АРЗИШИ ОҲАН
Як пораи оҳан ҳамагӣ 100 доллар арзиш дошт.
Агар аз он наъли асп созанд - қиматаш 250 доллар мешавад.
Агар аз ҳамон оҳан сӯзан тайёр кунанд — арзишаш ба 70 000 доллар мерасад.
Ва агар аз он пружинаҳои соат созанд — қиматаш то 6 миллион доллар боло меравад!
Муаллим гуфт:
— Бинед, фарзандон, як чиз ҳамон аст, ки он ҳар қадар беҳтар корбаст шавад, ҳамон қадар арзиш пайдо мекунад.
Инсон ҳам ҳамин гуна аст: ҳар кӣ қобилиятҳои худро инкишоф медиҳад ва ба нафъи дигарон истифода мебарад, қиматаш бештар мегардад.
Бояд донем, ки қадру арзиши инсон аз зоҳир нест — аз меҳнат, дониш ва ҳунари ӯст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё