Зеҳн

«Лайли ва Маҷнун»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Дар баёни ҳоли Маҷнун, ки вай аз сурати маҷоз ба маънии ҳақиқат расида буд ва аз ҷоми сурат шароби маънӣ чашида

Хон, то набарӣ гумон, ки Маҷнун Бар ҳусни маҷоз буд мафтун. Дар аввал агарчи дошт майле Бо ҷуръакашӣ зи ҷоми Лайлӣ.

Андар охир, ки гашт аз он маст, Афганд зи даст ҷому бишкаст. Мастеш зи бода буд, на аз ҷом, Аз ҷом рамида шуд саранҷом.

Бишкуфт ба бӯстони розаш Гулҳои ҳақиқат аз маҷозаш. Чашма зи шикофи санг ҷӯшид, Дарё шуду сангро бипӯшид.

Лайлиталабии ӯ дар ин ҷӯш Бар шоҳиди ишқ буд рӯпӯш. 3-ин ном даҳон-ш пуршакар буд, Лекин мақсуд аз ӯ дигар буд.

Ошиқ, ки зи меҳри дӯст коҳад, Маҳ гӯяду рӯи дӯст хоҳад. Оранд, ки сӯфие сафокеш Бардошт ба хоб парда аз пеш,

Маҷнун бари вай шуд ошкоро, Бо ӯ на ба сурати мадоро, Гуфт: Эй шуда аз харобии ҳол Бар нақши маҷоз фитна сӣ сол, Чун кард аҷал набард бо ту, Маъшуқи азал чӣ кард бо ту?

Гуфто: Ба сарои қурбатам хонд, Бар садри сарири қурб биншонд. Гуфт: Эй ба бисоти ишқ густох Шармат н-омад, ки чун дар ин кох Хӯрдӣ май мо зи ҷоми Лайлӣ, Хондӣ моро ба номи Лайлӣ?

Бар ман чу дари хитоб бикшуд, Бо ман ҷуз аз ин итоб нанмуд. Ҷомӣ, бинигар, к-аз офариниш Ҳар зарра ба чашми аҳли биниш Аз хумми азал хуҷиста ҷомест, Гирдогирдаш навишта номест.

Он ҷом чӣ ҷом? Ҷоми боқӣ вон ном чӣ ном?

— Номи соқӣ. Аз ҷом ба бода гир ором, ваз ном нигар ба соҳиби ном. Дар соҳиби ном кун нишон гум, Дар ҳастии вай шав аз ҷаҳон гум.

То боз раҳӣ зи ҳастии хеш, ваз зулмати худпарастии хеш. Ҷое бирасӣ, к-аз он гузар нест, Ҷуз бехабарӣ аз он хабар нест. Бо ту зи ҷаҳони бенишонӣ Гуфтем нишон, дигар ту донӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2