ДУ БАРОДАР
Модар ду писар дошт. Писари калонӣ - Салим фарбеҳ буду танбал ва кораш рӯзу шаб хӯрдану хобидан. Писари хурдӣ - Раҳим хароб буду заиф, чаққонак ва меҳнатдӯст.
Модар рӯзе аз рӯзҳои фасли поиз аз фарзандонаш хоҳиш кард:
– Ҷону ҷигаракони оча, фасли тирамоҳ аст. Писаронам, тирамоҳ, бояд ғами зимистонро хӯрд. Хуб мешуд, ки ба кӯҳ баромада ҳезум чинед. Салимҷон, додаракат Раҳимро эҳтиёт кун. Ӯ нисбат ба ту хурд аст, аз ӯҳдаи бардоштани бори вазнин баромада наметавонад, - ва «тӯшаи роҳ» гуён ба миёнбанди бародарон нон басту ба дасташон кадуи обро дода, ба кӯҳ гуселашон кард.
Ҳамин ки нахустин дараро гузашта, ба миёни пистазор даромаданд,
Салим ба додараш амр кард:
– Раҳимҷон, табарро гирифта, аз дарахтон шохаҳои хушкидаро зада дарза бастан гир. Ман каме дам мегираму баъд ба ту ёрӣ мерасонам, - ва ҷомаашро ба замин густурда пинак рафт.
Раҳим бошад, бо ҳавсалаи зиёд ба кор сар кард: бо табарчааш шохаҳои хушки дарахтонро бурида ду дарза ҳезум тайёр кард ба бародараш, ки баҳузур мехобид, гуфт:
– Акаҷон, хез. Нону обро мехӯрему ба хонаамон бар-мегардем, ман ду дарза ҳезум тайёр кардам.
Салим хамёзакунон аз хоб хест.
– Ман нону обро ким кайҳо хӯрда будам. Биё, ба ту ёрӣ мерасонам - гуфта ҳарду дарза ҳезумро ба пушти додараш ниҳода, худ аз қафо химчаеро гирифта амр кард.
– Рафтем.
Раҳим беинсофии бародарашро дида хоҳиш кард: – Раҳм кун, акаҷон! Ақаллан як дарзаашро ту бардор.
Аммо бародари фарбеҳи шикампараст ба зорию илтимоси додараш аҳамияте надода, ба сараш дод зад:
– Тез-тез роҳ гард, рӯз рӯ ба торикӣ оварда истодааст, боз ягон гург луқмаи хомамон накунад!
Раҳим, ки бисёр бачаи боақл буд, аз дил гузаронид: «Ман бояд ҷазои бародарамро диҳам, то ки дигар беинсофӣ накунад.» Ва баъди ду - се қадам мондан худро ба рӯи замин партофта, ба беҳушӣ зад. Инро дида Салим сахт тарсид ва ба зорию нола даромад:
– Додаракам, Раҳимҷон! Ба ту чӣ шуд? Модарамон «Додаратро эҳтиёт накардӣ»-гуфта маро мекушад.
Хоҳиш мекунам, чашмонатро кушо!
Раҳим бо чашмони пӯшида ҳамоно хомӯш буд.
Салим ду дарза ҳезумро ба якдигар баста болои онҳо ҷомаашро партофта Раҳимро болои ҳезум хобонда бандро аз китфонаш гузаронду то ба хонаашон бардошта овард. Баробари ба ҳавлиашон даромадан Раҳим аз пушти бародараш фуромада нидо кард:
– Акаҷон, ин қадар тез расидем?!
Салим, ки акнун гуноҳашро фаҳмида буд, арақи пешониашро бо пушти даст пок карда ба додараш гуфт:
– Илтимос, ҳодисаи шударо ба модар нагӯй.
Модар овози фарзандонро шунида, аз хона баромаду дарзаҳои ҳезумро дида, бо як навъ эҳсоси қаноат ва хушнудӣ гуфт:
– Шукр, ки сиҳату саломат, бо дасти пур ба хона баргаштед. Агар боз 4-5 бори дигар ба кӯҳ бароед, зимистонро бе мушкилӣ пушти сар хоҳем кард, қобилакони оча!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё