Зеҳн

Ғазали «Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад, Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад. Ҳар кӣ мегӯяд ҳадиси салсабил, 3-он лаби нӯшин киноят мекунад. Аз рақибон мекунад паҳлӯ тиҳӣ, Ҷониби моро риоят мекунад.

Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо, Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад. Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст, «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»1, 3-он лаби ҳамчун шакар монда ҷудо, «Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад».2 Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ, Ғамзае ӯро кифоят мекунад!

----------------- 1-2 Ин байт матлаи «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румист, ки Абдураҳмони Ҷомӣ онро тақсим намуда, ба тариби тазмин дар ду байт дохил наму¬да аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2