Ғазали «Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад»-и Ҷомӣ.
Он маҳ ба ҷониби сафар оҳанг мекунад, Саҳрову шаҳр бар дили мо танг мекунад. Эй номабар, ба маҷлиси ӯ номи ман мабар, К-аз гуфтугӯи номи манаш нанг мекунад. Шарҳи камоли шавқ ҳамин бас, ки чашми ман Унвони ин саҳифа ба хун ранг мекунад.
Ошиқ фишонда ҷон ба раҳи каъбаи мурод, Зоҳид нишаста пурсиши фарсанг мекунад. Сад чанг мекашем ба уммеди як сафо, Чун мебарем номи сафо, ҷанг мекунад. Нашнидаӣ ба самъи қабул, арчӣ мӯҳтасиб Манъи самои бонги наю чанг мекунад. Ҷомӣ кунад ба сахтдилӣ ёрро итоб, Ҷоми тунук муҷодала1 бо санг мекунад.
------------------ 1. Муҷодала—низоъу ситеза.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё