Ғазали «Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад»-и Ҷомӣ.
Лилладҳ-ил-ҳамд, ки он маҳ зи сафар бозомад, Нурам аз омадани ӯ ба басар1 бозомад. Аз нами дидаи соҳибназарон сӯи чаман Лолаву сунбули ӯ тозаву тар бозомад.
Он ҷигаргӯша, ки чун ашк бирафт аз назарам, Хун шуд аз ғам ҷигарам, то ба назар бозомад. Бандам аз ҷон камари бандагии ӯ, ки ба лутф Баҳри хунрезии ман баста камар бозомад. Мулки дунё ҳама бигрифт аз он зулфи дароз, Дар паноҳи алами фатҳу зафар бозомад. Шуд чу парвона дил, аз сабру хирад сохта пар, Сӯи он шамъ, вале сӯхта пар бозомад. Ҷомӣ афтод ба зиндони ғам аз шавқи лабаш, Тӯтӣ, оре, ба қафас баҳри шакар бозомад.
----------------------- 1. Басар — чашм.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё