«Сабҳат-ул-аброр»(«Донаҳои накӯкорон»)-и Ҷомӣ
Маснавии мазкур достони чаҳоруми «Ҳафт авранг» буда, дар баҳри Рамали мусаддаси махбуни махзуф ё мақсур навишта шуда, аз 2885 байт иборат аст ва таълифи он соли 1482 иттифоқ афтодааст. Шоир ба хусус дар васфи сухан хеле ҷаҳд кардааст ва муқаддас будани суханро таъкид ба таъкид арз мекунад:
Дар булӯрин садафи чархи куҳан, Нест воло гуҳаре беҳ зи сухан. Сухан овози пари Ҷабраил аст, Рӯҳбахш аз дами Исрофил аст. Сухан аз арши барин омадааст, Бари покон ба замин омадааст. Нест дар кон гуҳаре беҳтар аз ин, Ё дар имкон ҳунаре беҳтар аз ин. Фазли килку шарафи нома ба ӯст, Ақлро гармии ҳангома ба ӯст. Номаи кавн ба вай тай шудааст, Одамӣ, одамӣ аз вай шудааст. Гар набудӣ сухани тоза рақам, Нашудӣ лавҳу қалам лавҳу қалам. Қаламу лавҳ ба кори сухананд, Рӯзу шаб нақшу нигори сухананд. Ба сухан зинда шавад номи ҳама, Ба сухан пухта шавад хоми ҳама. Дил, ки лабташна ба оби сухан аст, Пухтаву хом хароби сухан аст. Табъи мо хуррам аз андешаи ӯст, Хуррам он кас, ки сухан пешаи ӯст.
Мавзӯи марказии асар ҳамоно ирфону фалсафа ва ахлоқу тарбия буда, аз муқаддима, 40 иқд (боб ё фасл) ва хотима иборат мебошад. Дар асар сайри манзилҳои нафс бо тамоми ҷузъиёт мавриди тасвир қарор дода мешавад. Асар на танҳо дар асри муаллиф-шоир, балки дар таърихи адабиёти форс-тоҷик яке аз шоҳкориҳои адабӣ ба шумор меравад. Хусусан, Ҷомӣ чун суханшинос ба мақому мартаба ва мавқею нақши сухан таваҷҷӯҳи хоса медиҳад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё