Ҳикояти «Ошиқи булҳавас».
Булҳавасе бар сари роҳе расид, Ҷилвакунон чордамоҳе1 расид. Ҳола шуда гирди қамар маъҷараш2, Хайма зада бар маҳу хур3 чодараш. Нағмасаро ҷунбиши халхоли4 ӯ, Нофакушо зулф зи дунболи ӯ. Наъра баровард, ки : «Эй худпараст! Пой макун тез, ки рафтам зи даст.
Аз ту ба фарёд шудам, ҳамнафас, Роҳи карам гиру ба фарёд рас!» Тозасанам чу шаафи5 ӯ бидид вон ҳама шӯру шағаби6 ӯ шунид, Чуя гули хандон зи дами ӯ шукуфт, Ғунчаи нӯшин шукуфониду гуфт: — «Хоҳари ман марасад инак зи пай! Беҳ зи чу ман сад сари як мӯи вай. Нест зи хубон сухан он ҷо, ки ӯст, Ман кияму сад чу ман он ҷо, ки ӯст!»...
Содадил он васваса чун гӯш кард, Қоидаи кор фаромӯш кард. Дар ғалат афтод зи гуфтори ӯ, Чашми вафо тофт зи дидори ӯ. Кард басе дар раҳу бераҳ нигоҳ, Дид раҳе дуру касе не ба роҳ. Бори дигар лаб ба сухан боз кард, Лобагарӣ пеши вай оғоз кард... Бонг зад он моҳ, ки: «Эй ҳарзагӯй! Беҳ, ки бигардонӣ аз ин ҳарза7 рӯй. Қиблаи мақсуд яке беш нест, Қосиди он қибла дурандеш нест...» Чанд кашидан зи дубинон газанд? Дидаи дил, Ҷомӣ, аз инон бубанд.
---------------------------- 1. Чордамоҳ - духтари чун моҳи шаби чордаҳ зебо. 2. Маъҷар – мӯй, мӯи бофта. 3. Хур – хуршед, офтоб. 4. Халхол - ҳалқаи тилло ва ё нуқра, ки занон барои зиннат ба пой мебанданд. 5. Шааф — шодӣ, мафтунӣ. 6. Шағаб — ғавғо. 7. Ҳарза – сухани беҳуда, гизофа.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё