Тоҷир ва ғулом
Тоҷири сарватманде бо ғуломи худ аз Қуния ба сафари Шом рафтанд, то бор харанд ва ба шаҳри худ баргарданд.
Марди сарватманд барои ғуломи худ дар роҳ каме пул медод, то хӯрок бихарад ва худ ба корвонсарой рафта, беҳтарин таомҳоро мехӯрд. Ғулом ҷуз нон ва панир чизе наметавонист бихарад.
Чун ба шаҳри Шом расиданд, бор ҳозир набуд, пас тоҷир ва ғуломаш ба корвонсарой рафтанд, то истироҳат кунанд.
Ғулом фурсате ёфт, ки дар корвонсарой коре кунад ва даҳ сиккаи тилло музд ба даст оварад.
Бори тоҷир фароҳам шуд. Онҳо борро бастанд ва ба Қуния раҳсипор шуданд.
Дар миёни роҳ, роҳзанон бори тоҷирро ба ғорат бурданд ва ҳар чӣ дар ҷайби тоҷир буд, аз ӯ гирифтанд, аммо гумон накарданд, ки ғулом сиккае дошта бошад, пас ӯро тафтиш накарданд ва сиккаҳо дар дасти ғулом боқӣ монд.
Баъд аз илтиҷои зиёд роҳзанан ба раҳм омаданду уштуреро раҳо карданд, то тоҷир ва ғулом дар биёбон аз гуруснагӣ намиранд.
Як ҳафта дар роҳ буданд, то ба корвонсарой расиданд. Ғулом барои соҳибаш хӯроки гарм харид ва худаш нон ва панир хӯрд.
Тоҷир пурсид: «Ту чаро хӯроки гарм намехӯрӣ?»
Ғулом гуфт: «Ман ғулом ҳастам ва ба хӯрдани пораи нон бо панир одат дорам ва шиками ман аз ман мепазирад, аммо ту тоҷирӣ ва одат надорӣ, шиками ту нофармон аст ва намепазирад.»
Тоҷир ба ёди бадиҳои худ ва меҳрубонии ғулом афтод ва гуфт: «Хӯроки гармро бигир, ба ман аз "афв ва маърифат ва қаноат ва бахшандагии худат ҳадя деҳ", ки беҳтарин ҳадяи ту ба ман аст.»
Ман акнун фаҳмидам, ки: «Саховат ба миқдори сарвату пул вобаста нест,» моли бузург намехоҳад, балки дили бузург мехоҳад.
«Онон, ки ғанӣ ҳастанд, намебахшанд; онон, ки дар худ эҳсоси ғанӣ будан мекунанд, мебахшанд.»
«Ман ғанӣ будам, вале дар худ эҳсоси ғанӣ будан намекардам ва ту фақирӣ, вале эҳсоси ғанӣ будан мекунӣ.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё