Ҳикояти «Кашаф ва ду бат»
Баст ба сад меҳр бар атрофи Шат1 Ақди муҳаббат кашафе2 бо ду бат3. Шуд ба фароғат зи ғами рӯзгор Қоидаи сӯҳбаташон устувор. Рӯзе аз он ҷо фалаки ростхӯй Гашт зи бемеҳриашон кинаҷӯй.
Табъи батон аз лаби дарё гирифт, Рои сафар дар дилашон ҷо гирифт. Кард Кашаф нола, ки: Ай ҳамдамон, ваз алами фурқати ман беғамон! Хӯ ба карамҳои шумо кардаам, Қут зи ғамҳои шумо х(в)ардаам. Гар чи маро пушт чу санг аст сахт, Дорам аз ин бор диле лахт-лахт.
Ҳеч қасам нест ба ҷои шумо, Пушт ба кӯҳам зи вафои шумо. Не ба шумо қуввати ҳампоиям, Не зи шумо тоқати танҳоиям. Нек фурӯ монда ба кори худам, Пушт дуто гашта зи бори худам. Буд зи беша ба лаби обгир, Чӯбаке афтода чу як чӯбтир.
Як Бат аз он чӯб яке сар гирифт вон Бати дигар сари дигар гирифт. Бурд Кашаф низ ба он ҷо даҳон, Сахт ба дандон бигирифташ миён. Майли сафар кард ба майли батон, Мурғи ҳаво гашт туфайли батон. Чун сӯи хушкӣ сафар афтодашон, Бар сари ҷамъе гузар афтодашон.
Бонг баромад зи ҳама, к-ай шигифт, Як Кашаф инак ба ду бат гашта ҷифт. Бонг чу бишнид Кашаф лаб кушод, Гуфт, ки: ҳосид ба ҷаҳон кӯр бод. З-ӯ лаби худ буд кушодан ҳамон, З-авҷи ҳаво зер фитодан ҳамон. З-он дами беҳуда, ки ногоҳ зад, Бар худу бар давлати худ роҳ зад. Ҷомӣ, аз ин гуфтани беҳуда чанд? Зиракие варзу лаби худ бубанд. То ки дар ин доираи ҳавлнок, Аз сари афлок наяфтӣ ба хок!
_________________ 1. Шат - номи дарё. 2. Кашаф - сангпушт 3. Бат - мурғобӣ Дар ин ҳикояти тамсилӣ ду чиз таъкид мешавад: 1. Ёри мувофиқ, ки ҳар кас бояд дар интихоби ёру дӯстон ҳамаҷониба биандешад ва баъд дӯст интихоб бикунад. 2. Беш аз он, як сухан он тараф истад, ҳатто барои гуфтани сухани ноҷо ҳамин ки шахс агар ният намояд, он гоҳ пушаймонӣ ҳеҷ гоҳ суд надорад. Зеро Кашаф ҳанӯз ҳарфи аввали калимаро ногуфта, аз чӯби дӯстию ҳамбастагӣ ҷудо шуд. Таъкиди Ҷомӣ маҳз ба ҳамин ҷиҳат аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё