Зеҳн

«Саломон ва Абсол»-и Ҷомӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Ишорат ба он ки мурод аз ин қисса сурати қисса нест, балки мақсуд аз он маънии дигар аст, ки баён карда хоҳад шуд.

Бошад андар сурати ҳар қиссае, Хӯрдабинонро зи маънӣ ҳиссае. Сурати ин қисса чун итмом ёфт, Боядат аз маънии он ком ёфт. Вазъи инро роҳдоне дигар аст, К-ӯ ба сирри кор роҳ овардааст.

3-он ғараз не қилу қоли мову туст, Балки кашфи сирри ҳоли мову туст. Кист аз шоҳу ҳаким ӯро мурод? вон Саломон чун зи шаҳ беҷуфт зод? Кист Абсол аз Саломон комёб? Чист кӯҳи оташу дарёи об?

Чист мулке к-он Саломонро расид? Чун вай аз Абсол домонро кашид? Кист Зӯҳра, к-охир аз вай дил рабуд? Занги Абсолаш зи оина зудуд. Шарҳи ӯро як ба як аз ман шунав, Пой то сар гӯш бошу ҳуш шав. Сонеъи бечун чу олам офарид, Ақли аввалро муқаддам офарид.

Даҳ бувад силки ақул эй хурдадон, вон даҳум бошад муассир дар ҷаҳон. Коргар чун ӯст дар гетӣ тамом, Ақли фаъолаш аз он карданд ном. Ӯст дар олам муфайзи хайру шар, Ӯст дар гетӣ кафили нафъу зар. Несташ пайванди ҷисмонии ҷисм, Ганҷи ӯ мустағнӣ омад з-ин тилисм.

Роҳи инсон зодаи таъсири ӯст, Нафси ҳайвон сухраи тадбири ӯст. Зери фармони ваянд инҳо ҳама, Ғарқи эҳсони ваянд инҳо ҳама. Ӯ шаҳи фармондеҳ асту дигарон, Зери фармони вай аз фармонбарон. Чун ба наъти шоҳӣ ӯ оростаст, Роҳдон аз шоҳ ӯро хостаст.

Бар ҷаҳон файзе, ки аз вай мерасад, Бар вай аз боло паёпай мерасад. Пеши доно роҳдони булаҷаб, Файзи болоро ҳаким омад лақаб. Роҳи покаш нафси гӯё гашта исм, 3-ода з-ин ақл аст бо пайванди ҷисм. Ҳаст бепайвандии ҷисмаш мурод, Он кӣ гуфт ин аз падар бе ҷуфт зод.

Зодае пас покдомон омадаст, Номи ӯ з-он рӯ Саломон омадаст. Кист Абсол ин тани шаҳватпараст, Зери аҳкоми табиат гашта паст. Тан ба ҷон зиндасту ҷон аз тан мудом, Гирад аз идроки маҳсусот ком. Ҳарду з-он рӯ ошиқи якдигаранд, Ҷуз ба ҳақ аз сӯҳбати ҳам нагзаранд.

Чист он дарё, ки дар вай будаанд, ваз висоли ҳам дар он осудаанд? Баҳри шаҳватҳои ҳайвонист он, Луҷҷаи лаззоти нафсонист он. Оламе дар мавҷи ӯ мустағрақанд, вандар истиғроқи ӯ дур аз ҳақанд. Чист он Абсоли дар сӯҳбат қариб, вон Саломон монд аз вай бенасиб?

Бошад он таъсири синни инҳитот, Тай шудан олоти шаҳватро бисот. Карда ҷо маҳбуби табъ андар канор, волати шаҳват фурӯ монда зи кор. Чист он майли Саломон сӯи шоҳ, вон ниҳодан рӯ ба тахти иззу ҷоҳ? Майли лаззатҳои ақлӣ кардан аст, Рӯ ба дорулмулки ақл овардан аст.

Чист он оташ—риёзатҳои сахт, То табиатро занад оташ ба рахт. Сӯхт з-он осор табъу ҷон бимонд, Доман аз шаҳвоти ҳайвонӣ фишонд. Лек чун умре ба оташ буд хӯй, Гаҳгаҳаш дарди фироқ омад ба рӯй. З-он ҳакимаш васфи ҳусни Зӯҳра гуфт, Кард ҷонашро ба меҳри Зӯҳра ҷуфт. То ба тадриҷ ӯ ба Зӯҳра орамид, ваз ғами Абсолу ишқи ӯ раҳид.

Чист он Зӯҳра камолоти баланд, К-аз висоли ӯ шавад ҷон арҷманд. 3-он ҷамоли ақл нуронӣ шавад, Подшоҳи мулки инсонӣ шавад. Бо ту гуфтам муҷмал ин асрорро, Мухтасар овардам ин гуфторро. Гар муфассал боядат фикре бикун, То ба тафсил ояд асрори куҳун. Ҳам бар ин иҷмолкорӣ ин хитоб, Хатм шуд воллоҳу аълам биссавоб.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2