«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.
Дар маънии ишқи содиқон ва сидқи ошиқон
Чун субҳ азал зи ишқ дам зад, Ишқ оташи шавқ дар қалам зад, Аз лавҳи адам қалам сар афрошт, Сад нақши бадеъпайкар ангошт, Ҳастанд афлок зодаи ишқ, Аркон ба заминфитодаи ишқ.
Бе ишқ нишон зи неку бад нест, Чизе, ки зи ишқ нест, х(в)д нест. Ин сақфи баланди лоҷвардӣ Рӯзону шабон ба гирдгардӣ, Нилуфари бӯстони ишқ аст, Гӯӣ хами савлаҷони1 ишқ аст.
Миқнотисе, ки табъи санг аст, Дар оҳани сахт карда ҷанг аст. Ишқест фитода оҳаноҳанг, Сар барзада аз дарунаи санг. Бин санг, ки чун дар ин нишеман Бе санг шавад зи шавқ оҳан.
3-он гир қиёси дардмандон, Дар ҷазбаи ишқ дилписандон. Ҳарчанд ки ишқ дарднок аст, Осоиши синаҳои пок аст.
Аз меҳнати чархи вожгунгард. Бе давлати ишқ кай раҳад мард?! Кае з-одамиён чи дун, чи олӣ, Аз маънии ишқ нест холӣ.
Лекин аз дӯст фарқ то дӯст Афзун бошад зи мағз то пӯст. Маъшуқи яке зар асту сим аст, Бе сим дилаш чу зар ду ним аст.
Маъшуқи яке раз асту боғ аст 3-инҳош ба сина монда доғ аст. Хуш он, ки ба меҳр шоҳиде2 ҷуст, 3-ин дағдағаҳо замири худ шуст.
Дил баст ба турфа нозанине, Дар маҷлиси унс хурдабине, Доманпоке зи дасти ағёр, Не доманчок чун гул аз хор.
Хуштар зи вай он, ки чун асире Шуд бастаи пирдида пире. Хиҷлатдеҳи гул ба тозарӯӣ, Рашки суман аз сафедмӯӣ, Оинаи рӯҳҳо ҷамолаш, Мифтоҳи футӯҳҳо мақолаш.
Ишқат чу аз ин ду ҷо биронад, Маҳмил ба ҳақиқатат расонад. Саҳрои вуҷудро гул аст ин, Дарёи маҷозро пул аст ин. 3-ин ишқ касе, ки бенасиб аст, Дар анҷумани ҷаҳон ғариб аст.
Ғофил зи ҳарими маҳрамият, Нашнида насими одамият. Оранд, ки воизе суханвар, Бар маҷлиси ваъз соягустар, Аз дафтари ишқ нукта меронд вафсонаи ошиқон ҳамехонд.
Харгумшудае бар ӯ гузар кард ваз гумшудаи худаш хабар кард. Зад бонг, ки кист ҳозир имрӯз, К-аз ишқ набуда хотирафрӯз, Не меҳнати ишқ дида ҳаргиз, Не доғи бутон кашида ҳаргиз?
Бархост зи ҷой содамарде, Ҳаргиз зи дилаш назода дарде, К-он кас манам, эй сутудаи даҳр, К-аз ишқ набуда ҳаргизам баҳр.
Харгумшударо бихонд, к-эй ёр, Инак, хари ту, биёр афсор! Инро зи харӣ, к-аз он дижам нест, Ҷуз гӯши дароз ҳеч кам нест.
Сармояи маҳрамӣ зи ишқ аст, Бал, к-одамӣ одамӣ зи ишқ аст. Ҳар кас, ки на ошиқ, одамӣ нест, Шоистаи базми маҳрамӣ нест, Ҷомӣ, ба каманди ишқ шав банд, Бугсил зи ҳама, ба ишқ пайванд. Ҷуз ишқ магӯю ҳеч машнав, Ҳарфе, ки на ишқ, аз он хамӯш шав! ------------------ 1. Савлаҷон — асо, чавгон. 2. Шоҳид — маъшуқа.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё