Зеҳн
Дунё·Дунё·1 моҳ пешНашрия

МЕҲРИ ВАТАН

Ватан — ин макони азизтарини ҳар як инсон аст. Мо дар ин ҷо чашм ба ҷаҳон мекушоем, сухан гуфтан меомӯзем ва бо муҳаббати модар нафаси аввалини зиндагиро мекашем.

Ҳар як сангу хок ва хору хаси Ватан барои мо муқаддас аст.

Ватан мисли модар меҳрубон ва пурмеҳр аст. Агар онро дӯст дорем, бо он ифтихор кунем ва барои ҳифзу ободиаш заҳмат кашем, он ҳам моро бо бахту саодат ва комёбиҳо ҷавоб медиҳад. Ҳар як донишомӯз бояд донад: ободии Ватан аз илму дониши мо вобаста аст. Бигзор ҳар қадам, ҳар амал ва ҳар орзуи мо ба равнақу шукуфоии Ватан бахшида шавад!

Зеро, Ватан чун падар модар, нон, об, ҳаво, китоб, мактаб азизу мукаррам аст!

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.