсоф чанд танга қарз гирифта будам. Ҳеҷ имкон даст намедиҳад, ки қарзро баргардонам. Марди қарздода бисёр бераҳм аст. Шабу рӯз маро таъқиб мекунад. Аз ҷонам сер шудам.

- Марди фозил ашкҳои шашқатори фиребгарро диду дилаш бисёр сӯхт, пурсид:

-  Чӣ қадар қарздор ҳастӣ? 

-  Даҳ дирам!

-  Барои даҳ дирам ғам махӯр ва ҳеҷ гоҳ ба ҷони худ қасд макун.

Марди фозили некӯном инро гуфту даст ба ҷайб бурд ва даҳ дирам ба марди фиребгару дуруғгӯй дод.

Марди қаллоб дирамҳоро аз кафи некӯмард рабуду ҳамчун боди ёвагард дар як чашмак задан дар кӯчаву паскӯчаҳо ғайб зад.

Марди раҳгузаре, ки ин муомиларо наззора мекард, ба назди фозили некандеш омаду бо мазаммат гуфт:
-Ту чӣ кор кардӣ? Ин дуруғгӯй қаллоби берӯю риёро дар шаҳр ҳама мешиносанд. Аз ӯ, чун аз оташ, ҳазар мекунанд, худро ба канор мекашанд.
Фозили накӯном пурсид: \

  • Ман ҳам бояд чунин мекардам?
    Раҳгузар чавоб дод:
    -Оре! Бояд чунин мекардӣ. Вай туро фриеб дод ва даҳ дираматро ба ғорат бурд.
    Марди фозил риши сафеди худро молиш дода - молиш дода, хеле ба хаёл рафт, баъд ба ҳамсӯҳбаташ рӯ овард: \
  • Медонӣ, ту ҳақ нестӣ. Агар ман ба ӯ бовар намекардаму дирам намедодам, вай дар назди мардум хиҷолат мекашид. Ва баръакс, агар ба суханҳои ин қаллоб бовар кардаам, ман обрӯю эътибори худро наҷот додаам. Поси номи неку манзалат бисёр муҳим аст ва ин амал на аз дасти ҳар кас меояд.
    Байт:
    Баду некро базл кун симу зар,
    Ки ин касби хайр асту он дафъи шар.

    Аз «Бӯстон»-и Саъдии ШЕРОЗӢ
    (Бозгӯи Гулназар)
0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.