ҲИКМАТИ ХУШ ЗИСТАН
Як марди ҳаким тамоми умр хушбахт буд. Ӯ доимо табассум мекард, механдид, ҳеҷ кас ӯро ҳеҷ гоҳ ғамгин надида буд. Вақте ӯ пир шуд, яке аз шогирдонаш ба ӯ гуфт:
- Устод, шумо ҳамаи моро дар ҳайрат гузоштаед. Барои чӣ шумо ҳеҷ гоҳ ғамгин намешавед? Чӣ гуна ин ба шумо муяссар мегардад?
Пир ҷавоб гуфт:
- Замоне ман ҷавон будам, ман ҳам ҳамин суолро аз устодам пурсида будам. Устоди ман ҳафтодсола буд ва дар зери дарахт нишаста механдид. Ба назар чунин мерасид, ки гӯё ӯ бе ягон сабаб механдад. Он гоҳ ӯ ба ман гуфта буд:
- Замоне, ман ҳам мисли ту ғамгин будам. Ногоҳ фикре ба сарам омад: «Ин зиндагии ман аст, пас интихоб ҳам дар дасти ман аст. Танҳо ман ин интихобро ҳар рӯз, ҳар соат, ҳар дақиқа мекунам». Аз ҳамон вақт инҷониб ҳар субҳ, вақте бедор мешавам, аз худ суол мекунам: Имрӯз чиро интихоб мекунӣ: ғамгинӣ ё хушбахтиро? Доимо ҳамин хел мешавад, ки ман хушбахтиро интихоб мекунам.
РӮЗИ ХУШУ ТАБЪИ БОЛИДА ҲАМРОҲАТОН БОШАД, ДӮСТОНИ АРҶМАНД!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё