Зеҳн

Ғазали «Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Хоки кӯяшро пас аз куштан ба хунам гил кунед, Хонае созеду ҷонамро дар ӯ манзил кунед. Чун бирезад хуни ман ин бас дият, к-аз баъди қатл Гоҳ-гоҳе нисбати хунам ба он қотил кунед.

Ҳайф бошад хуни ман дар гарданаш, баҳри Худо, Пеш аз он дам, к-ӯ кашад ханҷар, маро бисмил кунед. Тан агар бемор шуд, бар сар маёредам табиб, Эй азизон, кори тан саҳл аст, фикри дил кунед! Ман надорам тоқати дидору ӯ тоби назар, Пеши рӯяш пардае, баҳри Худо, ҳоил1 кунед. Нест пеши аҳли дил дарде зи бедардӣ батар, Чанд тадбири давои дарди беҳосил кунед? Чанд дарди сар кашад Ҷомӣ зи гуфтугӯи ақл? Эй ҳарифон, бозаш аз як ҷуръа лояъқил2 кунед!

--------------------- 1. Ҳоил — парда. 2. Лояъқил — аз худ бехабар.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2