Зеҳн
Дунё·Дунё·19 рӯз пешНашрия

МАЙДА ЧУЙДАҲО

Барои он ки зиндагӣ хушбахтона бошад, бояст майда чуйдаҳои рӯзмараро дӯст дошт. Дар ҳама майда чуйдаҳои рӯзгор: тобиши абрҳо, наҷвои барги дарахтон, нағмаи гунҷишкон, чеҳраи раҳгузарон бояд маншаи лаззатро ҷуст.

Вале дӯст доштани майда чуйда ба ин маъно низ ҳаст, ки бояд барои ин майдачуйдаҳо ғам низ бояд хӯрд. Қурбоқае, ки андаруни ҳавзи қадимаи боғ меҷаҳад андӯҳи садсоларо мешиканад. Вале қурбоқае, ки аз ҳавзи қадима берун меҷаҳад шояд ғами садсоларо дар қалб дошта бошад. Зиндагии Басё зиндагии пайванд бо лаззат буд. Вале ҳаройина зиндагие низ, ки ғаму азоб ҳамгомаш буда. Барои он ки табассум бар лаб лаззат бибарӣ, бояст низ табассум ба лаб азоб ҳам бикашӣ.

Барои он ки зиндагӣ хушбахтона бошад, бояст аз барои майдачуйдаҳои рӯзмарра ғам хӯрд. Дар ҳама майдачуйдаҳои рӯзгор: тобиши абрҳо, наҷвои барги дарахтон, нағмаи гунҷишкон, чеҳраи раҳгузарон бояд азобҳои марди уфтода ба дӯзахро эҳсос кард.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.