Зеҳн
Дунё·Дунё·19 рӯз пешНашрия

Аз вожаи «чаро» ва ё аз вожаи «чӣ гуна»?

Шумо ҳангоми ба худ савол додан,  аз чӣ вожае бештар истифода мекунед:

Аз вожаи «чаро» ва ё аз вожаи «чӣ гуна»?

Оё мегӯед: «Чаро шароит ин гуна аст? Ва ё инки мепурсед: «Чӣ гуна метавонам шароити мавҷударо зеботар ва олитар кунам?»

Шумо медонед, ки фосилаи ин ду навъ пурсиш, фосилаи ҷаҳаннам то биҳишти Худост. Фосилаи байни бадбахтӣ ва хушбахтии Инсонҳо аст. Фосилаи фақр ва сарват аст. Фосилаи афсурдагӣ ва нишот аст. Фосилаи яъс ва умед аст.

Оре, кайфияти зиндагии шуморо навъи саволҳое таъйин мекунад, ки шумо аз худ мекунед.

1

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.