Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Ҳикояти «Ошиқи булҳавас».
Булҳавасе бар сари роҳе расид, Ҷилвакунон чордамоҳе1 расид. Ҳола шуда гирди қамар маъҷараш2, Хайма зада бар маҳу хур3 чодараш. Нағмасаро ҷунбиши халхоли4 ӯ, Нофакушо зулф зи дунболи ӯ. Наъра баровард, ки : «Эй худпараст! Пой макун тез, ки рафтам зи
Ҳикояти «Кашаф ва ду бат»
Баст ба сад меҳр бар атрофи Шат1 Ақди муҳаббат кашафе2 бо ду бат3. Шуд ба фароғат зи ғами рӯзгор Қоидаи сӯҳбаташон устувор. Рӯзе аз он ҷо фалаки ростхӯй Гашт зи бемеҳриашон кинаҷӯй. Табъи батон аз лаби дарё гирифт, Рои сафар дар дилашон ҷо гирифт. Кард
Тавзеҳи «Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ.
Яке аз шевотарин достонҳои адабӣ-ишкии форс-тоҷик, ки дар зарфи панҷ карни охир мавриди таваҷҷуҳи доимии аҳли адаб будааст, маснавии «Саломон ва Абсол»-и Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Достони «Саломон ва Абсол», ки матни чопи он соли 1913
«Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ
Ишорат ба он ки мурод аз ин қисса сурати қисса нест, балки мақсуд аз он маънии дигар аст, ки баён карда хоҳад шуд. Бошад андар сурати ҳар қиссае, Хӯрдабинонро зи маънӣ ҳиссае. Сурати ин қисса чун итмом ёфт, Боядат аз маънии он ком ёфт. Вазъи инро
«Сабҳат-ул-аброр»(«Донаҳои накӯкорон»)-и Ҷомӣ
Маснавии мазкур достони чаҳоруми «Ҳафт авранг» буда, дар баҳри Рамали мусаддаси махбуни махзуф ё мақсур навишта шуда, аз 2885 байт иборат аст ва таълифи он соли 1482 иттифоқ афтодааст. Шоир ба хусус дар васфи сухан хеле ҷаҳд кардааст ва муқаддас будани
Сидқ — ростӣ, росткорӣ (сабҳат-ул-аброр).
ДАР СИДҚ1 Эй гарав2 карда забонро ба дурӯғ, Бурда бӯҳтон3 зи каломи ту фурӯғ4! Ин на шоистаи ҳар дидавар5 аст, Ки забонат дигару дил дигар аст. Аз раҳи сидқу сафо дурӣ чанд? Дили қирӣ6, рухи кофурӣ7 чанд? Рӯй дар қоидаи эҳсон8 кун! Зоҳиру ботини худ
Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф.
Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф Эй тозаназар ба лавҳи кавнайн, Чун мардуми дида қурратулайн1 Соли ту агарчи ҳафту ҳашт аст, Дилро ба ҳавот бозгашт аст. Ин лутф, ки дар сиришт дорӣ, Дорам ба Худой умедворӣ, К-он рӯз, ки сарбаланд гардӣ,
«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.
Дар бевафоии олам ва суръати заволи ҳаёти фонӣ Гетӣ, ки нишемани завол аст, Осуда диле дар ӯ муҳол аст. Мотамкадаест тираву танг, Дар вай зи вафо на бӯй, не ранг. Ҳар гул, ки барояд аз гили ӯ, Чок аст зи хори ғам дили ӯ. Ҳар лола, ки бардамад зи боғаш,
«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.
Дар баёни ҳоли Маҷнун, ки вай аз сурати маҷоз ба маънии ҳақиқат расида буд ва аз ҷоми сурат шароби маънӣ чашида Хон, то набарӣ гумон, ки Маҷнун Бар ҳусни маҷоз буд мафтун. Дар аввал агарчи дошт майле Бо ҷуръакашӣ зи ҷоми Лайлӣ. Андар охир, ки гашт аз
«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.
Дар маънии ишқи содиқон ва сидқи ошиқон Чун субҳ азал зи ишқ дам зад, Ишқ оташи шавқ дар қалам зад, Аз лавҳи адам қалам сар афрошт, Сад нақши бадеъпайкар ангошт, Ҳастанд афлок зодаи ишқ, Аркон ба заминфитодаи ишқ. Бе ишқ нишон зи неку бад нест, Чизе,
Ақидаи Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд.
Ҷомӣ дар достон зимни образҳои Искандар ва Арасту муносибати устоду шогирдро бо камоли маҳорат нишон додааст. Адиб таъкид менамояд, ки ҳар як кас бояд ҳурмату эҳтироми устод, омӯзгорро нигоҳ дорад. Арасту рӯзе аз Искандар мепурсад, ки агар дар оянда
Пайдоиш ва идеяи ҷамъияти хаёлӣ дар адабиёти шифоҳӣ.
Пайдоиш ва ташаккули идеяи ҷамъияти хаёлӣ дар адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ Достони «Хирадномаи Искандарӣ» ва бевосита идеяи ҷамъияти хаёлӣ дар кохи мӯҳташами адабиёти ҳазорсолаи форсу тоҷик ва умуман адабиёти ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи олии ақлу хиради инсон
Ғазали «Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад»-и Ҷомӣ.
Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад, Нурам аз омадани ӯ ба басар1 бозомад. Аз нами дидаи соҳибназарон сӯи чаман Лолаву сунбули ӯ тозаву тар бозомад. Он ҷигаргӯша, ки чун ашк бирафт аз назарам, Хун шуд аз ғам ҷигарам, то ба назар бозомад. Бандам
Ғазали «Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад»-и Ҷомӣ.
Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад, Саҳрову шаҳр бар дили мо танг мекунад. Эй номабар, ба маҷлиси ӯ номи ман мабар, К-аз гуфтугӯи номи манаш нанг мекунад. Шарҳи камоли шавқ ҳамин бас, ки чашми ман Унвони ин саҳифа ба хун ранг мекунад. Ошиқ фишонда ҷон
Ғазали «Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед»-и Ҷомӣ.
Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед, Хонае созеду ҷонамро дар ӯ манзил кунед. Чун бирезад хуни ман ин бас дият, к-аз баъди қатл Гоҳ-гоҳе нисбати хунам ба он қотил кунед. Ҳайф бошад хуни ман дар гарданаш, баҳри Худо, Пеш аз он дам, к-ӯ кашад
Ғазали «Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад»-и Ҷомӣ.
Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад, Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад. Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил, 3-он лаби нӯшин киноят мекунад. Аз рақибон мекунад паҳлӯ тиҳӣ, Ҷониби моро риоят мекунад. Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо, Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад. Дур аз
Ғазали «Сароям ба хаёлаш ғазале»-и Ҷомӣ.
На ғизоле, ки сароям ба хаёлаш ғазале, Ё занам аз рухи хуршедмисолаш масале. На кариме, ки кунам фикри мадеҳаш, чу фитад, З-офати даҳр дар аркони маишат халале. На фасеҳе, ки ба бурҳони суханҳои латиф, Бошадам қуввати баҳсею маҷоли ҷадале. Тай шуд
Тасвири ҷамъияти хаёлӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.
Дар достон идеяи ҷамъияти хаёлӣ характери ҷамъбастӣ дошта, аз нигоҳи фалсафӣ ниҳоят қавист. Мувофиқи тасвири Ҷомӣ Искандар пас аз ҷаҳонгирӣ, тай намудани кишвару мамлакатҳои зиёд ба шаҳре, ки ҳама мардум покизарӯзгор буданд, мерасад. Аз тасвири Ҷомӣ
Идеяи шоҳи одил ва маърифатпарвар-и Ҷомӣ.
Аз сюжети достон чунин ба назар мерасад, ки Искандар аз рӯзе, ки ба сари тахт нишаст, дар кишвар адлу адолатро барқарор намуд. Сониян, ба ҳар мамлакате, ки мерафт, барои ободию осудагии мардуми он саъю кӯшиш мекард, шаҳрҳои нав месохт. Аз ин ҳиҳат
Мазмуни мухтасари «Хирадномаи Искандарӣ»-и Ҷомӣ.
«Хирадномаи Искандарӣ», ки ҳафтумин достони «Ҳафт авранг» аст, 2315 байтро фаро гирифта, соли 1485 (890 ҳиҷрӣ) дар вазни мутақориб таълиф гардидааст. Достони Искандар дар адабиёти Шарқ мавзӯи анъанавӣ буда, Ҷомӣ на ҷангнома, балки хираднома навиштааст.




