ТОВУС
Рӯзе аз рӯзҳо товус барои шикастани ташнагиаш хиромида ба соҳили рӯд омад. Дар оби чун оина шаффофу беғубор акси худро дида хеле шод шуд.
Аз тамошои пару болҳои рангорангаш ҳаловат мебурд.
Чун дида ба пойҳояш дӯхт, ғамгин гашт.
–Чи пойҳои безеб ва каҷу килеберо Худованд ба ман додааст, -дар соҳили рӯди шухоб ба худ нигариста, аз дил мегузаронид товус: Аз ин пойҳои хунук халос шудан даркор.
Дар ҳамин ҳолат рӯбоҳе поида ба ӯ наздик шуд.
Товус акси маргашро дар об дида бо пойҳои каҷу ки-лебаш чунон давид, ки рӯбоҳ ӯро дошта натавонист… аммо пару болҳои зебову мунаққаш дар чанд ҷо ба шохаи буттаҳои навруста дармонда, қариб буд ӯро луқмаи рӯбоҳи гурусна кунанд.
Товус бо меҳр ба пойҳои каҷу килебаш нигариста аз нақшаи дар дил кашидааш шарм карда гуфт:
–Ҷонамро аз марг болу парҳои зебо не, ҳамин пойҳои каҷу килебам раҳониданд. Раҳмат ба шумо, балогар-донҳои ман!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё