МУСИЧА
Дар таги долони зан мусичае лона гузошта буд. Рӯзе соҳибхона чириқ-чириқи форами чӯҷаҳои мусичаро шунида, ба лонаи онҳо назар кард. Се мусича беқаророна овоз бароварда, бо даҳони боз модарашонро интизорӣ мекашиданд.
Мусича дар минқораш анвои гуногуни ғизоро меоварду чӯҷаҳояшро сер мекард. Ин ҳолат се-чор рӯз давом кард.
Соҳибхона ҳар субҳидам аз хоб мехесту қабл аз оғози корҳои хона ба лонаи мусича назар карда аз рафтори онҳо ҳаловат мебурд. Рӯзе дид, ки мусича бо болҳояш чӯҷачаашро аз лона берун кардан мехоҳад. Чӯҷаи бечора парвоз карда наметавонад, аммо модар ӯро тела медод.
Зан аз ин рафтори мусича дар ҳайрат шуд. «Наход паррандагон дар нисбати фарзанди худ чунин бераҳмиро раво бинанд? Чаро? Чаро ӯ фарзандашро озор медиҳад?
Охир, бечора чӯҷа ҳозир аз лона ба замин афтода мемурад», - аз дил мегузарононд соҳибхона.
Мусича бори дигар чӯҷачаашро аз лона берун тела дод. Чӯҷаи хурдакак ба замин сарозер шуд. Аз тарс овоз мебароварду пару болҳояшро меафшонд: ба замин нарасида парвоз кард.
Ҳамин тавр, баъди чанд рӯз мусичаҳо парвозӣ шуда, лонаро тарк карданд.
Зан дар банди андеша афтод: «Ин мусича ба ман сабақи зиндагӣ омӯхт. Мо, фарзандони Одам, пайваста кӯшиш мекунем, ки фарзандонамон аз канорамон дур набошанд. Мустақилияташонро маҳдуд месозем, аммо мусича ба фарзандонаш парвоз кардан, озодона болу пар заданро меомӯзад. Ана, ин аст модар будан ва фарзандро тарбият кардан!»
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё