
Дунё
Ҷаҳон пур аз мӯъҷизаҳо ва зебоиҳои нотакрор аст. Сайру гашт ба мо имкон медиҳад, ки фарҳангҳои навро омӯзем, одамони гуногунро бишиносем ва ҷаҳонбинии худро васеъ кунем. Ҳар як гӯшаи дунё қиссаву таърихи хоси худро дорад. Саёҳат на танҳо ҷисми моро истироҳат медиҳад, балки рӯҳу равони моро низ бо хотираҳои фаромӯшнашаванда ва эҳсосоти нав бой мегардонад.
ЗАН ВА ЗАБОН
Зан ва забон — ҳар ду аз як нури илоҳӣ офарида шудаанд. Яке рӯҳи зиндагиро бо меҳр гарм мекунад, дигар садои он зиндагиро ба ҷаҳониён мерасонад. Зан — рамзи сабр, вафо ва зебоист. Ӯ офариниши Худост, ки дунёро бо нафаси муҳаббат меорояд. Ҳар қадами ӯ дуоест, ки ба замин баракат меорад; ҳар ашки пинҳонии ӯ гӯё покии ҷаҳонро мешӯяд. Дарди зан ором аст, вале амиқ; хандааш кӯтоҳ, вале самимӣ. Ӯ ҳамеша ҷонҳоро ҷамъ мекунад, дар ҳоле, ки худ дар парокандагии рӯҳ сӯхтааст. Ӯ оромиро дӯст медорад, на барои худ, балки барои онҳое, ки дӯсташ медоранд. Забон бошад — рӯҳи миллат аст. Он мисли шохаи бедор дар боғи таърих аст — ҳар қадар, ки шамол бивазад, боз решаашро амиқтар мекунад. Дар ҳар ҳарфи тоҷикӣ садои Рӯдакӣ мерасад, нафаси Лоиқ ва орзуи Мирзо Турсунзода. Забон танҳо воситаи гуфтор нест — он нақши дили миллат аст, меъёри ҳувият ва пули робитаи наслҳост. Муаллимаи забон будан — мисли шамъест, ки шабро равшан мекунад. Шамъ месӯзад, вале ҷаҳонро нур медиҳад. Ҳар хонандае, ки аз калимаҳои ту маънӣ меомӯзад, гӯё як қатра рӯшноӣ аз дили ту мегирад. Ин вазифа фақат таълим нест — ин бедор кардани рӯҳ аст, бедор кардани он қисмати инсонист, ки ҳанӯз мехоҳад зебоӣ ва меҳрро бифаҳмад. Бигзор зан ҳамеша бовафо ва нерӯи рӯҳонааш зиндагиро зебо кунад, забон ҳамеша зинда бошаду садои модарӣ дар дилҳо наво диҳад. Зеро зан ва забон — ду оинаи нур ҳастанд: яке рӯҳи зиндагиро равшан мекунад, дигар рӯҳи миллатро. Миҷгона Махманасировна
МУАЛЛИМ, УСТОД, ОМӮЗГОР!
Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибони ҷовидон ба камол расонид. Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегарднд. Чуноне, ки гуфтаанд: Расад ҷон бар лаби бечора устод. Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд. Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа, насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст.
АРЗИШИ ОҲАН
Як пораи оҳан ҳамагӣ 100 доллар арзиш дошт. Агар аз он наъли асп созанд - қиматаш 250 доллар мешавад. Агар аз ҳамон оҳан сӯзан тайёр кунанд — арзишаш ба 70 000 доллар мерасад. Ва агар аз он пружинаҳои соат созанд — қиматаш то 6 миллион доллар боло меравад! Муаллим гуфт: — Бинед, фарзандон, як чиз ҳамон аст, ки он ҳар қадар беҳтар корбаст шавад, ҳамон қадар арзиш пайдо мекунад. Инсон ҳам ҳамин гуна аст: ҳар кӣ қобилиятҳои худро инкишоф медиҳад ва ба нафъи дигарон истифода мебарад, қиматаш бештар мегардад. Бояд донем, ки қадру арзиши инсон аз зоҳир нест — аз меҳнат, дониш ва ҳунари ӯст.
Бераҳмӣ ҳамеша сояе дорад ва он ҷаҳолат аст.
Инсон ҳар қадар зеҳни боз дошта бошад, ҳамон қадар камтар бераҳм мешавад. Инсони воқеан таҳсилдида наметавонад бераҳм бошад, зеро ин номумкин аст. Ӯ танҳо метавонад муҳаббат ва раҳму шафқат дошта бошад. Инсони аҳмақ маҷбур аст бераҳм бошад, зеро танҳо бо ҳамин роҳ ӯ фикр мекунад, ки метавонад пирӯз шавад. Инсони оқил хоҳише барои пирӯз шудан надорад, Инсони оқил аллакай дар зеҳни худ пирӯз аст. Ӯ аллакай дар фаҳмиши худ аз бисёр чизҳо боло аст ва ба рақобат ниёз надорад. Инсони аҳмақ ҳамеша бояд дар рақобат бошад. Ва чун аҳмақ аст, наметавонад ба зеҳни худ такя кунад, зеро маҷбур аст ба чизи дигар такя кунад. Аз ин рӯ бераҳм мешавад, маккор мешавад, фиребгар мешавад, дуруя мешавад. Ба назари ман, «аҳмақӣ» ягона гуноҳ аст ва ҳар чизи дигар танҳо паёмади он аст. Ва «зоқилӣ» ягона фазилат аст ва ҳар чизе ки мо онро фазилат медонем, мисли соя аз он пайравӣ мекунад.
ЧАҲОР БАРОДАРИ НАКӮКОР
Чаҳор фасли сол, чаҳор нерӯи бузурги мӯъҷизакор, чаҳор бародари тавонову накӯкор аст, ки аҳли башарро ризқу хушрӯзиҳо мебахшанд, замину замонро ободу амон медоранд. Аз баҳор ёд мекунем, ки бедории табиат, эҳёи арзу само ибтидои гирудорҳои деҳқон ба хотири фардост. Баҳор эъҷозгар аст, дашту даманро сабзҷома ва ҳариру пургулу мунаққаш мепӯшонад. Боғистонҳоро чанбари гул ба cap медиҳад, мурғони хушилҳонро ба наво меорад, дилҳоро фараҳу нузҳат мебахшад... Тобистон фаро мерасад, ки авҷи кору ғайрат, фасли долу зарби амали деҳқон аст. Тирамоҳи заррин фасли баракату заҳмати айёми лабрез кардани анборҳо, қадкашии кӯҳҳои "тиллои сафед", шаҳдрезии боғистонҳои мост. Деҳқон мехоҳад, ки хонадони мардум обод, дастархонашон пури нон, лаболаб аз шаҳду шакар, рӯзгорашон хушу саодатманд бошад. Зимистон сафедпӯш омада давр меронад. Дашту биёбон, боғоту марғзорон, киштзорони се фасл заҳматкашида зери кӯрпаи барф фаpoғат доранд. Деҳқон ором нест, дар андешаи фардост. 1. Замину замонро ободу амон доштани чаҳор фасли сол. 2. Баҳор – эъҷозгар. 3. Тобистон авҷи кору ғайрат. 4. Тирамоҳ баракот, зимистон – фароғат. Луғат: Эъҷозгар – эъҷозба аҷз овардан, кори ҳайратовар ва аз одат берун. Мунаққаш – нақшу нигор кардашуда, нақшин. Нузҳат – покизагӣ, беайбӣ, некӯӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор