Зеҳн

Пайдоиш ва идеяи ҷамъияти хаёлӣ дар адабиёти шифоҳӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 8 дақиқа хондан

Пайдоиш ва ташаккули идеяи ҷамъияти хаёлӣ дар адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ

Достони «Хирадномаи Искандарӣ» ва бевосита идеяи ҷамъияти хаёлӣ дар кохи мӯҳташами адабиёти ҳазорсолаи форсу тоҷик ва умуман адабиёти ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи олии ақлу хиради инсон мақоми босазо дорад. Ин идея ба рӯзгори инсонҳо нуру зиё, хираду маърифат бахшида, дили онҳоро ба ҳаёти хушбахтона гарм намудааст. Идеяи ҷамъияти хаёлӣ аз эҷодиёти даҳонакии халқ сарчашма гирифтааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим халқи бечора дар бораи зиндагии хушбахтона, ҷамъияти бесинф нақлу ривоятҳои зиёде эҷод карда буд. Халқ шоҳи одилу ҷамъияти озодро орзу мекард. Пас, ҳангоме ки хат пайдо мешавад, ровиён ва ноқилон онҳоро ҷамъ намуда ба шакли китоб медароранд. Дар солномаҳо, асарҳои ахлоқӣ ва динӣ ин нақлу ривоятҳо бо тафсилоту тағйирот дохил мегарданд. Яке аз ҳамин гуна асарҳо, ки таърихи қариб се ҳазорсола дорад, «Авесто» мебошад. «Авесто» китоби муқаддаси дини зардуштист. Дар он асотир ва нақлу ривоятҳо фаровон омадаанд. Дар бисёр нақлу ривоятҳое, ки дар «Авесто» оварда шудаанд, муборизаи ду қувва - бадӣ ва некӣ инъикос ёфтааст. Қувваи бадӣ Аҳриман ва некӣ Аҳура Маздо мебошанд. Ба ҳамин тариқ, муборизаи Аҳриману Аҳура Маздо композитсияи умумии нақлу ривоятҳоро ташкил медиҳанд. Аҳура Маздо ба фариштаҳои осмонӣ ва дар замин ба Йема - шоҳи одилу оқил сардор ва роҳнамо буд. Боре Аҳура Маздо ҳамаи фариштаҳо, аз ҷумла Йемаро даъват намуда огоҳ менамояд, ки ба наздикӣ зимистони сахт мешавад, барфи зиёд меборад ва аз барфу тӯфон ҳама ба зери об мемонанд, олами набототу ҳайвонот ва инсонҳо ҳам нест мешаванд. Аз ин хотир дар баландиҳо, дар ҷойҳои мувофиқ барои ҳайвоноту наботот паногоҳҳо, барои одамон манзил сохтан даркор. Пас аз ин аз наботот навъҳои хушсифату беҷирм, аз ҳайвонот ҷуфтҳои хубу хушзот ва аз инсонҳо танҳо ҷуфтҳои поку некӯсиришт, бофаросату хубрӯй, хушахлоқу меҳнатдӯст, далеру шуҷоъро хоста гирифтан муҳим аст. Аз инсонҳои дурӯя, фосиқу коргурез, зиштрӯй парҳез бояд кард. Ашхоси интихобшуда ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан бояд зебо бошанд. Қисмати аввали ривоят бо он поён меёбад, ки Йема супориши Аҳура Маздоро ба ҷо оварда, одамону набототу ҳайвоноти интихобкардаро аз хунукию тӯфон эмин нигоҳ медорад. Пас аз ин давраи дуюм оғоз меёбад. Ин «давраи тиллоӣ» гӯё ҳазор сол давом кардааст. Дар ин муддат баробарию бародарӣ асоси ҷамъиятро ташкил медод. Дигар одамон намемурданд, зулму истимор набуд, яъне, ҳамон ашхоси беҳтарин дар ин давра кишварро обод намуданд. Масалан, дар қисмати Вандидод дар ин бора гуфта шудааст:

Агар давраи Йемаи ҳукмрон боқудрат намешуд, Ин хунукии сахт, на гармои сӯзон, на офат, Дар он на пирӣ буда на мурдан, Ва на рашку ҳасаде, ки дев ба вуҷуд овардаст.

Аммо Йема аз ин муваффақиятҳо саргаранг мешавад, дигар ба суханони Аҳура Маздо гӯш намекунад ва даъвои худоӣ мекунад. Маслиҳатгари ӯ Аҳриман мешавад. Дар натиҷа халқ аз ӯ рӯ мегардонад. Пас аз ин Йема аз тарафи Ажадаҳак кушта мешавад. Мазмуни мухтасари ривоят аз ҳамин иборат аст. Маҳз ҳамин ривоят барои пайдо шудани чандин асарҳои барҷастаи қарнҳои минбаъда сарчашмаи асосӣ гардид. Дар адабиёти тоҷику форс ин идея, яъне тасвири ҷамъияти хаёлӣ бори аввал дар «Шоҳнома»-и Абдулқосими Фирдавсӣ инъикос ёфтааст. Дар асари Фирдавсӣ Йема бо номи Ҷамшед ёдовар шудааст. Мувофиқи тасвири Фирдавсӣ Ҷамшед 700 сол подшоҳӣ мекунад. Дар аввал чун дар «Авесто» одил, додгустар, халқпарвар буд. Мамлакат обод, халқ осуда, зиндагӣ пурнишот, одамон вафот намекунанд. Аз ин пешрафт Ҷамшед мағрур шуда, дигар ба суханони Аҳура Маздо гӯш намекунад, дар байни халқ худашро Яздон эълон мекунад. Ӯ осӣ мешавад ва аз тарафи Заҳҳок ба қатл мерасад. Агар ҳар ду вариантро бо ҳам қиёс кунем, равшан мегардад, ки дар байни онҳо монандии умумӣ бисёр назаррас аст. Дар Фирдавсӣ исмҳо тағйир ёфтаанд. Масалан, дар «Авесто» Йема, дар «Шоҳнома» Ҷамшед, дар «Авесто» Ажадахак, дар «Шоҳнома» Заҳҳок ва амсоли ин. Дигар дар достони «Ҷамшед» тасвири «давраи тиллоӣ» ё ҷамъияти хаёлӣ сарфи назар шудааст. Фирдавсӣ тасвири онро дар қисмати таърихии «Шоҳнома» овардааст. Достони «Ҷамшед» дар қисмати аввал, яъне қисмати мифологӣ омадааст. Фирдавсӣ танҳо як қисми ривояти мазкурро дар достон оварда, онро эҷодкорона истифода бурдааст. Рӯзгори Ҷамшед то андозае унсурҳои ҷамъияти хаёлиро дар худ ниҳон дорад. Масалан, Фирдавсӣ мегӯяд:

Чунин сол сесад ҳаме рафт кор, Надиданд марг андар он рӯзгор. Зи ранҷу зи бад-шон набуд огаҳӣ, Миён баста девон ба сони раҳӣ. Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш, Зи ромиш ҷаҳон буд пуровози нӯш. Чунин то баромад бар ин солиён, Ҳаметофт аз шоҳ фарри каён. Ҷаҳон буд ба ором, аз ӯ шодком, 3и Яздон бад-ӯ нав ба нав буд паём.

Дар «Шоҳнома» достони «Искандар» мавқеи калон дорад. Асосан бо ҳамин достон қисмати таърихии «Шоҳнома» оғоз ёфтааст. Достон аз 2417 байт иборат буда, аз ҷанги Юнону Эрон, яъне аз задухӯрди лашкари Файлақус (падари Искандар) ва Доро оғоз мегардад. Дар достон Искандар ҳамчун шахси ғоратгар қаламдод шудааст. Ӯ шаҳрҳо, мамлакатҳо ва кишвару буми зиёдеро ба зери тасарруф дароварда пеш мерафт, мекушт, ғорат мекард:

Зану кӯдаку пирамардон ба роҳ. Бирафтанд гирён ба наздики шоҳ. Ки: «Эй шоҳи бедор, боз ор ҳуш, Масӯзон бару буму кӯдак макуш!» Сикандар бар эшон наёвард меҳр, Бар он хастагон ҳеч нанмуд чеҳр. Гирифтанд аз эшон фаровон асир, Зану кӯдаки хурду барнову пир. Сӯи Нимрӯз омад аз роҳи Буст, Ҳама рӯи гетӣ зи душман бишуст.

Пас Искандар ба шаҳри бараҳманон мерасад. Ин боб «Рафтани Искандар ба шаҳри бараҳманон» ном дорад. Бошандагони ин шаҳр аз омадани Искандар воқиф гашта ба ӯ мактубе менависанд. Дар ин мактуб ба Искандар гӯшзад мекунанд, ки агар мақсади ту молу сарват бошад, мо аз он бенасибем. Мо танҳо донишу хирад дорем, ки инро шумо гирифта наметавонед. Искандар бо чанд нафар донишмандони румӣ ба назди онҳо меравад ва бо онҳо сӯҳбат мекунад, саволҳои зиёде медиҳад. Аз саволу ҷавоб равшан мегардад, ки бошандагони он ҷо бисёр фақирона зиндагӣ мекардаанд. Қариб урён мегарданд, молу чиз надоранд. Мардумаш баробару бародаранд. Онҳо дар саволу ҷавоб Искандарро мулзам мекунанд:

Сикандар чу рӯи бараҳман бидид, ваз он гуна овози эшон шунид. Давону бараҳна тану пову сар, Танаш бебару ҷон зи дониш ба бар. Хӯру хуфту ором дар дашту кӯҳ, Бараҳна ба ҳар ҷой гашта гурӯҳ. Ҳама хӯрданишон бари мевадор, Зи тухми гиё раста бар кӯҳсор. Сикандар бипурсид аз хобу хвард, Аз осоишу гарди рӯзи набард. Хирадманд гуфт: «К-эй ҷаҳонгир мард, Кас аз мо нагӯяд зи нангу набард, Зи пӯшиданӣ, ё зи густурданӣ, Ҳама бениёзем аз хӯрданӣ».

Искандар аз ин хеле мутаассир гашта, рӯҳан тағйир меёбад. Чеҳрааш заъфарон гашта, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегардад:

Сикандар чу гуфтори эшон шунид, Ба рухсора шуд чун гули шанбалид. Ду рух зарду ду дида пуроб кард, Ҳамон чеҳри хандон пур аз тоб кард.

Афсӯс хӯрду тавба кард. Барои ҳамин ба ҳар кас сарвату молашро бахшида, аз назди бараҳманон ба тарафи Ховар роҳ пеш гирифт:

Басе низ бахшид бар ҳар касе, Ба наздики эшон набуд ӯ басе. Беозор аз он ҷойгаҳ баргирифт, Бар он ҳамнишин роҳи Ховар гирифт.

Дар достони «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ тасвири ҷамъияти хаёлӣ каме дигархелтар омадааст. Искандар ҳангоми сафарҳои ҳарбиаш ба мамлакати шимол мерасад ва мебинад, ки кишвар бешоҳ аст, бойу камбағал надорад, фиребгару қаллоб, бекорхӯҷаю бевичдон нест. Онҳо умри зиёд дида, дар пиронсолӣ вафот мекунанд. Дигар, мӯъҷизаи мамлакат боз он будааст, ки дузд, хиёнаткор дар сари вақт ҷазо мегирифтааст. Искандар бо лашкараш ба диёр дохил шуда, боғҳои мевадор, галаю рамаҳои сершумори бегалабону бечӯпон ва дигар мӯъҷизоти зиёдеро мебинанд. Лашкарие аз дарахт мева мегирад, ҳамоно мебинанд, ки пушташ кӯз шудааст. Искандар ба шигифт меафтад. Баьд аз ин ба хаёл меравад ва дар дил чунин мегӯяд:

Ба дил гуфт: «Аз ин розҳои шигифт, Агар зиракӣ, панд бояд гирифт. Нахоҳам дигар дар ҷаҳон сохтан, Ба ҳар сайдгаҳ доме андохтан. Маро бас буд аз ҳар чӣ андӯхтам, Ҳисобе аз ин мардум омӯхтам. Бад-эшон гирифтаст олам шукӯҳ, Ки автоди олам шуданд ин гурӯҳ. Агар сират ин аст, мо бар чием?! вагар мардум инанд, пас мо кием?!

Ниҳоят Искандар аз ҷаҳонгирӣ, қатлу ғорати мардумон сахт пушаймон мешавад. Ӯ бо дарду алам мегӯяд, ки агар ман пештар аз чунин мамлакат хабар медоштам, ҳаргиз дигар гирди ҷаҳон намегаштам, дину оин, кору рафтори онҳоро мепазируфтам:

Гар ин қавмро пеш аз ин дидаме, Бар гирди ҷаҳон барнагардидаме. Аз ин расм нагзаштӣ оини ман. Ҷуз ин дин набудӣ дигар дини ман.

Искандар аз ҳамин ҷо пас мегардад. Дигар ӯ ҷанг намекунад. Роҳи Юнонзаминро пеш мегирад, вале дар роҳ ба бемории сахт гирифтор шуда вафот мекунад. Тавре ки дидем, дар Фирдавсӣ Искандар аз сӯҳбат ва саволу ҷавоби бараҳманон панд намегирад, ба хулосаи даркорӣ намеояд. Яъне, ӯ пас аз ин боз ба кишваркушоӣ, ғоратгарӣ машғул мегардад. Ба ҳамин тариқ Искандар дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ то охир ҳамон Искандари таърихӣ, яъне, Искандари ғоратгар, кишваркушо мемонад. (Аз китоби «Адабиёти тоҷик», китоби дарсӣ барои синфи 9, муаллиф Тӯйчӣ Мирзод.)

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2