Баъзе дидорҳо, охиринанд на аз рӯи хоҳиш, балки аз рӯи тақдир...
Вақте ду дӯст, ки умре ҳамдард, ҳамроз ва ҳампаноҳ буданд, бо ашки ниҳоӣ ҳамдигарро ба оғӯш мегиранд, дунё як лаҳза сукут мекунад. Калимаҳо дигар садо надоранд. Фақат ду чашми пур аз ёд ва ду дасте, ки намехоҳанд аз ҳамдигар раҳо шаванд...
Яке мегӯяд: «Дуо кун, шояд ин охирин дидори мост...»
Ва дигаре, ашк мерезад...
Мо фикр мекунем вақт зиёд аст. Ки метавонем ҳар рӯз гӯем: "Бубахш", "Дӯстат медорам", "Ташаккур", "Ҳамеша дар ёдам ҳастӣ"...
Аммо вақт ҳаргиз ба интизории мо намеистад.
Мо намедонем, ки кадом дидор охирин аст. Кадом "хайр" видои абадист. Кадом "фардо" дигар нахоҳад расид...
Пас чаро ҳамдигарро меранҷонем?
Чаро гапи дағал ба ҳам мегӯем?
Чаро муҳаббатро пинҳон медорем, вақте ки метавон онро бигӯем?
Ин зиндагӣ барои муҳаббат кардан аст. Барои нигоҳҳои гарм, дастҳои фишурда, дили бахшанда.
Мо шояд дигар фурсате барои хабаргирии ҳамдигар, фурсати муносиб, занг задан ё табассум кардан надорем...
Пас, то зиндаем ба қадри якдигар бирасем.
Нагузорем муҳаббат пас аз рафтан гуфта шавад...
Нагузорем бахшиш дер шавад...
Зеро баъзе ашкҳо, дигар дида намешаванд...
Ва баъзе оғӯшҳо, танҳо дар ёдҳо боқӣ мемонанд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё