Зеҳн
Дунё·Дунё·12 рӯз пешНашрия

ҚИССАИ ИБРАТБАХШИ ПИСАР БО ПАДАР

Писаре падарашро барои шом ба тарабхонае бурд.

Падар, ки хеле пиру заъиф шуда буд,  ғизояшро дурус наметавонист бихурад ва бар рӯи либосҳояш мерехт.

Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон бо ҳақорат ба сӯи марди пир менигаристанд,  ва писар ҳам хомӯш буду дар иваз ғизоро ба даҳони падар мегузошт.

Пас аз ин ки ғизояшон тамом шуд,  писар ба ороми падарро ба дастшӯи бурд,  либосашро тамиз кард,  мӯйҳояшро шона кард ва айнакҳояшро танзим карду берун овард. Тамоми афроди мавҷуд дар рестурон мутаваҷҷеҳи ҳардуи инҳо буданд ва бо ҳақорат ба сӯи ҳарду менигаристанд

Писар пули ғизоро пардохт ва бо падар аз онҷо рафт.

Дар ин ҳангом пирамарди дигаре аз ҷамъи ҳозирин баланд шуду садо кард

Писар.... Оё фикр намекуни чизеро фаромӯш кардаи?

Писар посух дод:

Чизе боқи нагузоштаам.

Он марди пир гуфт:

Бале писарам боқи гузоштаи...

Дарсе барои тамоми писарон...

Ва умеде ҳам барои ҳамаи падарон...!!!

Хомӯшии мутлақ бар тамоми рестурон ҳоким шуд!

Кош шеъре ба номи "падар" буд ки ингуна оғоз мешуд.

Қасам бар панҷаи дастонат ки бӯи нон медиҳад.

Ва қасам бар чашмони ҳамеша нигаронат....

Қасам бар буғзи фурӯхӯрдаат ки шонаи кӯҳро ларзонд.

Ва қасам бар ғурбатат...

Вақте ҳеҷ биҳиште зери поят нест!!!

(Зинда бод ҳамаи падарони дар қайди ҳаёт ва шод бод рӯҳи тамоми падарони азиз ки сафар кардаанд).

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.